logo

Хабарҳо

МАСТЧОҲ. Як нишасти муҳим

Дар қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ таҳти унвони “Суботи сиёсӣ ва оромии ҷомеа - омили асосии пешрафти давлат ва кафили зиндагии шоиста” бо ҷалби олимону донишмандон, фаъолони ҷомеи шаҳрвандӣ, омӯзгорон ва  донишҷӯён конфронси илмӣ - амалӣ баргузор гардид.
Раиси ноҳия Ғайрат Азиззода зимни суханронӣ иброз дошт, ки асоси пешравию тараққиёт ва зиндагии шоистаи мардум аз таъмини суботи сиёсӣ ва ваҳдату оромӣ вобастагии амиқ дорад. Тавре вобаста ба мафҳум, мазмуни суботи сиёсӣ ва аҳамияти ҳаётии он дар сарнавишти давлату миллат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, хусусан, барои мардуми шарифи тоҷик мафҳуми бисёр азиз буда, сокинони кишвари мо ба қадру манзалати ин неъмати ҳаётбахш бештар мерасанд. Зеро халқи Тоҷикистон бар асари даргириҳои сиёсии солҳои 90 - уми асри гузашта ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба зарбаи ҷонкоҳе гирифтор шуд, ки даҳшати онро ягон фарди солимфикри ҷомеаи мо ҳаргиз фаромӯш намекунад”.
Зикр гашт, ки нақши тақдирсози суботи сиёсӣ дар беҳбудии ҳаёту рӯзгори мардуми ноҳия ва рушди иҷтимоию иқтисодии он хеле барҷаста мебошад. Маҳз бо шарофати суботи сиёсӣ имкон фароҳам гардид, ки бо ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо корхонаҳои  саноатӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ, сехҳои истеҳсолӣ, мактабҳои замонавӣ ва дигар иншооти муосир сохта ба истифода дода шаванд. Танҳо дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни 27 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки раиси вилоят дар ноҳияи Мастчоҳ 4 муассисаи таълимӣ, 1 маркази саломатӣ ва 1 маркази хизматрасонӣ, дар маҷмӯъ 33 иншоот ба истифода дода шуд, ки арзиши умумии онҳо 14 миллиону 700 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Муродулло ПОЧОЗОДА, 
ноҳияи Мастчоҳ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 406

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед