logo

сиёсат

АЗ Ӯ ИФТИХОР ДОРЕМ!

Тӯли солҳои соҳибистиқлолии Ватани азизу маҳбуби мо бо саъю кӯшишҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллату Меҳан дар ҳамаи ҷабҳаҳои зиндагӣ ба дастовардҳои чашмрасу ояндасозе ноил гардид, ки шоёни тавсифу шукрона аст.

Дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ - рафтуо ба чор самти олам ва роҳандозии иқдомҳои калидӣ дар самти  таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ, ки аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумат маҳсуб меёбанд, аз самаранокии талошҳои хастанопазири Роҳбарияти Олии мамлакат шаҳодат медиҳанд.
Имрӯз хиради азалие, ки халқи тоҷик дошту дорад, маориф, илму фарҳанг ва худшиносиву худогоҳии миллӣ мавқеашро аз нав устувор сохта, инсонҳо тавассути технологияи муосир ба тамоми дунё иртиботи моҳворавиву электронӣ барқарор намудаанд.
Дар натиҷаи чунин заҳмату андешаҳои созанда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯи кор омад, ки барои рушду пешрафти сатҳи зиндагӣ, ҳифзу арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ ва, дар маҷмӯъ, барои баланд бардоштани  сатҳи иқтисодию иҷтимоии шаҳрвандон саҳми арзанда гузошта истодааст. Тӯли асрҳо хурофот ва хурофотпарастон барои пешрафти зиндагонии мардум монеа эҷод намуда, бе ягон асоси илмию динӣ, балки бо роҳи мағзшӯӣ намегузоштанд, ки андешаҳои дунявӣ авлавият дошта бошанд. Хушбахтона, дар пояи сиёсати дурусту саривақтӣ ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллат хурофотпарастӣ ҳамчун зуҳуроти номатлуб бо ҳамовозии худи мардум аз байн рафтан дорад.
Хизматҳои таърихию шоистаи Пешвои миллат дар самти пуштибонӣ аз дини мубини Ислом ҷойи зикри хос аст. Таҷлили 700 - солагии шоир ва донишманди  машҳури риштаи  илоҳиёт ва фалсафаи асри XIV - и милодӣ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, бузургдошти пешвои мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам ва мутафаккири бузурги ислом Имом Ғазолӣ, бунёди масҷиду макотиби исломӣ, суханрониҳои Пешвои миллат дар анҷуману ҳамоишҳои исломӣ ва мушарраф гаштанашон ба сафи панҷсад нафар мусалмоне, ки дар ҳифзи фарҳанги исломӣ саҳми бориз гузоштаанд, боиси ифтихори аҳли мардуми мусалмон ҳасту мемонад.
Тавре худи Пешвои муаззам таъкид мекунанд: «Фарҳанги исломии мо ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ бисёр ҷиҳатҳои арзишманд ва зиндагисоз дорад, ки истифодаи дурусту оқилонаи онҳо метавонад барои ҷомеаи адолатпарвар, ҳифзи таҳкими сулҳу амнияти умумӣ ва суботи сиёсии мамлакат хизмати арзанда намояд».
Дар ҳақиқат, имрӯз на танҳо барои мардон, балки барои хоҳарону модарони азизи мо низ ҷиҳати адои фаризаи ҳаҷ тамоми шароитҳои мусоид фароҳаманд, ки аз роҳандозии сиёсати оқилонаи Сарвари давлат дар ин самти муҳими иҷтимоӣ шаҳодат медиҳад.
Рӯзҳои таҷлили бузургдошти Имоми Аъзам яке аз олимони исломшинос аз минбари анҷуман иброз дошт, ки аҳли арабу аҷам покдории дини мубини Исломро бояд аз Эмомалӣ Раҳмон омӯзанд.
Дар ҳақиқат, Пешвои миллат дар сиёсат муваффақ, дар футуввату дониш  комёб, дар саховату ҳиммат пешгом ва дар тарбияи фарзанд комилу худодод мебошанд, ки ин боиси ифтихору сарфарозии ҳамаи мо - мардуми Тоҷи-кистони азиз ҳасту хоҳад буд.
Амиршоҳи ХАТЛОНӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.10.2018    №: 195    Мутолиа карданд: 458
26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед