logo

Хабарҳо

Як мулоқоти муҳим

Дар сарраёсати хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон мулоқоти роҳбарони бахши тандурустии вилоят бо беш аз 20 нафар устоҳои халқии хатнагар сурат гирифт.

Тибқи иттилои маркази матбуоти сарраёсати хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоят, мақсад аз ташкили ин мулоқот иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки зимни суҳбат дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино баён доштанд.
Маҳмадҷон Абдулқодирзода, сардори сарраёсати хадамоти мазкур, гуфт, ки аз моҳи январи соли 2019 гузарондани хатна аз тарафи устоҳои халқӣ пурра манъ карда мешавад. Мақсад аз ин амал пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла гепатит ва бемории норасоии масунияти бадан, мебошад. Ҳангоми гузарондани хатна дар беморхонаҳо табибон имкон доранд чандин бемориҳоеро, ки аксаран пӯшида мемонанд ва ба саломатии писарбача таъсири манфӣ  мерасонанд, ошкор намоянд ва кӯдакро сари вақт ба табобат фаро гиранд. 
Устоҳои халқӣ низ изҳор доштанд, ки бо дастгирӣ аз сиёсати Сарвари давлат ва ба хотири солимии аҳолӣ минбаъд фаъолияти худро қатъ намуда, ҳамчунин, дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд.
Мутахассисони соҳа дар ҷамъбасти мулоқот ба устоҳои халқӣ ба хотири омодагӣ дар самти бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ сипосгузорӣ намуданд. Тавре таъкид гардид, мардум бояд бидонад, ки ҳоло дар тамоми беморхонаҳо ҳуҷраҳои махсуси хатна ташкил карда шудаанд ва ин хизматрасонӣ барои писарбачаҳои то 22 - рӯза ройгон аст.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 125

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Футболбозони навраси тоҷик дар финал

04.10.2018


Анҷоми озмуни. “Маҳалла ва ташкилоти беҳтарин” дар Бохтар

КОНИБОДОМ. Деҳқонон ғолиби мусобиқа

Баргузории фестивали “Оши палов”

ТАНДУРУСТӢ. Назорат пурзӯр мешавад

Як мулоқоти муҳим


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед