logo

сиёсат

ЧАРОҒИ ДӮСТӢ ФУРӮЗОН БОД!

Осмони сулҳу салоҳи кишварҳои ба ҳам дӯсту ҳамсоя – Тоҷикистону Ӯзбекистон солҳо боз тираву торик буд. Роҳбарони ду кишвар Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев чароғи дӯстиро аз нав фурӯзон карда, тирагии осмонро аз байн бурданд.
Тоҷикистон чун кишвари озоду мустақил ва дорои сиёсати дарҳои кушод бо бештари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муносибатҳои ҳасанаи худро рӯз аз рӯз тақвият ва таҳким бахшида истодааст. Мардуми шарифи ҳар ду кишвар фарҳанги ҳамзистиро воло дониста, бузургони ҳамдигарро муҳтарам мешуморанд.
Ӯзбекистон истиқлолияти худро санаи 1 сентябри соли 1991 эълон кард ва муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 22 октябри соли 1992 барқарор гардид ва соли 1995 дар шаҳри Тошканд Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият пардохт.
Аз соли 1992 то имрӯз байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 111 созишнома ва аҳднома дар сатҳҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байнисоҳавӣ ба имзо расидаанд.
Аҳдномаи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ миёни ҳар ду кишвар яке аз санадҳои асосиест, ки дар сатҳи роҳбарони ду кишвар  4 январи соли 1993 ба имзо расидааст. Баҳори соли 2018 баъди сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ин санади пурқимат дубора мавриди таваҷҷуҳ ва баррасии роҳбарони ҳар ду кишвар қарор гирифт.
Ҳангоми ташрифи расмии  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати   миллӣ  –  Пешвои   миллат,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон пояҳои дӯстиву ҳамкории ду давлат боз ҳам таҳким ёфта, онҳо шарикони стратегӣ гаштанд.
Таърих бори дигар собит намуд, ки дар як обу хок ба сар бурда, ҷудо зистан ғайриимкон аст. Мо инро аз чашмони шарарбор, оғӯшҳои боз ва ашкҳои шодии халқҳои тоҷику ӯзбек дидему хондем.
Тоҷикистону Ӯзбекистон минбаъд фарҳангу адабиёти ҳамдигарро бештар омӯхта, метавонанд таҷрибаҳои якдигарро дар бахшҳои сиёсат, сарҳад, сайёҳӣ ва дип-ломатия истифода баранд.
Мирсаид РАҲМОНОВ, ходими илмии Институти
омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои АИ ҶТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.10.2018    №: 193    Мутолиа карданд: 324

28.01.2020


Иқтидори энергетикии кишвар рӯ ба афзоиш дорад

Азнавбақайдгирӣ. Ҷараёни иҷро нигаронкунанда боқӣ мемонад

Тоҷикистону Эрон. Ҳамкориҳои гумрукӣ таҳким меёбанд

Ноҳияи Рӯдакӣ. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

СММ ИМА ва Россияро ба тамдиди созишномаи ССҲ-3 даъват намуд

Аксарияти нафароне, ки мубталои коронавирус шуданд, аз 60 - сола боло мебошанд

Дар Қазоқистон бо офияти занҳое машғул мешаванд, ки аз Сурия баргаштанд

Ҳамлаи малах ба Африқои Ҷанубӣ боиси нигаронии сахти СММ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

27.01.2020


«ҶОМИ РУШД - 2020». Наврасони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра гаштанд

Заминларзаи сахт дар Туркия ва ҳалокати 38 нафар

Зеленский аҳамияти музокироти бевосита бо Путинро таъкид дошт

Гуфтушуниди Лукашенко дар бораи хариди нафт бо ИМА, АМА ва Арабистони Саудӣ

Дар ИМА музокироти тиҷоратӣ бо Британияро дар як сол анҷом доданианд

Ҷаҳон дар як сатр

26.01.2020


Тасдиқи рамзи "30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Тасдиқи рамзи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019 - 2021

Ноҳияи Дӯстӣ. Қонуншиканиҳо коҳиш меёбанд

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ

Файзобод. Рӯ ба рушд

ОЗМУНИ ЧИНИИ "ОВОЗИ ТИЛЛОӢ". Ғолибон муайян шуданд

"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон дар финал

Дар Чин усули табобати коронавирусро пайдо намуданд

Путин вохӯрии панҷ аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ - ро пешниҳод намуд

Макрон пешниҳоди Путинро дар бораи вохӯрии кишварҳои аъзои доимии Шӯрои амният хуш пазируфт

Эътилоф амалиёти низомиро дар Ироқ боздошт

Меркел дар Давос бо сарони Ироқ ва Афғонистон вохӯрд

Ҷаҳон дар як сатр

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед