logo

сиёсат

ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ САРОНИ ҲУКУМАТҲОИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СҲШ ДАР ҲУЗУРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

12 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай роҳбарони ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи шӯро ва сохторҳои доимамалкунандаи Созмони ҳамкории Шанхайро ба ҳузур пазируфтанд.
Барои иштирок дар ин нишасти сатҳи баланд Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян, Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бакитжан Сагинтаев, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Муҳамметкалӣ Абилгазиев, Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов, Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Сергей Румас, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Сушма Свараҷ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Мақдум Шоҳ Маҳмуд Курейшӣ, дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Рашид Олимов, директори Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Евгений Сисоев, намояндагони кишварҳои Эрону Муғулистон ва дигарон ба Тоҷикистон ташриф оварданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи роҳбарони ҳайатҳо ва иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори ҷаласаи шӯро барору комёбӣ ва натиҷаҳои пурарзиш орзу карданд.
Таъкид гардид, ки Созмони ҳамкории Шанхай имрӯз ҳамчун як сохтори муосиру бонуфузи муносибатҳои байналмилалӣ фаъолият дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ҳамкории кишварҳои аъзо дар асоси боварию эътимод ва эътирофи манфиатҳо барои муносибатҳои дарозмуҳлат ба роҳ монда шудаанд. Тоҷикистон ба масъалаи таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай аҳамияти аввалиндараҷа дода, тамоми кӯшишу талошҳоро барои рушду пешрафти он равона месозад.
Сарвари давлат гуфтанд, ки натиҷаҳои ҷаласаи имрӯза барои расидан ба ҳадафҳои созмон оид ба таъмиқу густариши муносибатҳои бисёрсамта байни давлатҳои аъзои созмон ниҳоят муҳим аст.
Таъкид гардид, ки таъмини амният ва сулҳу субот дар минтақаи фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай яке аз самтҳои  асосии  ҳамкории кишварҳои аъзои он мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ изҳор доштанд: “Омилҳои шиддатёбии таҳдидҳо ва хатарҳои глобалӣ моро водор месозанд, ки дар чаҳорчӯбаи созмон таваҷҷуҳи махсусро ба муборизаи муштарак бар зидди се хатар - терроризм, экстремизм, сепаратизм, ҳамчунин, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва силоҳ, паҳн кардани идеологияи динии радикалӣ, ҷинояткории кибернетикӣ ва шаклҳои дигари ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ равона созем”.
Тавре таъкид гашт, имрӯз мо шоҳиди фаъолшавии гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мебошем, ки ба амнияти минтақавӣ таҳдид мекунанд. Дар робита ба ин моро зарур аст, ки ҳамкории амалиро дар муборизаи муассир бар зидди гурӯҳҳои гуногуни террористӣ ва экстремистӣ тақвият бахшем.
Ноил шудан ба муваффақият дар ин масъала асосан аз ҳамоҳангсозии мавқеъгирии умумӣ дар муайян кардани моҳияти зуҳуроти терроризм ва экстремизм дар сатҳи байналмилалӣ вобаста аст. Бинобар истифода аз "меъёрҳои духӯра" дар муносибат ба ин масъала гурӯҳҳои мухталифи радикалӣ аз парастории иттилоотиву сиёсӣ, молиявӣ ва дастгириҳои дигари ташкилоту ҷонибҳои алоҳида бархӯрдоранд.
Гуфта шуд, ки дар самти ҳамоҳангсозии самараноки талошҳои давлатҳои аъзо дар мубориза бар зидди таҳдидҳо ва мушкилоти ҷаҳонӣ, сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай нақши муҳим мебозад.
Қочоқи маводи мухаддир, ки яке аз сарчашмаҳои асосии дастгирии молиявӣ барои ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ мебошад, ҳамчун мушкилоти дигар дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ номбар шуд. "Ноил гаштан ба муваффақият дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир асосан аз тақвияти талошҳои мо ва амалҳои ҳамоҳангшуда дар ин самт вобаста аст. Дар робита ба ин, мо диққати шуморо ба муҳимияти таъсиси сохтори алоҳидаи Созмони ҳамкории Шанхай барои муқовимат бар зидди таҳдиди маводи мухаддир ҷалб месозем", - зимни баррасии масоили амниятӣ таъкид доштанд Сарвари давлат.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки субот ва амният дар минтақаи Созмони ҳамкории Шанхай ва атрофи он мустақиман ба вазъияти феълии Шарқи Наздик ва Афғонистон алоқаманд аст.
Дар робита ба ин таъкид гардид, ки барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон омили муҳиму калидии таҳким ва таъмини амнияти умум ва субот дар минтақаи Созмони ҳамкории Шанхай мебошад.
Дар суханронии худ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои равобити иқтисодиро, ки яке аз самтҳои асосии ҳамкорӣ дар доираи созмон мебошад, махсус таъкид карданд .
Пешниҳод гардид, ки ба рушди минтақавии долонҳои нақлиётиву  транзитӣ, ки мамлакатҳои моро мепайванданд, диққати махсус дода шавад. Дар ин замина пешбурди лоиҳаҳои муштарак оид ба таҷдиди роҳҳои мошингузар ва роҳи оҳан, инчунин, ташаккули хатҳои нави нақлиётӣ аҳамияти муҳим доранд.
Дар робита ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика Сарвари давлати Тоҷикистон воқеияти афзоиши мунтазами истеъмоли энергия бинобар  рушди иқтисодиёти минтақаи Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин, тамоюли афзоиши аҳолӣ дар фазои онро махсус зикр карданд.
Масъалаҳои тағйирёбии иқлим, аз ҷумла, аз ҳад зиёд партофтани гази карбон ба атмосфера, ҳамчун омиле номида шуд, ки бояд дар доираи рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ба он таваҷҷуҳ зоҳир гардад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки дар чаҳорчӯбаи ҳамкории васеъ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки рушди истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза ҳамчун яке аз омилҳои калидӣ барои пешбурди иқтисоди “сабз” муҳим мебошад.
Ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ, аз ҷумла таъмини амнияти озуқаворӣ дар минтақа, бо ҷорӣ кардани технологияҳои инноватсионӣ дар ҳама самтҳои фаъолияти хоҷагидорӣ, аз ҷумлаи масъалаҳои мубрами робитаҳои иқтисодӣ дар чаҳорчӯби СҲШ арзёбӣ гардид.
Робитаҳо дар соҳаи фарҳангу гуманитарӣ ҳамчун яке аз самтҳои дигари муҳими ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи созмон муайян карда шуданд, ки ба наздикшавии халқҳои минтақаи Созмони ҳамкории Шанхай мусоидат мекунанд.
Дар охири суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай барору комёбӣ орзу намуда, зикр карданд, ки Тоҷикистон чун яке аз муассисони Созмони ҳамкории Шанхай минбаъд низ барои густариши ҳамкории мутақобилан судманд байни давлатҳои аъзо ва баланд бардоштани нақши созмон дар робитаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад.

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.10.2018    №: 202    Мутолиа карданд: 265

28.01.2020


Иқтидори энергетикии кишвар рӯ ба афзоиш дорад

Азнавбақайдгирӣ. Ҷараёни иҷро нигаронкунанда боқӣ мемонад

Тоҷикистону Эрон. Ҳамкориҳои гумрукӣ таҳким меёбанд

Ноҳияи Рӯдакӣ. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

СММ ИМА ва Россияро ба тамдиди созишномаи ССҲ-3 даъват намуд

Аксарияти нафароне, ки мубталои коронавирус шуданд, аз 60 - сола боло мебошанд

Дар Қазоқистон бо офияти занҳое машғул мешаванд, ки аз Сурия баргаштанд

Ҳамлаи малах ба Африқои Ҷанубӣ боиси нигаронии сахти СММ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

27.01.2020


«ҶОМИ РУШД - 2020». Наврасони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра гаштанд

Заминларзаи сахт дар Туркия ва ҳалокати 38 нафар

Зеленский аҳамияти музокироти бевосита бо Путинро таъкид дошт

Гуфтушуниди Лукашенко дар бораи хариди нафт бо ИМА, АМА ва Арабистони Саудӣ

Дар ИМА музокироти тиҷоратӣ бо Британияро дар як сол анҷом доданианд

Ҷаҳон дар як сатр

26.01.2020


Тасдиқи рамзи "30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Тасдиқи рамзи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019 - 2021

Ноҳияи Дӯстӣ. Қонуншиканиҳо коҳиш меёбанд

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ

Файзобод. Рӯ ба рушд

ОЗМУНИ ЧИНИИ "ОВОЗИ ТИЛЛОӢ". Ғолибон муайян шуданд

"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон дар финал

Дар Чин усули табобати коронавирусро пайдо намуданд

Путин вохӯрии панҷ аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ - ро пешниҳод намуд

Макрон пешниҳоди Путинро дар бораи вохӯрии кишварҳои аъзои доимии Шӯрои амният хуш пазируфт

Эътилоф амалиёти низомиро дар Ироқ боздошт

Меркел дар Давос бо сарони Ироқ ва Афғонистон вохӯрд

Ҷаҳон дар як сатр

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед