logo

қарорҳои ҳукумат

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 ноябри cоли 2009, № 626, шаҳри Душанбе Дар бораи манъ намудани фурӯши лампаҳои барқии тафсон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2009,  № 653 «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» ва бо мақсади самаранок ва сарфакорона истифода бурдани энергияи барқ  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон қарор   мекунад:
1) Фурӯши лампаҳои барқии тафсон, ки воридоти онҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2009,  №492 «Оид ба баъзе чораҳои истифодаи самараноки энергияи барқ» манъ гардидааст, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шавад.
2) Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе,  шаҳру ноҳияҳо дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ иҷрои банди 1 қарори мазкурро таъмин намоянд. 
3) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи дақиқи лампаҳои барқии тафсонро, ки воридот ва фурӯши онҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ карда шудааст, дар воситаҳои ахбори омма интишор намояд.

 Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ РАҲМОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 817

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед