logo

иқтисод

ДУШАНБЕ. ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СОҲИБКОРОН БАРГУЗОР МЕГАРДАД

Бо  ибтикори  Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешкории Кумитаи давлатии  сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар ба ифтихори чорумин солгарди Рӯзи соҳибкорон (14 октябр) 15 - 16 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе зери  унвони «Рушди  соҳибкорию сармоягузорӣ  ва равандҳои  муосири иқтисодӣ»  Форуми   байналмилалии  соҳибкории  Душанбе - 2018 баргузор мегардад. Аз Кумитаи давлатии  сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир ба ҷузъиёти Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе – 2018 ва масоили вобаста ба соҳибкорӣ дар кишварро чунин шарҳ доданд:
- Форуми мазкур дар доираи таҷлили чорумин солгарди Рӯзи соҳибкорон таҳти сарпарастӣ ва иштироки бевоситаи Сарвари давлат дар Маҷмаи давлатии «Кохи Борбад» ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар он меҳмонони баландпояи кишварҳои шарики рушд, соҳибкорони ватанию хориҷӣ, коршиносон, роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва намояндагони созмонҳои молиявии байналмилалии муқими Тоҷикистон иштирок менамоянд.
Пас аз баррасии масъалаҳои умумӣ, муколамаву мулоҳизаҳо дар панелҳои ҷудогона идома меёбанд. Дар панели 1 ҷиҳати баланд бардоштани рақобат дар соҳибкорӣ бо истифодаи технологияи муосир -  «Старт-ап»-ҳо («Start-up») ҳамчун роҳи нави рушди соҳибкорӣ дар байни ҷавонон, панели 2 “Дурнамои рушди сайёҳӣ дар шароити муосир ва масъалаҳои ҳунармандӣ”, панели 3 “Молия ва нақши низоми бонкӣ дар рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ: вазъи кунунӣ ва дурнамо”, панели 4 “Рушди соҳибкории инноватсионӣ дар бахши саноату кишоварзӣ: дурнамо ва имкониятҳои ҳамкорӣ” ва панели 5 “Сармоягузорӣ ба навовариҳо барои рушди инфрасохтор” гуфтугӯю таҳлилҳо ҷараён мегиранд. Дар гурӯҳҳои номбурда вобаста ба ҷанбаҳои гуногуни рушди соҳибкории муосир, аз ҷумла хизматрасониҳои давлатӣ, беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, рушди истеҳсолоти инноватсионӣ, таҳкими равобит бо кишварҳои дигар, барномаҳои дастгирии давлатии соҳибкорӣ, мубодилаи афкор сурат хоҳад гирифт.
Дар Стратегияи миллии рушди  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030  Ҳукумати Тоҷикистон инкишофи бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро ҳамчун воситаи асосии таъмин намудани ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст. Вобаста ба ин, Ҳукумати кишвар ҳамасола ислоҳоти муҳимро дар самтҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла содагардонии расмиёти бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, ҳимоя ва дастгирии соҳибкорону сармоягузорон, содагардонии санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ, такмили низоми андозбандӣ, тақвияти муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ, такмили механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ татбиқ менамояд.
Дар нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии марҳилаи сеюми Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 - 2020 самтҳои асосии дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ, аз ҷумла тавассути такмили қонунгузории соҳавӣ, тақвияти муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, рушди малакаву иқтидори соҳибкорӣ, дастгирии истеҳсолкунандагони молу маҳсулот ва таъминкунандагони кору хизматрасонӣ, рушди низоми қарзию молиявӣ барои субъектҳои соҳибкорӣ, муайян карда шудаанд.
Бо мақсади мукаммалгардонии маъмурикунонии андоз ва андозбандӣ моҳи феврали соли ҷорӣ ба кодексҳои андоз ва гумрук тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. Дар маҷмӯъ, тағйироту иловаҳои қабулшуда 30 имтиёзу сабукиҳоро дар бар мегиранд, ки ба беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахшҳои саноати сабук, аз ҷумла истеҳсол ва коркарди нахи пахта, парандапарварӣ, истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод кардани воридоти таҷҳизоти истеҳсолӣ барои коркарди ашёи хоми кишоварзӣ, корхонаҳои дорусозӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва автомобилҳои нав, равона карда шудаанд.
Навгонии дигар соли ҷорӣ ба роҳ мондани пардохти боҷи давлатӣ барои бақайдгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ ва андозҳо дар низоми “он-лайн” бо истифода аз корти миллӣ, ВИЗА ва МАСТЕРКАРД дар идомаи роҳандозии эъломияҳои электронии андозӣ мебошад, ки хароҷоти пардохти андозҳоро барои соҳибкорон коҳиш медиҳад. Ислоҳот дар самти такмили низоми андозбандию гумрукӣ ва таъмини самаранокии имтиёзҳои сармоягузорӣ ҳоло идома дорад. Дар доираи ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ шумораи иҷозатҳо аз то 74 адад (аз 605) коҳиш дода шуда, дар ҷумҳурӣ Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ҷорӣ карда шуд.
Барои дастгирии давлатии бахши хусусӣ ва рушди соҳибкорӣ ҳамасола аз Буҷети давлатӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо карда мешаванд.  Соли ҷорӣ тариқи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳибкории занон 8 миллион, дастгирии шахсони бекор ҷиҳати оғоз ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ 14,7 миллион, Фонди давлатии дастгирии соҳибкорӣ 370 миллион ва Фонди дастгирии омӯзгорони ҷавон 8 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд. Танҳо тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ то имрӯз дар 49 шаҳру ноҳияи кишвар 154 лоиҳаи тиҷоратӣ ба андозаи зиёда аз 200 миллион сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст.
Мувофиқи омори бонкӣ, дар панҷ соли охир аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои қарзии мамлакат бахши соҳибкорӣ дар ҳаҷми 49 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.
Ҳукумати кишвар ҷиҳати ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардондани фазои сармоягузорӣ, дастгирӣ ва мусоидат ба рушди бахши хусусӣ ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти миллӣ пайваста тадбирҳо меандешад. Ҳамин аст, ки  Тоҷикистон солҳои охир мавқеи байналмилалии худро дар раддабандии ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” - и Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ аз лиҳози бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ, гирифтани иҷозат барои сохтмон, андозбандӣ, дастрасӣ ба қарзҳо ва тиҷорати байналмилалӣ  боло бурда, се маротиба ба қатори 10 кишвари беҳтарини ислоҳотгари ҷаҳон шомил шуд.
Соли гузашта дар арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ Тоҷикистон кишвари амнтарини Осиёи Марказӣ эътироф гардид. Ин ва дигар далелҳо аз тадриҷан баланд гардидани мавқеи байналмилалии кишвар аз лиҳози дастгирии сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ шаҳодат медиҳанд.
Танҳо тайи ду соли охир бо мақсади мутобиқ гардондани иқтисодиёти кишвар ба талаботи Созмони ҷаҳонии савдо зиёда аз 100 санади  меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид. Мавриди амал қарор гирифтани ин санадҳо тартиби ба қайд гирифтани фаъолияти соҳибкоронро сода намуда, ҳифзи ҳуқуқии онҳоро тақвият мебахшад.
Қонунгузории давлати мо ҳимояи ҳуқуқии сармоягузорон, таъмини иштироки онҳоро дар раванди хусусигардонӣ ва рушди инфрасохтор пешбинӣ намуда, барои сармоягузорони ватанию хориҷӣ ҳуқуқҳои баробар ва ҳифзи моликияти онҳоро кафолат медиҳад. Сармоягузорон ҳуқуқи интиқоли озоди даромади асъорӣ аз фаъолияти сармоягузорӣ ва истеҳсолиро доранд. Ҳамзамон, сармоягузорон ба бахшҳои воқеии иқтисодиёт дастрасии озод дошта, ҳуқуқи истихроҷ ва истифодаи захираҳои табииро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб мебошанд.
Саноати имрӯзаи Тоҷикистонро зиёда аз 90 самти истеҳсолот ва бештар аз 140 навъи маҳсулот муаррифӣ мекунанд, ки асосан ба соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истихроҷи ангишт, саноати сабук ва кимиё, мошинсозӣ, коркарди металл, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрокворӣ тааллуқ доранд.
Ҷиҳати таъмини шароити мусоид барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва дастгирии бахши хусусӣ дар Тоҷикистон чор минтақаи озоди иқтисодӣ - «Данғара», «Суғд», «Панҷ» ва «Ишкошим» фаъолият менамоянд. Субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз пардохти ҳама намуди андоз ба ғайр аз андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ озод мебошанд. Ин муқаррарот имкон дод, ки дар давоми фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ зиёда аз 160 миллион доллари ИМА сармоя ҷалб карда шавад.
Корхонаҳои бахши хусусӣ дар ҳама соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ фаъолият намуда, аз навовариҳои замон ва технологияҳои пешқадам бархӯрдор мебошанд. Корхонаҳои соҳибкорӣ зиёда аз 90 дарсади субъектҳои хоҷагидори кишварро ташкил дода, бахши хусусӣ 70 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, 79 дарсади даромадҳои андозӣ ба Буҷети давлатӣ ва 68 дарсади шуғлро таъмин менамояд.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳолати 1 сентябри соли равон дар ҷумҳурӣ 313436 субъекти соҳибкории фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст.
Мувофиқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар ҳашт моҳи соли равон ҳаҷми қарзҳои бонкӣ ба соҳаи иқтисодиёти кишвар ба 3 миллиарду 885 миллион сомонӣ расид. Ҳиссаи қарзҳо ба соҳибкории истеҳсолӣ 1,28 миллиард сомониро ташкил дод.
Шаҳбоз АБРОР, “Ҷумҳурият”

 

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2018    №: 201    Мутолиа карданд: 295
01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.06.2020


ХУШХАБАР. 72,4 ДАРСАДИ СИРОЯТШУДАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

ҚУБОДИЁН. БОЗДИДИ ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА АЗ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ЯХМОС

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. АВВАЛИН БОХТҲОИ "ФАЙЗКАНД" ВА "ХАТЛОН"

СУТ: «МО ШОҲИДИ ҚАҲРАМОНӢ ВА ФИДОКОРИИ ПИЗИШКОНИ ТОҶИК БУДЕМ»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТОҶИКИСТОН. 71,2 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС СИҲАТ ШУДАНД

НУРОБОД. МАЙДОНИ КИШТИ КАРТОШКА ТАВСЕА МЕЁБАД

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. ДАСТАҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН (U-16) ВА (U-19) БА КАДОМ ГУРӮҲ ШОМИЛ ШУДАНД?

18.06.2020


ХАТЛОН. ҶАЛАСАИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР КАРДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед