logo

иҷтимоиёт

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ: "МЕДАЛҲОИ НУҚРАИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ - 2018 БАРОИ МО АРЗИШИ ТИЛЛОРО ДОРАНД"

Чуноне қаблан хабар дода будем, дар Чемпионати Осиё – 2018 миёни наврасон, ки аз 20 сентябр то 7 октябр дар Малайзия доир гашт, тими мунтахаби футболи наврасони кишвари мо на танҳо медалҳои нуқра, ҳамчунин, роҳхат ба Чемпионати ҷаҳон – 2019 (U-17) дар Перуро ба даст овард. Дар иртибот ба ин, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои комёбии камназир дар  Чемпионати Осиё – 2018 оид ба футбол арзи сипос кард.
Тибқи иттилои ФФТ, дар номаи сипоси Рустами Эмомалӣ чунин омадааст:
«Ба тими наврасони Тоҷикистон барои натиҷаи беҳтаринашон, ки дар Чемпионати Осиё – 2018 дар Малайзия нишон доданд, изҳори сипос менамоям. Бозигарони мо маҳорати олӣ нишон дода, барандаи медалҳои нуқра шуданд! Даста тавоноии худро на танҳо дар даври гурӯҳӣ, балки плей - офф низ муқобили беҳтарин мунтахабҳои Осиё, мисли Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея, Ҷумҳурии Корея ва Ҷопон, нишон дод. Дар бозии финалӣ муқобили тими Ҷопон бозигарон аз тамоми имкониятҳояшон истифода бурданд, то сонияҳои охирин талош карданд ва ба мо лаҳзаҳои гуворо бахшиданд. Медалҳои нуқрае, ки онҳо дар  Чемпионати Осиё – 2018 ба даст оварданд, барои мо арзиши тиллоро доранд. Муҳимтар аз ҳама замони баргузории чемпионат дастаро миллионҳо нафар дар Тоҷикистон дӯст доштанд. Ташаккури зиёд ба  ситоди  мураббиён  бо роҳбарии Зайниддин Раҳимов барои кори арзандаашон.  Ҳамчунин,  сипос  ба  мухлисон  барои  дастгириашон – бе дастгирии онҳо ба чунин натиҷа расидан номумкин буд. Бо истифода аз фурсат ба тими ҷавонони кишвар, ки ба наздикӣ дар Чемпионати Осиё оид ба футбол дар Индонезия ширкат мекунад, муваффақият мехоҳам».
Маҳмуд ҶӮРАЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.10.2018    №: 199    Мутолиа карданд: 187

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед