logo

Хабарҳо

Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Вазири мудофиа Шералӣ Мирзо дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи  кишварҳои узви ИДМ, ки 12 октябр дар пойтахти Ӯзбекистон  – шаҳри Тошканд баргузор мегардад, иштирок хоҳад кард.
Зимни ҷаласа баррасии вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ, вазифаҳои афзалиятноки мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, самтҳои рушди ҳамкории ҳарбӣ байни давлатҳои ИДМ, дурнамои системаи муттаҳидаи назорати вазъияти радиологӣ, кимиёвӣ ва биологӣ дар назар аст.
Ҳамчунин, дар мулоқот масоили ҳамкорӣ оид ба  таъмини парвозҳои  ҳавопаймоҳои Қувваҳои Мусаллаҳи  кишварҳои ИДМ, татбиқи Консепсияи рушди системаи ягонаи давлатии шинохти радиолокатсионӣ,  таҳсилоти низомӣ, гузарондани чорабиниҳои муштарак бахшида ба 75 - солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ матраҳ хоҳанд шуд.
Ғайр аз ин, аъзои шӯро ният доранд, нақшаи кории шӯроро  дар соли 2019 қабул карда, ҳуҷҷатҳоро  оид ба системаи алоқаи муштараки Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои аъзои ИДМ, таъминоти иттилоотӣ оид ба фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ дар давраи то соли 2022, ҳамкорӣ дар самти баҳрнавардӣ, геотехникӣ, геодезия, метрология ба имзо расонанд ва  чораҳои муштараки системаи муштараки ҳавоӣ дар кишварҳои ИДМ барои соли 2019 - ро тасдиқ намоянд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 210

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед