logo

иҷтимоиёт

НОМАҲОИ ТАБРИКӢ БА РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ИФТИХОРИ ПИРӮЗИИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН

Дастаи мунтахаби футболи наврасони 16 – солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов аввалин бор дар таърихи кишвар  дар Чемпионати Осиё - 2018 оид ба футбол байни наврасони 16 - сола ба бозии ниҳоӣ баромада, медалҳои нуқра ба даст овард ва ба бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол байни наврасони то 17 - сола, ки соли 2019 дар Перу баргузор мегардад, роҳхат гирифт. Тоҷикистонро  бо ин пирӯзӣ аз федератсияҳои футболи кишварҳои дӯсту ҳамсоя ва дӯстдорони футбол аз тамоми гӯшаҳои ҷаҳон табрик мегӯянд.
Дар табрикоти президенти Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) Шайх Салмон бин Иброҳим ал-Халифа ба унвони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ чунин омадааст:
«Президенти муҳтарам! Сидқан Шумо ва Федератсияи футболи Тоҷикистонро барои ба бозии ниҳоии Чемпионати Осиё - 2018 баромадани дастаи мунтахаби наврасони то 16 - солаи Тоҷикистон дар Куала - Лумпур табрику таҳният мегӯям.
Ин муборакбодиро ба ҳайати дастаи мунтахаб таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов, ки зимни вохӯриҳо аз оғоз то анҷом ҳунарнамоии зебою фавқулода нишон дода, ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон роҳхат гирифтанд, расонед.
Оилаи футболи Осиё ба дастаи мунтахаби Шумо дар Чемпионати ҷаҳони соли 2019 (Перу) натиҷаҳои беҳтарин орзу менамояд ва ман интизори дидори Шумо дар Конгресси 28 - уми КФО ҳастам, ки охири ин моҳ дар Куала - Лумпур баргузор мегардад.
Бо эҳтиром ва орзуҳои нек, президенти КФО Шайх Салмон бин Иброҳим ал - Халифа».
Президенти ФИФА Ҷанни Инфантино низ дар номаи табрикотии худ, аз ҷумла барои комёбиҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон дар оммавигардонии ин намуди зебою дӯстдоштаи  варзиш, изҳори хушҳолӣ ва вохӯрию гуфтугӯ бо роҳбарони ФФТ - ро орзу кардааст.                                                                                                                                  
Ҷойи таъкид аст, ки футбол дар байни наврасон ва тамоми мардум маҳз бо талошу заҳматҳои Рустами Эмомалӣ ва дастгирию ғамхории бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба варзиши оммавӣ табдил ёфт. Дар як муддати кӯтоҳ дар мамлакат садҳо варзишгоҳҳои хурду бузург бунёд гардиданд. Мусобиқаҳои оммавии футбол байни бачагон ва наврасон, хосса «Тӯби чармин», сабқатҳо байни ҳар синф, мактаб, деҳаю ноҳияҳо ба чорабиниҳои дӯстдоштаи хурду калон табдил ёфтанд. Кӯшишу заҳматҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сарвари он Рустами Эмомалӣ барои рушду ривоҷи футбол, оммавигардонии он дар байни кӯдакон, наврасон, ҷавонон ва тамоми мардум, эъломи Соли рушди футбол дар шаҳри Душанбе, бунёди садҳо майдончаҳои варзишӣ дар пойтахт ва шаҳру навоҳии мамлакат, баргузории ҷашнҳои футбол дар ҳамаи гӯшаҳои кишвар, ба кӯдакону наврасон ҳадия кардани тӯбҳои футбол ва доир намудани маъракаҳои оммавию шавқовари футбол самари хуб доданд. Президенти вақти Ассотсиатсияи федератсияҳои футболи ҷаҳон (ФИФА) Йозеф Блаттер зимни ташриф ба Тоҷикистон дар якчанд чорабиниҳои оммавигардонии футбол ширкат варзида, зимни боздид аз ин тадорукоти варзишӣ, сифати варзишгоҳҳо ва роҳандозии тадбирҳо ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои Соли байналмилалии рушди футболи оммавӣ - 2014  баҳои баланд дод. Ҳамин заҳмату талошҳо буданд, ки Тоҷикистон борҳо макони баргузории мусобиқаҳои байналмилалии футбол миёни наврасон интихоб гардид.
Боиси ифтихори мост: ягона дастае, ки аз Осиёи Марказӣ дар бозиҳои пешакии интихобӣ ғолиб омада, ба даври ниҳоии ин мусобиқа роҳхат гирифт, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон буд. Ва ҷойи хурсандист, ки футболбозони навраси тоҷик дар байни дастаҳои номдоре ба мисли Кореяи Шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Ироқ, Малайзия, Эрон, Филиппин ва Япония бозии зебою шавқовар нишон медиҳанд ва пирӯзиҳои фараҳбахш ба даст меоранд.
Медалҳои нуқраи футболбозони дастаи мунтахаби наврасони 16 – солаи Тоҷикистон иди ҳар сокини кишвар, сарбаландии як кишвари дар нисбати Чин, Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ, Филиппин, Индонезия, Эрон ва даҳҳо кишвари дигари Осиё хурд бо номи Тоҷикистон, тантанаи рушду оммавии футбол ва самари заҳмати чандсола дар ин ҷода аст.
С. РАҶАБЗОДА, «Ҷумҳурият»

 

 

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.10.2018    №: 200    Мутолиа карданд: 67

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Футболбозони навраси тоҷик дар финал

04.10.2018


Анҷоми озмуни. “Маҳалла ва ташкилоти беҳтарин” дар Бохтар

КОНИБОДОМ. Деҳқонон ғолиби мусобиқа

Баргузории фестивали “Оши палов”

ТАНДУРУСТӢ. Назорат пурзӯр мешавад

Як мулоқоти муҳим


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед