logo

иқтисод

ОБ. ТОҶИКИСТОН ПЕШОҲАНГИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ВОБАСТА БА ОН

«Кишвари мо, ҳарчанд дар саргаҳи ташаккулёбии захираҳои оби Осиёи Марказӣ аст, аз масъалаи глобалии танқисии оби тоза худро канор гирифта наметавонад».
Эмомалӣ РАҲМОН
Барои  ҳар  як  тоҷику  тоҷикистонӣ   боиси   ифтихор  ва   сарфарозист,  ки  тайи  даҳсолаҳои  охир, Тоҷикистон   бо   иқдомҳои   башардӯстонаи  Асосгузори  сулҳу    ваҳдати   миллӣ  - Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори  кишварҳои  ҷаҳон дар соҳаи об гаштааст. Бо назардошти афзоиши пайвастаи аҳолӣ, офатҳои табиӣ, норасоии об, бемориҳои сироятӣ, муноқишаҳои сиёсӣ, тағйирёбии иқлим ва ҳаводиси дигари ҷаҳонӣ Пешвои миллати тоҷикон дар соҳаи об пешниҳодҳои бисёр судманде намуданд, ки аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтаанд.
Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, истеъмоли оби тоза дар давоми 50 соли охир 3 баробар афзудааст. То соли 2050 аҳолии сайёра қариб ба 10 миллиард мерасад ва ҳамасола талабот ба оби тоза меафзояд. Дар ҳамин ҳол, то ҳанӯз дар ҷаҳон технологияи поксозанда  ва коркарди оби истифодашуда хеле кам аст. Агар чораҳои саривақтӣ андешида нашаванд, то соли 2030 аз оби тоза танқисӣ кашидани тақрибан 5 миллиард аҳолии сайёра имконпазир мегардад.
Норасоии об дар минтақаҳои биёбон ва нимбиёбони ҷаҳон ба муҳоҷирати босуръати аҳолӣ боис мегардад. Вазъи ногувори норасоии оби ошомиданӣ ҳатто метавонад сабабгори даргириҳо ва нооромиҳо дар байни давлатҳои сайёра гашта, дар ҷаҳони муосир майдони навбатии рақобати сиёсиро ба миён орад. Аз ин лиҳоз, тамоми кишварҳои ҷаҳонро мебояд барои ҳалли мушкилоти марбут ба об дастаҷамъона чораҳои муассири саривақтӣ андешанд.   
Сиёсати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон оид ба дипломатияи об, ҳифзи захираҳои обӣ ва истифодаи оқилонаю сарфакоронаи об дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба андешаи хирадмандона асос ёфтааст, яъне масъалаи норасоии об набояд фишанги фишору низоъ ва ҷудоӣ, балки воситаи ҳамкории пурсамар, ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мушкилоти муштараки минтақавӣ гардад, кишварҳои Осиёи Марказиро дар тавсеаи ҳамкориву ҳамдастӣ ва ҳусни тафоҳуми байниҳамдигарӣ иродаи бештар бахшад. Мушкили об, ҳамчунин, дар ҷаҳон аз ҷумлаи масъалаҳои доғи рӯз аст, ки бояд бо иқдомҳои дастаҷамъона дар заминаи эътимоду боварӣ ва риояти ҳусни ҳамҷавориву ҳамкорӣ ҳаллу фасли худро пайдо намояд.
Ҳанӯз соли 1999 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 54-уми Маҷмаи умумии СММ изҳор намуда буданд: «Вақти он расидааст, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба проблемаҳои оби тоза ва масъалаҳои ба он вобаста ҷалб карда шавад».
Иқдомҳои   башардӯстонаи   Президенти  мамлакат  бори  дигар  собит сохтанд, ки миллати тоҷик азалан фарҳангэҷод  ва Тоҷикистон пешоҳангу ташаббускори ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии об мебошанд. Ин аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлати  ташаббускор ва миллати тоҷикро ҳамчун миллати башардӯсту тамаддунпарвар эътироф ва эҳтиром менамояд.
Исфандиёр БАДАЛОВ, омӯзгори Донишгоҳи давлатии
Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.10.2018    №: 199    Мутолиа карданд: 331
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед