logo

Хабарҳо

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Футболбозони навраси тоҷик дар финал

Футболбозони навраси тоҷик дар арафаи Иди забони давлатӣ армуғони таърихиеро ба мардуми шарифи кишвар эҳдо карданд. Бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ мунтахаби то 16 - солаи тоҷик ба финали Чемпионати Осиё роҳ ёфт. Онҳо дар бозии нимниҳоӣ тими Ҷумҳурии Кореяро (1:1, бо пеналти 7:6) шикаст доданд.
Бояд таъкид дошт, ки шогирдони Зайниддин Раҳимов аз дақиқаҳои аввал ба ҳуҷум гузаштанд ва он самараи дилхоҳ ба бор овард. Дар дақиқаи 2-юми бозӣ ба Озодбек Панҷиев муяссар шуд, ки аз партофти созгори ҳамдастааш хуб истифода карда, ҳисобро боз намояд. Аммо қабл аз анҷоми қисми якуми дидор дар дақиқаи 39 - ум футболбози дастаи Ҷумҳурии Корея Юн Сук Ҷу пас аз зарбаи кунҷӣ таносубро баробар намуд. Дар қисми дуюми рақобат бошад, ҳисоб тағйир наёфт.
Баъд аз анҷоми вақти асосӣ довари марказӣ силсилазарбаҳои 11 - метра таъйин намуд. Дар задани зарбаҳои 11 - метра футболбозони ҳар ду кишвар маҳорати воло нишон медоданд. Вале зарбаи ҳафтуми бозигари Корея  Сон Ҳо Ҷунро дарвозабони мо Муҳриддин Ҳасанов бо ҷаҳиши зебо баргардонд ва зарбаи бехатои Муҳаммадрасул Лутфуллоев Тоҷикистонро ба финали Чемпионати Осиё баровард.
Ин корнамоии футболбозони 16 - солаи тоҷик саҳифаи наверо дар таърихи футболи Меҳан боз кард. Акнун, мунтахаби Тоҷикистон 7 октябр барои дарёфти унвони чемпионӣ бо тими миллии Ҷопон, ки дар бозии дигари нимниҳоӣ Австралияро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод, қувваозмоӣ хоҳад кард. 
Тавре дар нишасти матбуотии баъд аз бозӣ сармураббӣ Зайниддин Раҳимов иброз дошт: "Мо ин ғалабаи таърихиро ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 5 октябр зодрӯз доранд, мебахшем.  Маҳз ғамхориҳо ва дастгириҳои Пешвои муаззами миллатанд, ки дар Тоҷикистон футбол беш аз пеш рушду равнақ меёбад". 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 69

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Футболбозони навраси тоҷик дар финал

04.10.2018


Анҷоми озмуни. “Маҳалла ва ташкилоти беҳтарин” дар Бохтар

КОНИБОДОМ. Деҳқонон ғолиби мусобиқа

Баргузории фестивали “Оши палов”

ТАНДУРУСТӢ. Назорат пурзӯр мешавад

Як мулоқоти муҳим


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед