logo

туризм

ЗОДБУМИ МУЪҶИЗАҲОИ ТАБИАТ

Лаҳзае, ки офтоб медурахшид, аз теғаи кӯҳҳои сар багардун кашидаи Бадахшон абрпораҳо мисли зартеғ назаррабоӣ дошта, хаёле қуллаҳоро мебӯсиданд. Аҷабо, дар гармои тобистон муъҷизаҳои атроф ба сад ранг ҷилва доштанд. Дар тангнои кӯҳсорон оби шаршараи нуқратоб аз фарози кӯҳи азиме поён, сарнишеб шуда, сар ба сангҳо зада, мисли ин ки шодону пойзанон суруд мехонд. Таронаи кӯҳӣ бо мусиқии нарму ширине пайваста, атрофро пур мекард. Дар тобистон чор фасли солро дидам, вале муъҷизаҳои табиат дар ин мулки афсонавӣ гӯё поён надошт. Ҳар қадар дарунтари Бадахшон мерафтам, ҳамон қадар шефтаю шайдои муъҷизаҳои табиату олами набототу ҳайвонот ва долу дарахтони кӯҳӣ, чашмаҳои зулоли он мегаштам. Аз тамошои дараю қуллаҳои ҳайратовараш сер намешудам.
Дар назди кӯҳ чашмам ба гурӯҳи сайёҳони дучархасавор бархӯрд, ки машғули тамошои манзараҳои дилфиреби атроф буданд. Банди суратгириву ба наворгирии ин муъҷизаҳо гашта, торафт ба сангҳайкалҳо наздиктар мегаштанд. Дидам, ки барҳақ, дар бағали кӯҳпорае ду сангҳайкали ба ҳам печида мисли ду маҳбубае бо ноз хуфтаанд. Ин манзараи хеле зебо аз нигоҳи сайёҳон низ пинҳон намондааст, ки онҳо гаштаю баргашта онро аксбардорӣ менамуданд.
Оре, Бадахшон - ин як пораи Тоҷикистон барҳақ, зодбуми муъҷизаҳои табиат, қиссаву ривоятҳои қадима ва диёри руъёҳо мебошад ва маҳз ҳар сол тобистон дар инҷо шумораи табиатдӯстону сайёҳон дучанд меафзояд. Дар ин фасл як гӯшаи Бадахшон баҳорро мемонаду гӯшаи дигар тобистонро ва қуллаҳои барфпӯши он фасли зимистонро ба ҷилва меоранд. Танҳо Боғи миллии Тоҷикистон дар мавзеъҳои Помиру Олой метавонад муаррифгари кишвари мо чун диёри сайёҳӣ дар ҷаҳон гардад. Ин боғ нодиртарин гӯшаи табиии дунё маҳсуб ёфта, ҳанӯз соли 2013 ба Феҳрасти ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шудааст.
Чунон ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, танҳо кӯли Сарез метавонад то ба абад мардуми Осиёи Марказиро бо оби ошомиданӣ таъмин намояд. Он дар баландии 3200 метр аз сатҳи баҳр қарор дошта,17 миллиард метри мукааб обро ҷамъ намудааст. Сарезро кулли олимони дунё муъҷизаи асрҳо ва “Нозанини хуфта” мегӯянд.
Имрӯзҳо ин кӯл ба яке аз тамошогоҳҳои асосии сайёҳони хориҷӣ табдил ёфтааст. Бешубҳа, маҳз дар Бадахшон имконияти васеи рушди сайёҳӣ мавҷуд мебошад. Охир, танҳо дар ин макон зиёда аз 140 чашмаю рӯдҳои зулол мавҷуд аст. Дар қатори Яшикӯл ва Рангкӯл муъҷизаи дигари инҷо Зоркӯл ва дар дунё беназир мебошад. Олами бойи набототу парандагони Зоркӯл таваҷҷуҳи сайёҳонро зуд ба худ ҷалб месозад. Дар ин мавзеъ бо номзади илмҳои биологӣ Абдуназар Абдуназаров вохӯрдам. Ба қавли ин муҳаққиқ Зоркӯл макони парандагони кӯчист ва дар гӯшаҳои он нодиртарин парандаи дунё - ғози ҳиндиро дидан мумкин аст.
Ба мушоҳида расид, ки бисёр сайёҳон барои тамошои пиряхҳо ба ин диёр сафар мекунанд. Вале дар Бадахшон, ки қариб саросар кӯҳсор аст, то ҳанӯз мактаби кӯҳнавардӣ таъсис наёфтааст, ҳол он ки дар ин ҷо барои ривоҷи кӯҳнавардӣ имкониятҳои васеъ мавҷуд мебошад. Мавриди таъкид аст, ки Бадахшон на танҳо макони муъҷизаҳои табиату наботот ва ҳайвоноти нодир, балки сарзамини эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, макони ёдгориҳои таърихӣ, мавҷудияти нишонаҳои ориёӣ, исломӣ, буддоӣ ва қалъаҳои бостонӣ маҳсуб мешавад.
Тобистони гузашта ман дар фестивали “Табиати ваҳшии Помир”, ки дар водии Вахони Ишкошим доир гардид, иштирок доштам. Моро дар ҳайати сайёҳони хориҷӣ ба тамошои дижи Қаҳқаҳа ва деҳаи қадимаи Намадгут бурданд. Қалъаи Қаҳқаҳа 675 метр дарозӣ дошта, аз пойдевори сангин, ки аз хишти хом сохта шудааст, иборат мебошад. Қалъаи кадима аз манора ва суфраю қуббаҳои биринҷӣ иборатанд, ки дар шуои офтоб ба сад ранг ҷилвагар мешаванд. Дар бораи ин қалъаи қадима миёни мардум нақлу ривоятҳо паҳн гардидааст. Масалан, қалъаи Кабудсор ба номи бонуи ҷанговаре номгузорӣ шудааст. Гӯё дижро гурӯҳи духтарон бо сарварии Кабудсор аз аҷнабиён ҳифз намудаанд.
Ҳангоми ҳафриёт аз ин макон олоти ҷангӣ ва дигар зару зевари занона ёфт шудааст, ки бозгӯи таърихи қадимаи он мебошад. Дар Намадгут дар қуллаи кӯҳ бабри барфӣ пайдо карданд. Ҳифзу нигоҳдории он дар қатори Марко-Поло муҳим ва зарур мебошад.
Дар ин ҷо тамошои Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии фарҳангшинос Одинамамади Мирзо ба кас як ҷаҳон таассурот мебахшад. Ба сайёҳон, хусусан дидани ҳунари зебои бонувони помирӣ, гулдӯзиҳои тоқӣ, саростин, гиребону куртаи бадахшонӣ, камарбанд хеле писанд омад.
Ҳамин тавр, ҳар сайёҳе, ки ба Бадахшон сафар менамояд, албатта, шефтаю шайдои ин гӯшаи овозадори Тоҷикистон мегардад. Ва то абад манзараҳои нотакрори он ва фусункориҳои диёри домани гардун аз хотирааш зудуда нахоҳад гардид.
Маҷид САЛИМ,  адиб, табиатшинос


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.10.2018    №: 196 -197    Мутолиа карданд: 219

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард

Қазоқистон 50 номгӯи маҳсулотро ба содирот баровард

Дабири кулли СММ: «Лағви шартномаи Париж «худкушист»

Голикова: «Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамагӣ 1,4 миллион нафар мондаанд»

Дар Қирғизистон домоди қотил 20 сол зиндонӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед