logo

иқтисод

ПАРАНДАПАРВАРӢ. СОҲАИ РӮ БА РУШД

Парандапарварӣ аз соҳаҳои муҳиму заҳматталаби кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат, аз ҷумла тухм ва гӯшти парҳезӣ, нақши калидӣ дорад.
Шароиту имтиёзҳои фароҳамовардаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз ҷумла дастгирии ҳамаҷониба, аз андоз,  аз  арзиши  иловашуда  ва пардохтҳои гумрукӣ озод намудани соҳибкорону тоҷирон ҳангоми воридоти технология, таҷҳизот ва маводи дигар, инчунин, роҳандозӣ кардани тадбирҳои дигари ҳавасмандгардонӣ майли соҳибкоронро ба ин соҳаи муҳим бештар гардонда, ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Тадбирҳои саривақтӣ имкон фароҳам оварданд, ки шумораи корхонаҳои парандапарварӣ афзоиш ёфта, саршумори паранда ва ҳаҷми истеҳсоли гӯшту тухм ба маротиб зиёд гардад. Ҳоло, мувофиқи маълумоти оморӣ, шумораи корхонаҳои парандапарварӣ ба 94 адад расидааст. Танҳо тайи ҳашт моҳи соли равон 19 корхонаи нав ба фаъолият пардохт. Саршумори паранда дар 6 моҳи соли ҷорӣ ба 5 миллиону 608 ҳазору 387 сар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 48 дарсад зиёд аст. Дар шаш моҳ, истеҳсоли тухм 164,8 миллион дона (дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта - 142,5 дарсад) ва гӯшти паранда  8235,9 сентнер (176,8 дарсад) - ро ташкил дод.
Имрӯз корхонаҳои ватанӣ бозорҳои кишварро бо маҳсулоти хушсифати аз ҷиҳати экологӣ тоза  таъмин намуда истодаанд. Ин имкон фароҳам овард, ки воридоти тухми пастсифат бамаротиб коҳиш ёбад. Аз хориҷи кишвар дар ин давра ба бозори истеъмолии кишвар 21,8 миллион дона тухм ворид шудааст, дар ҳоле ки давоми 6 моҳи соли қаблӣ 69,7 миллион дона тухм ворид гардида буд.
Тибқи  иттилои Машокир Назаров, сардори КВД  «Саноати парандапарварӣ», айни ҳол дар вилоятҳои Суғд 59, Хатлон ҳамагӣ  5 корхона ва як кооперативи  истеҳсолӣ ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 17 корхонаю хоҷагиҳои хусусии парандапарварӣ фаъолият доранд.
Бо мақсади  парвариш  ва қабули чӯҷаи мурғи гӯштӣ дар ҶДММ «Баҳори пурфайз» - и шаҳри  Ваҳдат сехи забҳи паранда ва сардхона ба кор даромад. Дар ин ҷо тайи шаш моҳ 790 сентнер гӯшт истеҳсол гардид. Айни ҳол таъмири асосии 7 сехи валангор идома дорад. Дар ҶСК «Парандапарварии  Шаҳринав» 10 ҳазор сар чӯҷаи мурғи тухмдеҳ ворид намуданд. Корхона ба миқдори 300 ҳазор тухми инкубатсионӣ истеҳсол карда, 150 ҳазор чӯҷаи якрӯзаи  мурғони тухмдеҳро ба фурӯш баровард.
ҶДММ «Тарз» - и шаҳри Ваҳдат бо таҷҳизоти ҳозиразамони истеҳсоли Туркия муҷаҳҳаз гардонда шуд. Дар корхонаи мазкур паранда бо истифодаи технологияи нави муосир нигоҳубин карда мешавад. Риояи дурусти парвариш  имкон дод, ки дар ин корхона саршумори умумии паранда ба 189292 сар, истеҳсоли тухм ба 13258540 дона расонда шавад. Бо мақсади фаъолияти пурсамари корхона  аз Русия чӯҷаҳои хушзот, аз Полша таҷҳизоти ҳозиразамон, ки дар як соат 10 тонна ва дар як шабонарӯз 200 тонна хӯроки омехтаи паранда тайёр менамояд, оварда шуд. Айни ҳол коргоҳи хӯроктайёркунӣ  ба кор шурӯъ карда, корхонаро бо хӯрока таъмин намуда истодааст.
Қобили зикр аст, ки корхонаи аз фаъолият бозмондаи  «Мурғи  Ҳилол» ҳоло бо номи «Ганҷи Ҳилол» бо саршумори 235821 сар  паранда аз нав ба фаъолият шурӯъ кард. Роҳбарияти корхона тасмим гирифтааст, ки дар оянда саршуморро ба 500 ҳазор сар  расонда, шуҳрати пешинаи корхонаро боз барқарор намояд. 
Корхонаҳои истеҳсолии «Раҳмонҷон» - и ноҳияи Данғара, «Шайхи Холмаҳмад», «Душанбе» - и ноҳияи Рӯдакӣ  ва  «Парандапарварии  Хуҷанд» - и  ноҳияи Бобоҷон  Ғафуров имрӯз  ба кабк  ва бедонапарварӣ машғуланд. Айни ҳол дар ин корхонаҳо зиёда аз 30000 сар бедона парвариш ёфта истодааст.
Ба таъкиди мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, барои истеҳсоли маҳсулоти ба стандартҳо ҷавобгӯй дар соҳаи парандапарварӣ таъминот бо хӯроки серғизо ва истифодаи тавсияи олимон нақши муҳим дорад. Дар робита ба ин КВД «Саноати парандапарварии Тоҷикистон» бо Академияи илмҳои кишоварзии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ҳамкории густурдаро ба роҳ монда истодааст.
Барои таҳким бахшидан ба рушди соҳа бо корхонаҳои парандапарварии Русия, Украина, Беларус, Олмон, Чин, Туркия, Қазоқистон, Полша, Покистон ва Аргентина ҳамкориҳо ба роҳ монда мешаванд. Мутахассисон ва кормандони соҳа дар семинар - машваратҳои байналмилалӣ ширкат варзида, таҷрибаи истифодаи таҷҳизоти навро меомӯзанд. Дар заминаи ин ҳамкориҳо дар нимсолаи аввали соли равон аз хориҷи кишвар зиёда аз 840 ҳазор дона тухми нутфадор, 712,5 ҳазор сар чӯҷаи якрӯза, 22345,7 тонна хӯроки паранда ва 92 тонна таҷҳизот барои нигоҳдорӣ ва парвариши паранда ворид гардидааст.
Ҳоло бо мақсади  рушди  минбаъдаи  соҳа барномаи нави «Рушди соҳаи парандапарварӣ барои  солҳои  2018 – 2022»  таҳия шуда истодааст.
Мутаассифона, дар қатори дастовардҳо камбудию мушкилиҳое ҷой доранд, ки ба пешрафти соҳа халал мерасонанд. Корхонаҳои истеҳсоли хӯроки омехтаю серғизо талаботи корхонаҳои парандапарвариро ҳанӯз пурра қонеъ намуда наметавонанд ва соҳибкорон маҷбуранд онро бо нархи гарон аз хориҷа ворид созанд.
Воридоти чӯҷаҳои хушзот низ барои парандапарварон гарон меафтад, зеро такрористеҳсолкунӣ хуб ба роҳ монда нашудааст. Ҳамчунин, на ҳамаи корхонаҳои соҳа бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳазанд.
Ҳарчанд имкониятҳои рушди парандапарварӣ дар Хатлон - калонтарин вилояти ғаллакори мамлакат хеле зиёданд, мутаассифона, дар ин ҷо истеҳсоли маҳсулоти паранда назар ба минтақаҳои дигари мамлакат кам аст. Дар вилоят ҳамагӣ 6 корхонаи парандапарварӣ  фаъолият дорад, ки дар муқоиса бо вилояти Суғд қариб даҳ баробар кам аст.
Умед аст, ки парандапарварони мамлакат аз таҷрибаи ғанӣ ва дастовардҳои илми муосир истифода намуда, рушди босуботу босуръати соҳаро таъмин месозанд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.10.2018    №: 192    Мутолиа карданд: 372

22.10.2019


Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҳамкориҳои Чин – Осиёи Марказӣ

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳейти Мяемеэс

Тоҷикистон дар раддабандии «AFAR» ҷойи аввалро гирифт

Дар Исфара машварати омӯзишӣ баргузор мешавад

9 ноябр - бозии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистону Малайзия

Амалиёти Туркия дар Сурия боиси тарки манзил кардани 70 ҳазор кӯдак шуд

Дар Қазоқистон ба собиқ Президент Назарбоев ваколатҳои бештар доданд

ВКХ Туркия: «Мо амалиётро идома медиҳем, агар террористон нараванд»

Омодашавии ИМА барои аз Афғонистон пурра баровардани артиш

Громов: «Имтиёзҳои андозбандиву гумрукӣ метавонанд “Газпром”- ро ба Тоҷикистон ҳавасманд кунанд

Ҷаҳон дар як сатр

21.10.2019


Баррасии рушди ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Россия

Вохӯрии Давлаталӣ Саид бо Шэн Юэюэ

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Ҷонсон аз Иттиҳоди Аврупо то январи соли 2020 мавқуф гузоштани Брекситро хоҳиш намуд

Трамп умед дорад, ки ба қарибӣ бо Чин шартномаи тиҷоратӣ мебандад

Кандашавии сарбанд дар қарибии Красноярск боиси марги 15 нафар гашт

ИМА аз Афғонистон 5 ҳазор низомиашро мебарорад

Володин: «Россия ба кормандон аз Тоҷикистон ниёз дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед