logo

иҷтимоиёт

ХОРУҒ. КАМБУДИҲО БОЯД БЕТАЪХИР БАРТАРАФ ШАВАНД

Иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хоруғ таваҷҷуҳи вакилони мардумиро ба иҷрои таъхирнопазири супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 15 сентябри соли равон ҷалб намуд.
Ёдгор Файзов аз бетарафӣ ва фориғболии як қатор кормандони идораву муассисаҳои давлатӣ, роҳбарон ва вакилони мардумӣ изҳори нигаронӣ намуда, иброз дошт, ки мутаассифона, дар баъзе ҳолатҳо таъсири аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ дар байни ҷавонон нисбат ба сохторҳои давлатӣ зиёдтар аст. Зикр гардид, ки агар дар дигар минтақаҳо мардум аз вусъати корҳои ободониву созандагӣ ҳарф зананд, мо ҳанӯз дар шаҳри Хоруғ аз мусодира намудани силоҳ, қонуншиканӣ вобаста ба нашъаҷаллобӣ  ва  дигар падидаҳои зишти рӯ ба афзоиш сухан мегӯем. Ин омилҳо рушди ҷомеаро ба даҳсолаҳо қафо мекашанд. 
Таъкид шуд, ки акнун дар доираи амалисозии дастуру супоришҳои Пешвои миллат камбудиҳои дар давоми чандин  сол ҷамъшуда бояд дар муҳлати камтарин аз байн бардошта шаванд. Дар ин кор набояд ягон шахси солимфикр бетараф истад. Вакилони мардумӣ, одамони барӯманд бояд дар ин кор мавқеи ҳалкунанда дошта бошанд.
Кишвар Шамиров, раиси шаҳри Хоруғ, аз вакилони мардумӣ, фаъолон ва роҳбарони идораву муассисаҳо даъват ба амал овард, ки ба хотири ояндаи неку дурахшони фарзандони худ дар мубориза алайҳи ҷинояткорону ҷинояткорӣ набояд бетараф бошанд.  Ҳар як шахси солимфикр, ки номуси ватандорӣ дорад, бояд алайҳи силоҳбадастон, нашъафурӯшон ва иғвогарон садо баланд кунад. Сабаби  асосии тамоми қонуншиканиҳое, ки дар қаламрави шаҳр ба амал меоянд,  ҷинояткоронро зери ҳимоя гирифтани роҳбарони гурӯҳҳои силоҳбадаст мебошад, яъне ҷинояткоронро ҷинояткорон ҳимоя мекунанд. Агар имрӯз мо хатои солҳои 90-уми асри гузаштаро такрор намоем, таърих моро намебахшад. Ягон нафари мо ҳуқуқ надорад, то фазои  ороми давлати озоду ободеро, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корнамоиҳои бемисли худ аз нестӣ наҷот доданд ва ба чунин дараҷаи тараққиёт расонданд,  халалдор созем, - таъкид дошт Кишвар Шамиров.
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.10.2018    №: 199    Мутолиа карданд: 155

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард

Қазоқистон 50 номгӯи маҳсулотро ба содирот баровард

Дабири кулли СММ: «Лағви шартномаи Париж «худкушист»

Голикова: «Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамагӣ 1,4 миллион нафар мондаанд»

Дар Қирғизистон домоди қотил 20 сол зиндонӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед