logo

иқтисод

ЁВОНИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. ГУЛШАНЕ ДАР ТОҶИКИСТОН

Ноҳияи Ёвон дар аҳди шӯравӣ низ ҳамчун як ноҳияи саноатии Тоҷикистон шинохта мешуд, аммо он тараққиёти саноатие, ки дар тӯли камтар аз ҳашт соли охир ин ҷо, пеш аз ҳама, бо азму талоши қавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуд, барои Тоҷикистони тозаистиқлол, бешубҳа, камназир аст.

БУБИН, ТАФОВУТИ РОҲ АЗ КУҶОСТ ТО БА КУҶО
Соли 2016 Президенти кишвар зимни асос гузоштан ба эъмори корхонаҳои саноатӣ дар ноҳия зикр карда буданд: “Ба шарофати ба кор оғоз кардани корхонаҳои банақшагирифташуда ноҳияи Ёвон ба яке аз марказҳои калонтарини саноатии кишварамон табдил меёбад”. Ҳоло корхонаҳои азими ин ноҳия бо маҳсулоти хушсифат ҳам мамлакатро дар миқёси ҷаҳон ба таври шоиста муаррифӣ мекунанд ва ҳам дар корҳои созандагию бунёдкорӣ саҳми сазовор мегузоранд.
Агар ба саҳфаҳои таърихи ин мавзеъ бо чашми ибрат бингарем, дармеёбем, ки Ёвони замони шӯравӣ, бо вуҷуди ноҳияи саноатӣ эътироф шудан, то ин ҳад музаффариятҳои меҳнатиеро, ки ҳоло дорост, надоштааст. Бахусус, нишондиҳандаҳои истеҳсолии соҳаҳои саноату сохтмон ва кишоварзӣ ҳокӣ аз онанд, ки шурӯъ аз нимаҳои охири соли 1980 иҷрои нақшаҳо тамоюли пастравӣ касб карда, қисми даромади буҷети ноҳия дар муқоиса бо солҳои қаблӣ хеле коҳиш ёфта буд. Аксари корхонаҳо, аз сабаби нарасидани ашёи хом, фаъолияти нокифоя доштанд. Аз 50 кооперативи истеҳсолие, ки асосан солҳои 1989 - 1990 таъсис ёфта буданд, бо сабабҳои муайян 20-тои онҳо соли 1991 фаъолияти худро қатъ карданд.
Бар замми нооромиҳои сиёсӣ, офатҳои табиӣ - жолаву боронҳои сел дар моҳи майи ҳамон сол, зиёда аз 7 ҳазор гектар заминҳои киштро хароб намуда, ба соҳаи кишоварзии ноҳия 16 миллион сӯм (асъори шӯравии барориши соли 1961) зарар оварданд ва дар натиҷа, нисбат ба соли 1991 ғалладона 116 тонна, пахта 28392 тонна, картошка 847 тонна, полизӣ 116 тонна, саршумори чорвои калон 2007 сар ва бузу гӯсфанд қариб 2000 сар кам гардид. Соҳаи саноат низ фаъолияти босамар надошт. Корхонаҳои азими “Тоҷиккимсаноат”, оҳакбарорӣ ва таъмирию механикӣ, ки ҳаҷми маҳсулоти саноатии ноҳия асосан аз онҳо вобастагӣ дошт, ба корхонаҳои зиёновар мубаддал гаштанд. Соли 1992 ҳаҷми истеҳсоли соддаи каустикӣ дар қиёс бо як соли пеш ба миқдори 14691 тонна ва оҳак 1000 тонна кам шуд, ки ин омил ба иқтисодиёти ноҳия зарар овард. Масъулони соҳаҳои сохтмон ва нақлиёт низ дар он сол аз иҷрои нақшаҳои худ баромада натавонистанд.
Боиси  хушбахтист, ки тайи марҳилаи кӯтоҳи таърихии солҳои соҳибистиқлолӣ, пас аз собитқадамона ба ҷодаи рушд ворид гардидани мамлакат, дар ҳошияи сиёсати серҷабҳа ва бобарори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ барои мардуми Ёвон пушти сар шуданд.
Таҷдиди хоҷагиҳои калони кишоварзӣ, истифода аз техникаву технологияи муосир, ҳамкориҳои соҳибкорони ноҳия бо ҳамтоён ва ширкатҳои хориҷӣ барои тавсеа ёфтани соҳаи кишоварзӣ заминаҳои боэътимод фароҳам оварданд. Соҳаҳои рустанипарварӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ бомаром тараққӣ намуда, соли 2015 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 787,9 миллион сомонӣ расид ва тибқи дурнамо, он то соли 2020 боз 10 дарсади дигар зиёд мешавад.
Такони ҷиддӣ дар ҷодаи тараққиёт маҳз пас аз таъсиси корхонаҳои саноатӣ ба даст омад. Сохта ба истифода дода шудани шаш корхонаи коркарди пахта, корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, равған ва нонию қаннодӣ, “Намаки Ёвон”, “Комрон Агро Холдинг”, корхонаи муқтадири “Хуаксин Ғаюр семент”, фабрикаи “Ваҳдат”, фабрикаи мурғпарварии “Беҳамто”, корхонаҳои тозабунёди “Хуаҷиан Ғаюр Индастриал”, “Криолит”, “Ҷунгтсай Моҳир семент”, қитъаи Ваҳдат - Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа, даҳҳо коргоҳҳои саноатии хурду миёна, 14 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии нав, 25 бинои нави таълимӣ, муассисаҳои тиббӣ ва иншооти зиёди фарҳангию маишӣ ва тиҷоративу хизматрасонӣ барои баланд гардидани сатҳи некуаҳволии мардум ва пешрафти иқтисодии ноҳия таъсири мусбат гузошт.
Аз ноҳияи субвенсионӣ ба ноҳияи худкифо табдил ёфтани ноҳия асосан ба оғози фаъолияти корхонаи “Хуаксин Ғаюр семент” марбут аст. Ноҳия, ки то соли 2013 аз ҳисоби буҷети вилояти Хатлон субвенсия мегирифт, инак, соли панҷум аст, ки на танҳо қисми хароҷоти буҷети худро таъмин менамояд, балки барои буҷети вилоят низ ҳиссаи калон ҷудо мекунад. Сатҳи рушди босуръати ноҳияро дар давоми панҷсолаи охири даврони соҳибистиқлолии кишвар дар рақамҳои зер баръало мушоҳида кардан мумкин аст: нақшаи даромади буҷети маҳал дар соли 2012 қариб 30 миллиону 785 ҳазор, соли 2013 зиёда аз 40 миллиону 636 ҳазор, соли 2014 наздики 71 миллиону 395 ҳазор, соли 2015 беш аз 101 миллиону 710 ҳазор ва соли 2016 - ум 484 миллиону 483 ҳазору 252 сомониро ташкил дод. Соли 2012 ноҳия аз буҷети вилояти Хатлон ба андозаи 4 миллиону 300 ҳазору 773 сомонӣ ва соли 2013 ба миқдори 8 миллиону 857 ҳазору 801 сомонӣ субвенсия гирифта, соли 2014 ба буҷети вилоят 9 миллиону 253 ҳазор ва соли 2015 зиёда аз 40 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ҳисса ҷудо намудааст.
Маҳсули фаъолияти сохтмончиёни ноҳия низ тайи солҳои охир хеле назаррас аст. Тӯли шаш соли охир бинокорон дар ҳудуди ноҳия 9 бинои истиқоматии баландошёна, се бинои муассисаи нави таҳсилоти умумӣ, 11 бинои нав барои муассисаҳои таълимӣ, беш аз 200 синфхонаи иловагӣ, даҳҳо иншооти фароғатию маишӣ ва варзишӣ бунёд намуданд. Соли 2015 иншооти муҳимтарини хоҷагии халқ - нақби обгузари Бойғозӣ - Ёвон дар тӯли фаъолияти қариб 50 - солаи худ аввалин маротиба аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Ин тадбири амалигардида имконият медиҳад, ки иншооти азим боз даҳсолаҳои дигар бемамониат барои шодоб намудани водӣ хизмат намуда, ҷиҳати боз ҳам рушд ёфтани соҳаи кишоварзии ноҳияҳои Ёвон ва Абдураҳмони Ҷомӣ мусоидати фаъол дошта бошад.
Ин диёр, ин шаҳр Ёвони ман аст,
Гулшане дар Тоҷикистони ман аст.
Чунин гуфтааст шоири сабзқаламе аз музаффариятҳои замони истиқлоли ноҳия ба ваҷд омада.

НАМУНАИ ИБРАТАНД
Бо зикри дастовардҳои замони истиқлолият месазад аз комёбиҳои меҳнатӣ ва бунёдкориҳои кормандони он корхонаҳое, ки аз самари ваҳдату соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфтаанд, ёдовар шуд. Дар маҷмӯъ, дар ноҳияи Ёвон 42 корхона фаъолият мекунад, ки аксар дар чанд соли охир таъсис ёфтааст.
Яке аз чунин корхонаҳои дар арсаи саноат пешоҳанг “Хуаксин Ғаюр семент” мебошад. Ин корхонаи азим, ки дар як сол иқтидори истеҳсоли 1 миллион тонна сементро дорад, бо ибтикори соҳибкори муваффақ Акбар Ғуломов бо харҷи 100 миллион доллари ИМА бунёд гардида, 29 августи соли 2013 бо буридани лентаи рамзӣ аз тарафи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият шурӯъ намуд.
Дар расми кушодашавии он Сарвари давлат зикр карданд: “Имрӯз бо оғози баҳрабардории ин корхонаи замонавии бо технологияҳои муосир муҷаҳҳаз дар самти амалишавии нақшаҳои неку созандаи мо, аз ҷумла доир ба истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунанда, афзунгардонии имкониятҳои иқтисоди миллӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, қадами ҷиддии навбатӣ гузошта шуд”.
Корхонаи мазкур айни замон, пурмаҳсул фаъолият дошта, дар коргоҳҳои он зиёда аз 850 нафар коргарону мутахассисони маҳалливу чинӣ кор карда истодаанд.
Коргоҳи “Савия” соли 2012 бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар канори шаҳраки Ёвон аз тарафи ширкати «Комрон Агро Холдинг» ба истифода дода шудааст. Он ба маблағи 2,5 миллион доллари амрикоӣ бунёд гардида, дорои 40 ҷойи корӣ ва иқтидори коркарди 5000 литр шир дар як шабонарӯз мебошад. Коргоҳ маҳсулоти ширӣ ва яхмос истеҳсол мекунад. Ашёи хоми коркардшаванда, яъне шир аз фермаҳои “Баракати Ёвон”, “Мадина” ва хоҷагиҳои дигар дастрас мешавад. Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона дар зарфи беш аз 4 соли фаъолият арзиши 4 миллиарду 167 миллиону 855 ҳазор сомониро дорад. Маҳсулот, аз қабили қаймоқ, сметана, кефир, кефири мевагӣ (чор намуд), биокефир, ҷурғот, ряженка, творог, дуғоб (ду намуд) ва шири пастеризатсияшуда (“Савия”) ҳам дар дохил ва ҳам дар берун аз ноҳия ба фурӯш бароварда мешавад.
Соли 2013 қаймоқи “Савия” дар озмуни ҷумҳуриявии “Маҳсулоти беҳтарин” сазовори ҷоиза ва ҷойи аввал, инчунин, дигар маҳсулоти коргоҳ дар якчанд озмунҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ соҳиби ифтихорномаҳо гардидаанд.
Корхонаи «Хима - текстил», ки соли 2010 бо буридани лентаи рамзӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз намудааст, корхонаи силсилаи пурраи коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ (ресандагӣ, бофандагӣ ва дӯзандагӣ) ба шумор меравад.
Таҷҳизоти корхона, аз ҷумла хатҳои технологии худкор, 48 дастгоҳи асосӣ ва 25 дастгоҳи ёрирасон, ки барои истеҳсоли риштаҳои маҳину шоназада пешбинӣ гардидаанд, аз ширкати “Марзоли” - и Италия ворид шудаанд. Риштаҳои пахтагии корхона, ки барои истеҳсолоти кешбофӣ (трикотажӣ) ва бофандагӣ нигаронда шудаанд, пурра ҷавобгӯи стандартҳои муосир буда, дар бозори ҷаҳонӣ харидорони зиёд доранд.
Ҳоло дар ин корхона наздики 200 нафар мутахассисону коргарон дар се баст фаъолият доранд, ки 45 нафари онҳоро занону духтарони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.
Сохтмони корхонаи “Намаки Ёвон” ҳанӯз соли 1981 оғоз ёфта, вобаста ба буҳрони сиёсиву иҷтимоии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва нобасомониҳои оғози солҳои навадуми асри гузаштаи ҷумҳурӣ, ба муддати дароз тӯл кашид ва ниҳоят, аз баракати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 декабри соли 1995 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд. Ашёи хоми “Намаки Ёвон” аз кони намаки собиқ деҳаи Тутбулоқ, ки дар масофаи 14 километр дуртар аз корхона ҷойгир шудааст, баъди ба намакоб табдил додан ба воситаи лӯлаҳо дастрас карда мешавад. Солҳои 2007-2009 даврони авҷи фаъолияти корхона ба ҳисоб меравад. Дар он давра ҳамасола беш аз 6000 тонна намаки йоднок истеҳсол гардида, ба фурӯш бароварда мешуд. Азбаски талаботи дастгоҳҳои истеҳсолӣ ба неруи барқ зиёд буду хароҷоти бештарро тақозо мекард, роҳбарони корхона соли 2012 таҷҳизоти нави чиниро дар истеҳсолот ворид намуда, ҳаҷми хароҷотро маҳдуд сохтанд. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаи “Намаки Ёвон” дар давоми фаъолияти беш аз 20 - солаи он зиёда аз 45 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Фабрикаи дӯзандагӣ ва бофандагии “Ваҳдат” бо мақсади ба роҳ мондани истеҳсоли ҷӯробу либосҳои бачагона ва рангубори ришта бо маблағи 71,8 миллион сомонӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Илҳом Мирзоев бунёд ёфта, марҳилаи якуми он соли 2014 бо иқтидори истеҳсоли 4 миллиону 800 ҳазор ҷуфт ҷӯроб дар як сол ба кор дароварда шудааст. Ҷӯробҳои хушсифати ин корхона аллакай дар дохил ва хориҷи кишвар, алалхусус дар Федератсияи Россия, харидорони зиёд пайдо намудаанд. Марҳилаи дуюми фабрика, ки ба рангубор намудани риштаҳои пахтагӣ барои 40 ҷойи корӣ нигаронда шудааст, соли 2016 дар арафаи Ҷашни Наврӯз ба кор андохта шуд. Коргоҳи рангубори ришта бо харҷи 23,9 млн. сомонӣ бунёд гардида, дар як сол иқтидори рангубор намудани 2400 тонна риштаро дорад. Ҳоло дар коргоҳҳои ҷӯроббарорӣ ва рангубори риштаи ин фабрика беш аз 120 нафар мутахассисону коргарон ба шуғл фаро гирифта шудаанд, ки аксарияти онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд.
Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии “Хуаҷиан Ғаюр Индастриал” 22 апрели соли 2016 дар зарфи камтар аз яку ним сол бо саҳми муштараки соҳибкори маҳаллӣ Акбар Ғуломов ва соҳибкорони чинӣ дар майдони 5,2 гектар бо харҷи беш аз 130 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст. Дар расми кушодашавии ин корхонаи муқтадир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок доштанд. Иқтидори истеҳсолии корхона баробари 10 ҳазор дона варақаи гаҷӣ дар як шабонарӯз ва 2,5 миллион дона дар як сол буда, дар коргоҳҳои он барои 200 нафар ҷойи корӣ муҳайё гардидааст. Ҷиҳати мукаммалсозии хати истеҳсолӣ як коргоҳи махсусгардондашудаи корхона профилҳои гуногун истеҳсол менамояд, ки ин навъи маҳсулот дар корҳои сохтмонӣ ҷузъи зарурии варақаҳои гаҷӣ ба ҳисоб меравад. Дар ҳудуди корхонаи “Хуаҷиан Ғаюр Индастриал” як ташхисгоҳи мукаммал бо 26 дастгоҳи муосири ташхиси масолеҳи сохтмонӣ ташкил гардида, барои таҳлилу ташхис намудани масолеҳи сохтмонии худӣ ва дигар корхонаҳои ватанӣ шароит фароҳам овардааст.
Президенти мамлакат дар расми кушодашавии корхона барои дар муҳлати кӯтоҳ ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонию муҷаҳҳазгардонӣ ба мутахассисону коргарони маҳаллӣ ва сармоягузорони кишвари дӯсту ҳамсоя - Ҷумҳурии Мардумии Чин изҳори сипос намуда, иқдоми соҳибкорони ватаниро дар самти бунёди корхонаҳои саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ ибратбахш арзёбӣ карданд. Дар баромади Сарвари давлат таъкид гардид: “Ба фаъолият шурӯъ намудани корхона бо истифода аз технологияҳои муосир ва бо дарназардошти талаботи бозор истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридотро таъмин намуда, барои содироти ин намуди масолеҳи сохтмон заминаи мусоид фароҳам меорад”.

СОЛИ 2018. БАРАКАТ БОЗ АФЗУД
Аз самараи афзудани иқтидори саноатии ноҳия рушди соҳаи кишоварзӣ ва дигаргуниҳои мусбат дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии маҳсулот  дар ноҳия 1 миллиарду 360 миллион сомониро ташкил дод. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 120,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳиссаи маҳсулоти саноатӣ 845,6 миллион ва кишоварзӣ 515 миллион  сомониро ташкил медиҳад.
Мувофиқи маълумоти омор, кишоварзон дар майдони 25159 гектар кишти зироатҳои тирамоҳию баҳорӣ гузаронданд, ки аз он 6878 гектар ғалладона,  2000 гектар сабзавот (аз ҷумла 900 гектар пиёз), 250 гектар картошка, 11500 гектар пахта, 460 гектар зағир, 323 гектар зироатҳои хӯроки чорво мебошанд.
Деҳқонон ният доранд, ки имсол 24150 тонна пахта истеҳсол намоянд. Мувофиқи маълумот, ҳамарӯза хоҷагиҳои пахтакор ба миқдори 300 - 315 тонна пахта ҷамъоварӣ мекунанд.
Дар заминҳои лалмӣ 9 гектар боғу токзори  нав бунёд гардид. Дар маҷмӯъ, дар ноҳия 2156 гектар боғу токзор мавҷуд аст.
Ҳосили ғалладона то имрӯз 24304 тоннаро ташкил дод. То ҳол 46967 тонна сабзавот, 26806 тонна полизӣ, 4277 тонна картошка, 5040 тонна мева ва 3915 тонна ангур истеҳсол шудаанд.
Масъалаи таъминоти аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза дар фасли зимистон ҳалли худро ёфт. Тавассути фаъолияти якҷояи кишоварзони маҳаллию хитоӣ аз 196 гармхонаи тозабунёд 160 тонна маҳсулоти барвақтӣ ҷамъоварӣ гардида, на танҳо ба бозорҳои ноҳия, балки ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои наздик бароварда шуд. Имрӯзҳо аз 14 гектар гармхонаи ширкати чинии “Сзинян Инхай” ва ҶДММ “Воҳиди Саид” ба аҳолии ноҳия, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҳамсоя ҳамарӯза беш аз 3 тонна сабзавоти тару тоза пешниҳод карда мешавад.
Соли 2018, мувофиқи дурнамои пешниҳодшуда, содироти 2800 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавот, полизӣ ва меваҷот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз кишоварзон 2850 тонна маҳсулот содирот намуданд, ки ин баробари 101,8 дарсади дурнамост. Бо мақсади аз замин гирифтани чанд ҳосил дар 6245 гектар (100 дарсади дурнамо) кишти такрорӣ гузаронда шуд.
Чорводорию парандапарварӣ низ дар ноҳия тамоюли рушд доранд. Саршумори чорвои калон ба 95827 (аз он 48530 сар модагов), чорвои майда ба 182637, асп ба 6219,  паранда ба 225683 сар ва занбӯри асал ба 4394 оила расонда шудааст.
Ҳамин тариқ, тибқи маълумоти омор, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар тӯли ҳашт моҳи соли ҷорӣ чорводорони ноҳия 17954 тонна шир, 4060 тонна гӯшт, 4459 ҳазор дона тухм,    208,1 тонна пашм, 46 тонна асал ва 15,9 тонна пилла истеҳсол намуданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 759 тонна гӯшт, 742 тонна шир, 304,1 ҳазор дона тухм ва 2,3 тонна пашм зиёд мебошад.
Корхонаҳои саноатии ноҳия  дар 8 моҳ ба миқдори  510 ҳазор дона хишт, 13876,8 тонна орд, 1510103,3 тонна семент, 71,1 тонна равғани рустанӣ, 464,9 тонна гӯшт, 1126,3 тонна риштаи бофандагӣ, 3062,7 ҳазор ҷуфт ҷӯроб, 1566,3 ҳазор дона гаҷкартон, 2421,2 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ ва 10 тонна намаки ошӣ истеҳсол намуданд.
  
БАРНОМАИ РУШД АМАЛӢ МЕШАВАД
Амалисозии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ёвон барои солҳои 2016-2020, бешубҳа, тараққиёти беш аз пеши ин гӯшаи Тоҷикистони азизро таъмин хоҳад кард. 
Барнома 243 лоиҳаро ба маблағи умумии 695 миллиону 69 ҳазор сомонӣ дар бар мегирад, ки аз ин 86 лоиҳа ба маблағи 513 миллиону 784 ҳазор сомонӣ ба бахши иқтисодӣ, 131 лоиҳа ба маблағи 27 миллиону 284 ҳазор сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ ва 14 лоиҳа ба маблағи 148 миллиону 965 ҳазор сомонӣ ба бахши инфрасохтор тааллуқ дорад.
Барномаи рушд аз ҳисоби буҷети ноҳиявӣ 12,2 миллион сомонӣ, буҷети вилоятӣ 1,4 миллион сомонӣ, буҷети ҷумҳуриявӣ 46 миллион сомонӣ, сармояи хориҷӣ 143,1 миллион сомонӣ ва аҳолӣ 482,6 миллион сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст. 
Давоми солҳои 2017-2018 бунёди коргоҳи истеҳсоли нӯшокӣ ва афшура аз меваю сабзавот бо мақсади талаф наёфтани меваю сабзавоти хоҷагиҳо ва аҳолӣ пешбинӣ гардида буд. Бо ин мақсад дар Ҷамоати деҳоти Ҳ. Ҳусейнов аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ ва дастгирии ЮСАИД ба маблағи умумии  1 миллиону 128 ҳазор сомонӣ коргоҳи муосиртарҳ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ 1500 дона қуттии шартӣ дар як шабонарӯз мебошад. Тавассути бакорандозии ин коргоҳ 20 сокини ноҳия бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид. Коргоҳи мазкур аз ҳисоби маҳсулоти маҳаллӣ афшура, повидло, шарбат, мураббо ва консервҳои гуногуни ба меъёрҳои стандартӣ мутобиқ истеҳсол менамояд.
Бобати дар амал татбиқ намудани яке аз бандҳои барнома хоҷагии ёрирасони ҶДММ “Тоҷикистону Чин” баҳри афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли пахта бо роҳи ворид намудани технологияҳои нави агротехникӣ соли 2017 дар  майдони 472 гектар барои кишти пахтаи зери плёнка 14,1 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда, 1038 тонна пахта ҷамъоварӣ намуд. Дар оянда аз ин майдонҳо бо харҷи камтарин ҳосили зиёд рӯёндан мумкин аст. 
Дар барнома бо мақсади рушди саноати ноҳия амалишавии 44 лоиҳа ба нақша гирифта шуда, дар ин муддат иҷрои 28 адади он таъмин гардидааст. Чунончи, корхонаҳои ҶДММ «Чжунгтсай Моҳир семент» (истеҳсоли семент) ва ҶДММ “Моҳирпласт” (истеҳсоли халтаҳои полиэтиленӣ) бо сарфи 721 миллиону 140 ҳазор сомонӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.

БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ БОШУКӮҲИ МИЛЛАТ
Барои истиқболи шоиста аз 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз роҳбарият то мардуми одии Ёвон омодагии ҳамаҷониба гирифта истодаанд. Дар асоси нақшаи амал аллакай як қатор бунёдкориҳо анҷом ёфтанд, ки сохта шудани биноҳои шаш ва нуҳошёна аз ҷумлаи онҳоянд.
Сохтмони биноҳои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳраки Ёвон барои 640 ҷойи нишаст бо маблағи 17,3 миллион сомонӣ, шуъбаи маориф бо маблағгузории 2 миллион сомонӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва интернат дар деҳаи Қулобод бо сарфи 25 миллион сомонӣ, маркази  мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ бо харҷи 4 миллиону 900 ҳазор сомонӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгарди ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Ёвон ба маблағи 16 миллион сомонӣ ва татбиқи навбати аввали лоиҳаи инноватсионӣ оид ба таъминоти беҳтари аҳолии шаҳраки Ёвон бо оби нӯшокӣ бо сарфи 55 миллион сомонӣ аз ҷумлаи ин иқдомотанд.
Дар маҷмӯъ, аз ин ҳама ободкориҳо, ки ҳудуди 500 иншооти хурду бузургро дар бар мегиранд, ҳам симои меъмории ноҳия назаррабо хоҳад шуд ва ҳам дар ҷодаи таъмини зиндагии шоиста барои сокинон гоми устуворе гузошта мешавад.
Мусалламан, ин ҳама дастовардҳо аз файзи истиқлолу ваҳдат ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ин ноҳияи муқаррариро на танҳо ба як минтақаи пешрафтаи саноатӣ, балки ба оинаи таҷаллогари рушди босуботи кишвар мубаддал гардонданд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.10.2018    №: 200    Мутолиа карданд: 67

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Футболбозони навраси тоҷик дар финал

04.10.2018


Анҷоми озмуни. “Маҳалла ва ташкилоти беҳтарин” дар Бохтар

КОНИБОДОМ. Деҳқонон ғолиби мусобиқа

Баргузории фестивали “Оши палов”

ТАНДУРУСТӢ. Назорат пурзӯр мешавад

Як мулоқоти муҳим


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед