logo

Хабарҳо

Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

11 октябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати 10 - солагии таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва маъмурияти МОИ “Суғд” ҳамоиши байналмилалии «Суғд - 2018» баргузор мегардад.
Дар он муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ҳамчунин, маъмурони минтақаҳои озоди иқтисодии Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, намояндагони созмонҳои байналмилаливу ҷамъиятӣ, соҳибкорони ватанию хориҷӣ ширкат хоҳанд кард.
Боиси тазаккур аст, ки минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда шуданд. Барои ҳарчи муассиртар кардани нақши онҳо дар рушди иқтисоди миллӣ Сарвари давлат пайваста ба МОИ сафари корӣ анҷом дода, барои ривоҷи кор, ҷалби бештари сармоя, воридсозии технологияи навтарин, фаровонсозии бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат, афзуннамоии имкониятҳои содиротии кишвар дастуру супоришҳои судманд медиҳанд. Натиҷаҳои даҳ соли гузашта далели онанд, ки минтақаҳои озоди иқтисодӣ давраи ташаккулро муваффақона паси сар карда, ба марҳилаи рушд ворид шуданд.   
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш на танҳо бастани созишномаҳо бо шарикони нав аз хориҷи дуру наздик, ҳамчунин, таҳлили амиқи натиҷаҳои тӯли даҳ сол бадастомада ва баррасии роҳҳои рушди минбаъдаи минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ҷиҳати тавонбахшии иқтисоди миллӣ ва иқтидори содиротии он маҳсуб меёбад. Ғайр аз ин, дар манзари масоили баррасишаванда омӯзиши таҷрибаи пешқадами кишварҳои ҳамсоя аҳамияти муҳим касб менамояд.
Ёдовар мешавем, ки айни замон дар мамлакат чор минтақаи озодии иқтисодӣ - “Суғд”, “Данғара”, “Панҷ” ва “Ишкошим” фаъолият доранд.
Хуршеди ҶОВИД, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 234

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед