logo

иқтисод

КВД "ПОЧТАИ ТОҶИК". ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ҶАДИДИ РУШД

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1994 узви комилҳуқуқи Иттифоқи ҷаҳонии алоқаи почта (ВПС) ба ҳисоб рафта, бо 192 давлати дунё мубодилаи почтаро ба роҳ мондааст. Дар Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи тоҷик» ҳамчун танзимгари алоқаи почта хизматрасониро ба аҳолӣ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаю созмонҳо, вазорату идораҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта», дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Ҷиёнхон Ёрализода, директори генералии КВД «Почтаи тоҷик», иброз дошт, ки корхона дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба андозаи 5853293 сомонӣ хизмати почта расондааст ва ин  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 267640 сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми умумии муросилоти алоқаи почта 661 тоннаю 930 килограмм буда, 124 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Ҳаҷми муросилоти воридотӣ бошад, 54 тоннаю 122 килограмм ва содирот 20 тоннаю 369 килограммро дар бар мегирад.
Почтаи дохилӣ асосан тариқи нақлиёти рӯизаминӣ кашонда шуда, ҳаҷми он ба 587 тоннаю 439 килограмм расидааст. Умуман, даромади асосии КВД «Почтаи тоҷик» аз ҳисоби ташкили обуна ва дастрасии матбуоти даврӣ мебошад, ки кормандони соҳа ба ин самти фаъолият диққати ҷиддӣ медиҳанд. Хушбахтона, корхонаи мазкур бо ҳама рӯзномаю маҷаллаҳо ҳамкории зич ба роҳ мондааст. Обунаи рӯзномаю маҷаллаҳо ба 1 октябри соли 2018 ба миқдори 450737 нусха буда, дар ин давра ба обунашавандагон 19 миллиону 868 ҳазору 478 адад рӯзномаю маҷаллаҳо дастрас гардид.
 Айни замон маъракаи обунашавӣ барои соли 2019 оғоз шуда, босуръат ҷараён дорад ва ҳамаи 60 рӯзнома ва 34 маҷалла ба феҳрасти рӯзномаю маҷаллаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 шомиланд.
- Мутаассифона, обунаи шахсӣ хеле кам мебошад. Бештари обуна аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳо иҷро гардида, вақти он расидааст, ки обунаи сарикасӣ ба роҳ монда шавад, то ин ки бо дастрасии қишри осебпазири ҷомеа ба иттилоот ҳимояи фазои иттилоотии кишвар мақсаднок амалӣ гардад,  - гуфт Ҷиёнхон Ёрализода. Барои ин масъулони КВД «Почтаи тоҷик», хусусан хаткашонҳо, кӯшиш доранд, то бастаи рӯзномаю маҷаллаҳоро ба обунашавандагон сари вақт бурда расонанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо низ ин ҷо талош бар он меварзанд, ки аз рӯйи имконият талаботи моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта» - сархати чорум «мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳаллҳо вазифадоранд ташкилотҳои давлатии алоқаи почтаро дар биноҳои истиқоматӣ ё дигар бандҳое, ки ба меъёрҳои технологӣ мувофиқанд, ройгон ҷойгир намоянд» пурра иҷро карда, мушкили ба деҳотиён сари вақт дастрас шудани рӯзномаю маҷаллаҳоро бартараф созанд.
Хушбахтона, бо дастгирии бевоситаи сардори Хадамоти алоқаи назди  Ҳукумати ҷумҳурӣ вазъи нақлиётии КВД «Почтаи тоҷик» барои бурда расондани муросилоти почта бамаротиб беҳтар шуда, ҳоло зиёда аз 30 адад нақлиёти наву замонавӣ дар хидмати мардуманд.
Барои рушди минбаъдаи алоқаи почта КВД «Почтаи тоҷик» тиҷорати электрониро ба роҳ монда, дар ҳамкорӣ бо давлатҳои Чин, Россия ва Ӯзбекистон лоиҳаҳои нави ҷавобгӯ ба талаботи муосирро тарҳрезӣ кардааст, ки барои тараққӣ ва дар сатҳи нисбатан наву пешрафта фаъолият намудани КВД «Почтаи тоҷик» мусоидат менамоянд.
О. ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»

 

 

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.10.2018    №: 203    Мутолиа карданд: 281
02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.06.2020


ХУШХАБАР. 72,4 ДАРСАДИ СИРОЯТШУДАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

ҚУБОДИЁН. БОЗДИДИ ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА АЗ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ЯХМОС

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. АВВАЛИН БОХТҲОИ "ФАЙЗКАНД" ВА "ХАТЛОН"

СУТ: «МО ШОҲИДИ ҚАҲРАМОНӢ ВА ФИДОКОРИИ ПИЗИШКОНИ ТОҶИК БУДЕМ»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТОҶИКИСТОН. 71,2 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС СИҲАТ ШУДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед