logo

иқтисод

ТОҶИКОБОД ХУРРАМТАР АЗ ИМРӮЗ МЕШАВАД

Корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Тоҷикобод, чун дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, вусъати нав касб карда, бахшида ба 30 - солагии Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 74 иншооти таъйиноташ гуногун ба нақша гирифта шудааст. Боздиди мо аз ин гӯшаи зебоманзари диёр нишон дод, ки, воқеан, корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ босуръат идома доранд.
Ба гуфтаи Маҳмадтоир Назризода, муовини раиси ноҳия, феълан бо ташаббуси Маҳмадтоир Зокирзода, муовини Сарвазири мамлакат ва Хол Карим Иброҳим, директори генералии ҶСК «Тоҷиктрансгаз», корҳои сохтмонӣ идома дошта, дар он кормандони сохторҳои гуногуни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мардум низ ба тариқи ҳашар саҳмгузорӣ менамоянд.
Дар доираи корҳои ободонӣ бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди қасри фарҳанг оғоз ёфта, бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Капалӣ ва бинои суди ноҳия сохта ба истифода дода шудаанд.
То кунун бо иқдоми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои шуъбаҳои бемориҳои дарунӣ ва кӯдаконаи беморхонаи марказии ноҳия таъмиру таҷдид гардида, барои бунёди бинои дуошёнаи муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия санги асос гузошта шудааст.
- Аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мумфарш ва чароғон намудани кӯчаҳои маркази ноҳия 8 миллион сомонӣ ҷудо гардида, қарор аст, дар марҳилаи аввал, яъне соли ҷорӣ, 814 метр роҳ мумфарш ва 2614 метри дигар чароғон карда шаванд, -  мегӯяд М. Назризода.
Дар нақша – чорабиниҳо бо маблағгузории буҷети маҳаллӣ сохтмони бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти ба номи М. Шогадоев, маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии ноҳия ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ворид гардидааст.
Соҳибкор Ҷалолиддин Орзуев азм дорад, ки дар шаҳраки Тоҷикобод майдончаи варзиширо сохта, мавриди баҳрабардории сокинони ноҳия қарор диҳад. Зикрулло Фатҳуллоев соҳибкори дигар тасмим гирифтааст, то дар маркази ноҳия коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти шириро бунёд созад. Оилаи Идиевҳо бошанд, барои сохтмони ду бинои ҳозиразамони хизматрасонӣ дар маркази ноҳия камари ҳиммат бастаанд. Ҳамчунин, соҳибкори дигар Рустам Исроилов дар шаҳраки Тоҷикобод то соли 2021 коргоҳи дӯзандагӣ бунёд хоҳад кард.
Ҳамин тавр, барномарезии бунёди сохтмони иншооти гуногуни ҷашнӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Тоҷикобод идома доранд. Аз ҷумла, бо дастгирии соҳибкорону сокинон дар деҳаи Фатҳобод сохтмони майдончаи варзишӣ, таваллудхона ва нуқтаи хатна ба нақша гирифа шудааст. Дар деҳаи Нӯшори Поён бошад, бо ташаббуси соҳибкорон ва фаъолон майдончаи варзишии замонавӣ сохта хоҳад шуд. Аҳолии деҳаи Шарқиён тарҳи бунёди бунгоҳи тиббӣ, китобхона ва маркази хизматрасониро рӯи даст гирифтаанд.
Бо ҳиммати соҳибкор Тағдир Каримов дар деҳаи Сабзазор сохтмони майдончаи варзишӣ оғоз ёфтааст. Соҳибкор Неъматулло Собиров дар ҳамин деҳа бунёди хонаи модару кӯдак ва нуқтаи хатнаро ба нақша гирифтааст. Аҳолии деҳаҳои Мазори Боло, Лангари шоҳ ва Ғуломон дар назди чанд муассисаи таълимӣ синфхонаҳои иловагӣ месозанд.
Дар деҳаи Гулистони ноҳия бо иқдоми сокинон бунёди майдончаи варзишӣ ба нақша гирифта шуда, соҳибкор Мусаллам Асоев маркази хизматрасонии маишӣ бунёд хоҳад кард.
Бузургмеҳр БАҲОДУР,
Маҳмуд ҶӮРАЕВ, «Ҷумҳурият»

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.10.2018    №: 199    Мутолиа карданд: 198

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед