logo

сиёсат

МАҲАТМА ГАНДИ ВА ФАЛСАФАИ "МУБОРИЗА БИДУНИ ЗӮРОВАРӢ"

Ҳар як кишвар таъриху маданият ва шахсияту сарватҳои худро дорад. Аммо баъзе аз онҳо бо доштани   афроде шуҳрат ёфтаанд, ки таъриху фарҳанги миллати худро  ҳифзу густариш бахшиданд. Намунаи яке аз ин кишварҳо сарзамини  Ҳиндустон аст, ки дорои тамаддуну таърихи ғанӣ ва рангоранг буда, байни аҳли олам чун кишвари афсонавӣ шинохта шудааст.
Таърих гувоҳ аст, ки ин шахсиятҳо ва роҳбарон барои  бунёд ва ҳифзи миллатҳояшон талошҳо ва муборизаҳои пайдарпай  бурдаанд, ки халқ номи онҳоро дар  таърих ва ҷаридаи олам сабт кардааст. Яке аз чунин  номварони таърих дар сарзамин Ҳиндустон ҷаноби Маҳатма Ганди мебошад, ки дар ҷаҳони имрӯза шиор ва назарияи фалсафаи ӯ зери унвони "Мубориза бидуни зӯроварӣ" хело ба маврид ва арзишманд аст. Маҳатма Ганди 2 октябри соли 1869 дар маҳаллаи Порбандари шаҳраки соҳилии Ҳиндустон  ба дунё омад. Дар даврони  мактабхониаш  бо хонум Кастурбай Маханҷӣ оиладор мешавад. Ҳамин тавр дар синни 16-солагӣ соҳиби аввалин фарзанд мегардад ва ҳамзамон, соли 1885 падараш вафот мекунад. Соли 1887 мактабро хатм намуда, бо машварати хонавода барои таҳсил дар риштаи ҳуқуқ ба Лондон сафар мекунад. Дар он ҷо илми ҳуқуқро омӯхта, моҳи июни соли 1891 ба Ҳиндустон баргашт. Дертар тавассути як тоҷир чун ҳуқуқшинос ба Африқои Ҷанубӣ даъват мешавад ва дар онҷо 21 сол фаъолият мекунад. Маҳатма Ганди чун муборизи роҳи озодӣ аз соли 1893 то 1914 дар ҷазираҳои гарми Африқо барои истиқлолияти ватанаш ҷидду ҷаҳд кардааст.
Ҳамин тавр,  соли 1915  "Мубориза бидуни зуроварӣ" тавассути ин марди накӯном оғоз мегардад. Аз  соли 1920 то 1930 роҳбарии  Конгресси миллии Ҳиндро ба дӯш гирифта, барои озодихоҳии сарзамини худ мубориза мебарад ва дар натиҷа соли 1947 кишвари Ҳиндустон чун сарзамини мустақил эътироф  ва эълом мешавад.
Моҳи феврали соли 1944 ҳамсари Ганди  вафот мекунад ва муддате зиндонӣ шуда, аз бемории сил  ранҷ мебарад. Дар баъзе сарчашмаҳо зикр мешавад, ки моҳи январи соли 1948 ин абармарди таърих аз ҷониби афроди нохалаф мавриди ҳамла қарор гирифта, ба қатл мерасад.
Мавриди зикр аст, ки муносибатҳои Тоҷикистон бо Ҳиндустон аз 28 августи соли 1992  барқарор шуда, соли 1993 аввалин сафири он кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъйин гардид. Дертар соли 1994 Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ ёфт. Аввалин маротиба Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафорати худро дар Деҳлӣ соли 2003 ифтитоҳ намуд.
Айни замон муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустонро 50 ҳуҷҷати дуҷонибаи байнидавлатӣ ба танзим медарорад. Ҳамасола мутахассисони тоҷик аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон  барои баланд бардоштани савияи дониш ба курсҳои мухталиф дар чаҳорчӯбаи барномаи омӯзишии ҳамкориҳои иқтисодӣ (ITEC) ва Шӯрои муносибатҳои фарҳангии Ҳиндустон (ICCR) даъват мегарданд.
Мирсаид РАҲМОНОВ,
ходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.10.2018    №: 195    Мутолиа карданд: 451
26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед