logo

сиёсат

ТЕРРОРИ САЙЁҲОНИ ХОРИҶӢ КОРИ ДАСТИ ТТЭ ҲНИ БУД

Роҳбарону фаъолони фирории ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ, ки айни ҳол аз ҷавобгарӣ дар назди қонун гурехта, дар Аврупо паноҳ бурдаанд, ба ҳар роҳ мекӯшанд худро аз қабзаи террорист будан раҳонанд ва нишон диҳанд, ки гӯё ҷинояте содир накардаанд. Онҳо мехоҳанд ТТЭ ҲНИ - ро ҳамчун ҳизби сиёсӣ ва худро ҷабрдида вонамуд кунанд, то аз дастгирии молиявию маънавии созмонҳои аврупоӣ ва сарпарастони хориҷиашон бархӯрдор бошанд.
Ҳамин аст, ки онҳо ҳамеша худро ҷабрдида ва ҳуқуқҳояшонро  поймолшудаву ташкилоти террористии худро созмони  оромишписанд ба намоиш мегузоранд. Аммо воқеият ин аст, ки ин созмон ҳамеша аз бунёд хушунатгаро ва ифротию террористӣ буду ҳаст. Аъмоли солҳои 90-уми асри гузашта дар кишвар анҷомдодаи онҳо, аз ҷумла барҳам додани сохти конститутсионӣ, таблиғи идеологияи бегона дар байни аҳолӣ ва аланга додани ҷанги шаҳрвандӣ гуфтаҳои болоро сад дарсад исбот мекунанд.
Пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ низ, сарварони ТТЭ ҲНИ  аз ғояҳои бунёдии худ, яъне бо роҳи зуроварӣ ғасби ҳокимият ва бунёди сохти теократӣ даст накашиданд. Онҳо ҳарчанд худро таҳаммулпазир вонамуд мекунанд ва ҷор мезананд, ки гӯё танҳо бо роҳи демократӣ фаъолият мекарда бошанд, аммо ин ҳама фиребу найранг аст.
Дар давоми солҳо ҳарчанд аз ҷониби наҳзатиҳо ҷиноятҳою террорҳо содир мегардиданд, лекин роҳбарони ТТЭ ҲНИ ҳамеша иддао пеш меоварданд, ки ин гурӯҳҳои ҷинояткор ба онҳо ҳеҷ рабте надоранд. Ва агар силсилаи ҳодисаҳои аз соли 1997 то ба имрӯзро мавриди таҳлил қарор бидиҳем, метавон ба чунин натиҷа расид, ки роҳбарияти ТТЭ ҲНИ пас аз истиқрори сулҳ чунин методеро пеш гирифта буд, ки гурӯҳе дар фаъолияти расмии ин ҳизб худро оромишписанд бо қиёфаи мудерн ва гӯё аз роҳи муборизоти демократӣ расидан ба ҳадафҳояшонро думболагирӣ мекарданд. Вале, гурӯҳи дигар, ки дар зоҳир худро дигар ба ин ҳизб марбут намедонистанд, аз роҳи қатлу ғоратгарӣ тарс додани мардум, ба аъмоли зиддиинсонию террористӣ машғул буданд. Агарчӣ ҳадс зада мешавад, ки ҳардуи ин гурӯҳ як ҳадаф доштанд ва аз як маркази тасмимгиранда идора мешуданд, вале дар зоҳир ба хотири гул задани мардум худро аз якдигар ҷудо ба намоиш мегузоштанд.
Ҳамин шеваро дар воқеоти сентябри соли 2015 роҳбарияти ин ташкилот дар шахсияти М. Кабирӣ идома дод. Агарчӣ аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷурму ҷиноятҳои террористии роҳбарияти ин ҳизб собит шуда бошаду ин тарҳ бевосита аз тарафи худи ӯ ва марказҳои тасмимгирандааш таҳия шуда бошад ҳам, вале худро дар ин моҷаро билкул орӣ аз гуноҳ меҳисобад. Чун пешакӣ медонист, ки кудатои низомӣ метавонад ду тараф дошта бошад, ё пирӯз шавад ва ё шикаст хӯрад. Ҳамин буд, ки ин шахси маккори шайёд чор моҳ қабл аз кудатои низомӣ худро аз кишвар берун бурд, то дар ниҳояти кор дар ҳолати ба шикаст дучор шудани он худро аз муҷримӣ раҳоӣ бахшида, дар Аврупо роҳат ҳамчун паноҳандаи сиёсӣ зиндагӣ кунад.
Азбаски бунёдан ин ҳизб афкори террористиву зиддиинсониро ҳадаф қарор додааст, ҳамеша ин ғояи меҳварии  худро  думболагирӣ мекунад. Ҳудуди ду моҳ  қабл  барои бесаранҷом кардани кишвар ва зарба задан ба ҳадафҳои давлати Тоҷикистон, ки соли 2018 - ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон дошта буд, дастпарварони ин ҳизби террористӣ ба сайёҳони хориҷӣ, ки ҳама аврупоию амрикоӣ буданд, ҳамлавар шуданд ва чор куштаро ба ҷой гузоштанд. Неруҳои интизомӣ дар як муддати кӯтоҳ омилони ин ҷиноятро дастгир намуданд ва собит карданд, ки онҳо мансуб ба ТТЭ ҲНИ ҳастанд ва ин дастурро аз сарони ин созмон гирифтаанд. Ва дар ҳамин ҳодиса ҳам ТТЭ ҲНИ аз ҳамон шевае истифода менамояд, ки бояд амалҳои анҷомдодаи террористӣ марбут ба гурӯҳҳои дигар, аз ҷумла ба “Давлати исломӣ” нисбат дода шаванд. Сабаби асосӣ он аст, ки чун сарони ин ҳизб дар Аврупо худро мусичаи бегуноҳ нишон дода, назди созмонҳои ҳуқуқи башар даъвои адолату мардумсолорӣ дошта, намехостанд расман ин ҷиноят ё амали террористиро бо номи худ эътироф кунанд.
Аммо тамоми санаду далелҳо имрӯз исбот кардаанд, ки амали террористии 29 июл нисбат ба сайёҳони хориҷӣ содиргардида, кори дасти наҳзатиҳост, на каси дигар. Худи иҷрокунандагони ин амали нангин иқрор гардидаанд, ки ин ҷинояти даҳшатнокро бо супориши роҳбарияти ТТЭ ҲНИ анҷом  додаанд. Дигар ягон ҷойи  шубҳа нест, ки фаъолони ин ташкилоти террористӣ бо вуҷуди ҳама макру найрангҳо ва дурӯғпароканиҳо то ҳанӯз аз роҳи террору ҷинояткорӣ бар нагаштаанд.  Дигар тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми кишвар медонанд, ки ТТЭ ҲНИ созмони террористиест, ки аз сӯи доираҳои бадхоҳи хориҷӣ идора мегардад ва бо мақсади татбиқи манфиатҳои ғаразноки онҳо чунин амалҳои ҷинояткоронаи разилонаро содир менамояд.
Эҳсони ИЛҲОМ 

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.10.2018    №: 193    Мутолиа карданд: 332
19.03.2020


МАСТЧОҲ. НАМОИШИ ТЕХНИКАИ КИШОВАРЗӢ

18.03.2020


КОРШИНОСОН ГУРӮҲИ АЗ КОРОНАВИРУС ОСЕБПАЗИРИ ХУНРО МУАЙЯН НАМУДАНД

БА ӮЗБЕКИСТОН ТАБИБОНИ ЧИНӢ МЕОЯНД

МИШУСТИН ВАЗЪИЯТИ КОРОНАВИРУСРО БО ҲАМТОЁНАШ АЗ ИДМ БАРРАСӢ НАМУД

ЁРИИ БОР БА ТОҶИКИСТОН БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID-19

Ҷаҳон дар як сатр

МАШЪАЛИ ОЛИМПӢ. 20 МАРТ БА ТОКИО МЕРАСАД

17.03.2020


ОЗМУНИ "НАРОДНАЯ ГАЗЕТА" ҶАМЪБАСТ ШУД

МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА НАВРӮЗ

ШИФО ЁФТАНИ БЕШ АЗ 85 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ДАР ЧИН

МИШУСТИН: «РОССИЯ БАРОИ СУБОТИ ИҚТИСОДӢ ЗАХИРАИ КОФӢ ДОРАД»

ДАР НУР - СУЛТОН ПАРАД БА ИФТИХОРИ 75 - СОЛАГИИ ҒАЛАБА МАНЪ ШУД

МАҚОМОТИ ВИЖАИ ҚАЗОҚИСТОН АМАЛИЁТИ ТЕРРОРИСТИРО ПЕШГИРӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

13.03.2020


ВАРЗОБ. САФИ ЗАНОНИ КАСБОМӮЗ РӮ БА АФЗУДАН ДОРАД

АЗ БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТИИ УХАН ОХИРИН БЕМОРРО ҶАВОБ ДОДАНД

ДАР ТОҶИКИСТОН ШАҲРВАНДОНИ ШАШ КИШВАРИ ҶАҲОН ДАР КАРАНТИН МЕБОШАНД

СУТ ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУСИ COVID-19-РО ЭЪЛОМ ДОШТ

СҲШ МАСОИЛИ ВОКУНИШИ ФАВРӢ БА ХУРӮҶИ БЕМОРИҲОРО БАРРАСӢ МЕКУНАД

ДАР МИНСК ҶОНИБҲОИ ДАРГИР БОРИ НАХУСТ ПРОТОКОЛИ ИНТИҲОИРО БА ТАСВИБ РАСОНДАНД

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ КФО – 2020. ПИРӮЗИИ «ИСТИҚЛОЛ» БАР «ХУҶАНД»

11.03.2020


 НАҚШАИ ВОКУНИШ БА ҲОЛАТИ ФАВҚУЛОДА ДАР РОБИТА БА COVID – 19 ТАҲИЯ МЕШАВАД

ДАР МАЙДОНИ «ДӮСТӢ» ТАБАҚИ СУМАНАК ҚОМАТ АФРОХТ

ОЗМОИШГОҲИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ СОҲИБИ ТАҶҲИЗОТИ НАВИ ТЕХНОЛОГӢ ГАРДИД

 ХАТЛОН. Тантанаи ҷашни миллӣ вусъат меёбад

 ХУҶАНД. Як навиди фарҳангӣ

 СИ ҶИНПИН БА ШАҲРИ УХАН ОМАД

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ДАР СОЛИ 2024 ДАР РАҚОБАТ ХОҲАД ГУЗАШТ

 ТИҶОРАТИ ТУРИЗМИ ИТТИҲОДИ АВРУПО АЗ КОҲИШИ САЙЁҲОНИ ЧИНӢ €1 МИЛЛИАРД ЗАРАР ДИД

 СЕ БУҲРОНИ БОЗОРИ НАФТИ ҶАҲОНӢ ДАР 20 СОЛИ ОХИР

 РУСЛАН ТУЛЕНОВ БО «ХУНИ ПАНДА» БА ЁРИИ ЧИНИҲОИ МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС МЕОЯД

 ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

 ВОЛЕЙБОЛ. "ҶОМИ ПОЙТАХТ" МИЁНИ БОНУВОН БА АНҶОМ РАСИД

 БОКС. МУҲАММАДХӮҶА ҲАНӮЗ ШИКАСТНОПАЗИР АСТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед