logo

иқтисод

ЛАХШ СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

Вусъати корҳои бунёдкорию созандагӣ, ки дар ноҳияи Лахш ҷараён доранд, на танҳо вирди забони рӯзноманигорон ва сокинони ноҳияи Лахш, балки мардуми ноҳияҳои водии Рашт ва минтақаҳои дигари кишвар гардидааст.
Мо, як гурӯҳ хабарнигорони рӯзномаи «Ҷумҳурият», чанде пеш бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни омодагӣ ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озими ин ноҳия шудем.
Бунёди дарвозаи даромадгоҳи ноҳия, воқеъ дар мавзеи Сайрон, барои бехатарии ҳаракати нақлиёт бо лампаҳои офтобӣ чароғон намудани маҳалҳои аҳолинишин дар ду тарафи шоҳроҳи байналмилалӣ то сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон, чароғон намудани шаҳраки Ваҳдат - маркази маъмурии ноҳия, инчунин, қомат афрохтани биноҳои замонавии навбунёд, насби шиору овезаҳо, дар шафати роҳҳо сохта ба истифода додани ҳаммому инфрасохтори дигари зарурии  сайёҳӣ аз рафти чунин корҳо шаҳодат медоданд.
Файзулло Баротзода, раиси ноҳия моро дар назди бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо чеҳраи кушод истиқбол гирифт. Дар дафтари кории раис дар хусуси рафти корҳои ободонӣ суҳбат кардем. Файзулло Баротзода вусъати корҳои ободониро аз дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ кард.
Ӯ таъкид намуд, ки Лахш дорои имкониятҳои зиёди рушд аст. Табиати афсункор барои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мувофиқ аст. Бинобар ин, шароити мусоиди сайру саёҳат фароҳам овардан барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ дар ин гӯшаи дурдаст дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои муаззам қарор дорад.
Ҷиҳати бунёди инфрасохтори муосири сайёҳӣ ва дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ мондани хизматрасонӣ як қатор тадбирҳои ҳадафманд роҳандозӣ гардидаанд. Аз ҷумла, шоҳроҳи аз ҳудуди ноҳия гузаранда ва роҳҳои маҳаллӣ аз таъмири асосӣ ва ҷорӣ бароварда шуданд. Дар шаҳраки Ваҳдат шаш меҳмонхонаи ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир барои қабули сайёҳони дохилию хориҷӣ ба истифода дода шуд. Аҳолии ноҳия даромаднокӣ ва беҳтар кардани шароити иқтисодиро тавассути соҳаи сайёҳӣ дарк карда, ба сохтмони меҳмонхона ва тарабхонаҳои замонавӣ шурӯъ намудаанд.
Аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои дар сатҳи зарурӣ доир гардидани экспедитсияҳо, аз ҷумла бо ҷойи хоб ва хӯроки гарм таъмин намудани сайёҳон ва фароҳам овардани шароити мувофиқ дар бошишгоҳҳои муваққатии онҳо, таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда мешавад. Дар ноҳия меҳмонхонаҳо ва ошхонаҳои миллии замонавӣ фаъолият доранд, ки ба сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ хизмат мерасонанд.
Корхонаҳои саноатии ноҳия дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 4 миллиону 937 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта1 миллиону 179,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Коргоҳи дӯзандагии «Сумая», ки соли 2017 дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид бунёд ёфт, беш аз 5 ҳазор ҷуфт либоси мактабӣ истеҳсол намуд. Имсол заминаи моддию техникии он васеъ гардида, шумораи кормандонаш ба 25 нафар расонда шуд ва аксари онҳо занону духтарони маҳаллӣ мебошанд.
Танҳо дар нимаи аввали соли ҷорӣ 66 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ таъсис ёфта, қариб 80 нафар бо ҷойи нави корӣ таъмин гардид. Аз тарафи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Ваҳдат, Ҷиргатол, Қашот, Лахш ва Муксу курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касбҳои кандакорӣ, дӯзандагӣ, намадрезӣ ва гулдӯзӣ ташкил гардид ва дар онҳо 120 нафар, аз ҷумла 100 нафар зан, соҳиби касбу ҳунар шуд.
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Лахш барои солҳои 2018 - 2020 140 лоиҳаро дар бар гирифта, маблағи умумии онҳо 82,2 миллион сомониро ташкил медиҳад. 46 лоиҳа ба маблағи 17,5 млн. сомонӣ ба соҳаҳои иқтисодӣ, 48 лоиҳа ба маблағи 32,7 млн. сомонӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ, 6 лоиҳа ба маблағи 1 млн. сомонӣ ба соҳаҳои ҳифзи муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулода, 35 лоиҳа ба маблағи 30,2 млн. сомонӣ ба рушди инфрасохтор ва 5 лоиҳа ба маблағи 0,7 млн. сомонӣ ба бахши таъминоти захиравӣ нигаронда шудаанд. Айни ҳол аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, шарикони рушд ва соҳибкорон татбиқи 12 лоиҳа ҷараён дорад. Маблағи умумии онҳо 523,5 ҳазор сомониро ташкил менамояд.
Ҷиҳати зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди боғҳои нав ва барқароркунии боғҳои куҳна, зиёд намудани майдони кишти зироатҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Имсол 41 гектар боғҳои куҳна барқарор ва дар 50 гектар заминҳои талу теппа боғҳои нав бунёд шуданд.
Картошкапарварӣ барои сокинони ноҳия яке аз бахшҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад. Иқлим ва заминҳои ҳосилхези водӣ барои кишти хушсифати картошка мувофиқанд. Тавассути таъмиру барқарорсозии шабакаҳои обёрӣ, зиёд намудани тухмиҳои серҳосили маҳаллӣ ва истифодаи босамари техникаи кишоварзӣ майдони кишти картошкаро ба 3 ҳазор гектар расонданд.
Бо истифода аз имкониятҳои васеи табиӣ чорводорон низ ба дастовардҳои назаррас ноил шуданд. Ҳоло саршумори чорвои калон дар ҳама шакли хоҷагидорӣ қариб 30 ҳазор ва моли майда 135 ҳазор сарро ташкил медиҳад.
Занбӯри асал қариб ба 5 ҳазор оила расонда шуд.
Худодод ЗАЙНИДДИН,
«Ҷумҳурият»

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.10.2018    №: 203    Мутолиа карданд: 240

22.10.2019


Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҳамкориҳои Чин – Осиёи Марказӣ

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳейти Мяемеэс

Тоҷикистон дар раддабандии «AFAR» ҷойи аввалро гирифт

Дар Исфара машварати омӯзишӣ баргузор мешавад

9 ноябр - бозии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистону Малайзия

Амалиёти Туркия дар Сурия боиси тарки манзил кардани 70 ҳазор кӯдак шуд

Дар Қазоқистон ба собиқ Президент Назарбоев ваколатҳои бештар доданд

ВКХ Туркия: «Мо амалиётро идома медиҳем, агар террористон нараванд»

Омодашавии ИМА барои аз Афғонистон пурра баровардани артиш

Громов: «Имтиёзҳои андозбандиву гумрукӣ метавонанд “Газпром”- ро ба Тоҷикистон ҳавасманд кунанд

Ҷаҳон дар як сатр

21.10.2019


Баррасии рушди ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Россия

Вохӯрии Давлаталӣ Саид бо Шэн Юэюэ

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Ҷонсон аз Иттиҳоди Аврупо то январи соли 2020 мавқуф гузоштани Брекситро хоҳиш намуд

Трамп умед дорад, ки ба қарибӣ бо Чин шартномаи тиҷоратӣ мебандад

Кандашавии сарбанд дар қарибии Красноярск боиси марги 15 нафар гашт

ИМА аз Афғонистон 5 ҳазор низомиашро мебарорад

Володин: «Россия ба кормандон аз Тоҷикистон ниёз дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед