logo

сиёсат

ИЗҲОРОТИ МАТБУОТИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПАС АЗ МУЗОКИРОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ҲИНДУСТОН ШРИ РАМ НАТҲ КОВИНД, ШАҲРИ ДУШАНБЕ, 8 ОКТЯБРИ СОЛИ 2018

Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон!
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма!
Сараввал аз номи худ ва мардуми меҳмоннавози тоҷик боз як бори дигар ташрифи Ҷаноби Олӣ Шри Рам Натҳ Ковинд ва ҳайати ҳамроҳашонро ба Тоҷикистон хайрамақдам мегӯям. Ҷониби Тоҷикистон ин сафари Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустонро идомаи муколамаи байнидавлатии роҳбарияти ду кишвар медонад.
Мулоқоту музокироте, ки имрӯз мо анҷом додем, дар фазои анъанавии дӯстона, созандагӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифтанд. Тарафҳо бар онанд, ки густариши дарозмуддати муносибатҳои неки дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ҳиндустон ҷавобгӯи манфиатҳои милливу давлатии ҳар ду ҷониб буда, ба таҳкими сулҳу истиқрори минтақавӣ мусоидат менамояд.
Дар ишора ба аҳамияти машваратҳои сиёсӣ дар сатҳи баланду олӣ мо зарурати тақвияти минбаъдаи онҳоро ҷиҳати боз ҳам таҳким бахшидан ба ҳамкориҳои мутақобилан судманди миёни кишварҳоямон таъкид намудем. Дар ин зимн, зикр гардид, ки ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ рукни муҳими муносибатҳои тарафайн мебошанд ва барои рушди минбаъдаи онҳо бояд ба таври лозимӣ тамоми имкониятҳои мавҷуда мавриди истифода қарор гиранд.
Ҳар ду ҷониб ба манзури рушди самти мазкури ҳамкорӣ омодагии худро ҷиҳати фаъолтар сохтани кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ҳиндустон таъкид намуд.
Ҷониби Тоҷикистон ҳамоно хоҳони ба сатҳи сифатан наву баланд баровардани ҳамкориҳояш бо Ҳиндустон дар соҳаи ҷалби сармояҳо мебошад. Мо омодаем, ки фаъолияти сармоягузорони Ҳиндустонро дар ин соҳа минбаъд низ пуштибонӣ намоем.
Ҷониби Тоҷикистон манфиатдор аст, то сармояи ҳиндустонӣ барои татбиқи лоиҳаҳои инфрасохториву истеҳсолӣ, саноативу кишоварзӣ ва тиҷоративу хизматрасонӣ ворид шавад.
Ҷонибҳо густариши робитаҳои фарҳангиву башариро, бахусус дар чунин арсаҳои иҷтимоӣ, ба монанди илму маориф, тиб ва сайёҳӣ, таъкид карданд. Дар ҷараёни мулоқот ва музокирот мавзӯоти муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасию арзёбӣ қарор гирифтанд.
Тарафҳо нигаронии амиқи худро дар ростои идомаи нооромиҳо ва боз ҳам мураккабтар гардидани вазъ дар Афғонистон изҳор намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқамандии худро барои ҳамкории васеъ дар самти истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон бори дигар таъкид кард.
Мо мувофиқ бар он будем, ки дарёфти роҳҳои самараноки ҳалли қазияи Афғонистон ва истиқрори ҳаёти осоишта дар он ҳамоҳангии бештари амалҳои муштараки ду кишвар ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро тақозо менамояд. Дар ин робита ҷониби Тоҷикистон аҳамияти андешидани тадбирҳои ғайринизомӣ, қабл аз ҳама, татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика, нақлиёт ва иртибототро омили муҳими истиқрори сулҳу субот ва ҳаёти осоишта дар Афғонистон арзёбӣ кард.
Тоҷикистон ва Ҳиндустон перомуни аксари масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ мавқеи муштарак ё ба ҳам наздик доранд.
Зикр гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, минҷумла Созмони Милали Муттаҳид хуб ба роҳ монда шудаанд.
Тарафҳо бо дарназардошти хатару таҳдидҳои рӯзафзуни глобалӣ, аз қабили терроризми байналмилалӣ, экстремизм, ифротгароии динӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ ҷонибдории худро аз тақвият бахшидан ба ҳамкорӣ дар арсаи амниятӣ таъкид намуданд.
Умедворам, ки сафари мазкур дар таърихи навтарини муносиботи ҳамкории шарикии ду кишвари дӯст ҷойи муносиберо ишғол хоҳад кард.
Ташаккур.

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.10.2018    №: 199    Мутолиа карданд: 509
09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД

Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

УНВОНУ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН БАРОБАРАРЗИШ МЕШАВАНД

02.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ВМКБ ВА 5 НОҲИЯИ ХАТЛОН НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ПАК БЁН СОК

ҶОНИБДОРИИ ВАНХЁРК АЗ МУКОЛАМАИ ВАШИНГТОН БО МОСКВА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.04.2021


ЛИГАИ ОЛӢ. Бори аввал легионерҳои нидерландӣ ва ҷопонӣ ҳунарнамоӣ мекунанд

Намояндагони кишварҳои СААД масъалаи амнияти иттилоотиро баррасӣ намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

31.03.2021


ҲИСОР. БУНЁДКОРИҲО ДАР ДЕҲАИ ЛОЛАГӢ

ҶОМИ КФО – 2021

ИА ва СҶТ созишнома оид ба солимӣ таҳия менамоянд?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.03.2021


ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГӢ. ТАШВИҚГАРИ ТАМАДДУНИ АЗАЛӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед