logo

иқтисод

ХАТЛОН. БЕШ АЗ 4300 ИНШООТ БУНЁД МЕЁБАД

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки вакилон, муовинони раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот, комиссариати ҳарбӣ, ҷамоатҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва фаъолон иҷлосияи 15 – уми маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати панҷум, баргузор гардид.
Дар иҷлосия, ки онро раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ифтитоҳ бахшид, рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон  «Дар бораи барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2020», «Дар бораи тасдиқи барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2020”, ҳисоботи сардори раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи марҳилаи дуюми барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 - 2020» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, инчунин, масъалаҳои дигари ҷорӣ мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифтанд.
Муовини якуми раиси вилоят Зиёзода Сулаймон оид ба рафти амалисозии барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2020 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят гузориши муфассал пешниҳод намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки аз ҷониби комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои аграрӣ, беҳдошти замин ва обёрӣ, идораи замин, ҷангал ва ҳифзи муҳити зист, шуъбаҳо, раёсатҳо ва идораҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои қарор тадбирҳои самарабахш роҳандозӣ шуданд. Аз давраи қабули барнома дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 33 ҳазор хоҷагии нави деҳқонӣ таъсис ёфт, теъдоди умумии онҳо ба 67,5 ҳазор расонда шуд ва 97 фоизи онҳо бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таъмин гардиданд. Кишоварзони вилоят дар ҳама самтҳои хоҷагидорӣ, махсусан сабзавоткорӣ ва бунёди боғҳои нав, бо истифода аз тухмиҳои серҳосил дар таъмини бозори истеъмолии вилоят саҳмгузор мебошанд. Дар ноҳияи Дӯстӣ хоҷагидорон ба парвариши беҳтарин навъҳои анор, тарбуз ва харбуза машғул гардида, ба дастовардҳои хуб ноил шуданд. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба соҳаи полизикорӣ ва бунёди боғҳои нав диққати махсус зоҳир менамоянд. Кишоварзон аз ин ҳисоб сол то сол зиндагии худро беҳтару хубтар карда истодаанд. Хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун аз ҳар гектар ҳосили фаровони пиёз ба даст оварда, бозорҳои  дохилӣ ва беруниро таъмин намуданд. Ҷиҳати рушди боғҳои интенсивӣ  ва таъмин намудани корхонаҳои саноатӣ бо мева дар ҳамкорӣ бо боғпарварону олимони соҳа дар ноҳияҳои Хуросон 137 гектар, Вахш 5 гектар, Данғара 75 гектар, Муъминобод 2,5 гектар, Шамсиддини Шоҳин 1 гектар, Ёвон 5 гектар, Ховалинг 8 гектар, шаҳри Кӯлоб 1 гектар, дар маҷмӯъ 265 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд ёфтанд.
Раиси вилоят масъалаи рушди чорводориро таҳлил намуда, ба масъулон дастуру маслиҳатҳои судманд дод.
Муовини раиси вилоят Зоҳирзода Умедхоҷа гуфт, ки баҳри татбиқи барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла, таъмин намудани кирмакпарварон бо тухмӣ, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли пилла, мустаҳкам намудани заминаи хӯроки кирмак ва ташкили корхонаҳои абрешим як қатор корҳо ба сомон расида бошанд ҳам, нишондиҳандаҳо дар мавриди таъмини рушди соҳаи кирмакпарварӣ, иҷрои босифати бандҳои алоҳидаи барнома, бахусус дар самти зиёд намудани майдони тутзорҳо, базаи хӯроки кирмак, азнавтаҷҳизонии бинову иншооти ёрирасон ва рақобатпазирии маҳсулот, ҳанӯз камбудиву норасоиҳои ҷиддӣ хеле зиёданд. Тавассути корхонаҳои пиллахушккунӣ дар 24 шаҳру ноҳияи вилоят 9 ҳазору 163 қуттӣ тухми кирмаки зоти хитоӣ ва ватанӣ ба кирмакпарварон тақсим шуда, 262 тонна пиллаи навъи омехта истеҳсол гардид, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар як қуттӣ 29 килограммӣ пилла рост меояд. Мутахассисон сабабҳои коҳишёбии истеҳсоли пилларо дар сифати пасти тухми кирмаки ватанӣ ва нисбатан дер ворид шудани кирмакҳои хориҷӣ донистаанд. Оид ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта ба масъулон дастуру пешниҳодҳои судманд дода шуданд.
Оид ба татбиқи марҳилаи дуюми «Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2020» зикр гардид, ки бо дастгирии раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят тавассути соҳибкорони маҳаллӣ корҳои бунёдкорию созандагӣ идома ёфта, танҳо соли гузашта 304 ва дар ҳашт  моҳи соли ҷорӣ 110 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудаанд. Дар қаламравӣ вилоят зиёда аз 66,5 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ, 25 ҳазору 802 соҳибкор бо патент ва 6 ҳазору 35 нафар бо шаҳодатнома фаъолият намуда истодаанд. Шумораи соҳибкорон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 ҳазору 712 нафар зиёд шудааст. Дар доираи иҷрои даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вусъат додани бунёдкорию ободонӣ бахшида ба Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят сохта ба истифода додани 4 ҳазору 374 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Сипас, масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, пешниҳодҳои ҷолиб ироа шуданд. Раиси вилоят оид ба иҷрои нақшаҳо ва ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дод. Вобаста ба масоили баррасишуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Зокир ҲАСАН,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.10.2018    №: 202    Мутолиа карданд: 230

22.10.2019


Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҳамкориҳои Чин – Осиёи Марказӣ

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳейти Мяемеэс

Тоҷикистон дар раддабандии «AFAR» ҷойи аввалро гирифт

Дар Исфара машварати омӯзишӣ баргузор мешавад

9 ноябр - бозии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистону Малайзия

Амалиёти Туркия дар Сурия боиси тарки манзил кардани 70 ҳазор кӯдак шуд

Дар Қазоқистон ба собиқ Президент Назарбоев ваколатҳои бештар доданд

ВКХ Туркия: «Мо амалиётро идома медиҳем, агар террористон нараванд»

Омодашавии ИМА барои аз Афғонистон пурра баровардани артиш

Громов: «Имтиёзҳои андозбандиву гумрукӣ метавонанд “Газпром”- ро ба Тоҷикистон ҳавасманд кунанд

Ҷаҳон дар як сатр

21.10.2019


Баррасии рушди ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Россия

Вохӯрии Давлаталӣ Саид бо Шэн Юэюэ

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Ҷонсон аз Иттиҳоди Аврупо то январи соли 2020 мавқуф гузоштани Брекситро хоҳиш намуд

Трамп умед дорад, ки ба қарибӣ бо Чин шартномаи тиҷоратӣ мебандад

Кандашавии сарбанд дар қарибии Красноярск боиси марги 15 нафар гашт

ИМА аз Афғонистон 5 ҳазор низомиашро мебарорад

Володин: «Россия ба кормандон аз Тоҷикистон ниёз дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед