logo

Хабарҳо

ТАНДУРУСТӢ. Назорат пурзӯр мешавад

Сарраёсати хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суханронӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ироа гаштанд, 18 сентябр гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, фаъолияти сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн ва ҳуҷраҳои дандонпизишкиро мавриди санҷиш қарор дод.

 
Чуноне аз сарраёсати мазкур хабар доданд, фаъолияти 29 сартарошхона, 20 кошонаи ҳусн ва 13 ҳуҷраи дандонпизишкии шаҳри Бохтар  мавриди санҷиш қарор гирифта, камбудиҳои зиёд, аз қабили ба талаботи санитарию эпидимиологӣ ҷавобгӯ набудан, риоя накардани ҳуҷҷатгузориҳои зарурӣ ва нигоҳ доштани маводи дорувории муҳлати истифодаашон гузашта ошкор гардид. Дар ин асос фаъолияти 18 сартарошхона, 7 кошонаи ҳусн ва 1 ҳуҷраи дандонпизишкӣ манъ карда шуд.
Инчунин, нисбат ба 5 нафар дандонпизишк барои риоя накардани қоидаҳои муомилот бо маводи доруворӣ парвандаи ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ тартиб ва аз афроди қонуншикан 10 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонда шуд.
Сарраёсати хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки ҳангоми истифодаи хизмати сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн ва ҳуҷраҳои дандонпизишкӣ аз маводи як дафъа истифодашаванда истифода баранд. Ҳамчунин, ба муҳлати маводи доруворӣ ва ороишию гигиенӣ диққат диҳанд.  Дар сурати пайдо шудани шубҳа ба сарраёсати хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон муроҷиат намоянд.
Маҳмуд ҶӮРАЕВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 280

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед