logo

суханрониҳо

Cуханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни 70-солагии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, шаҳри Душанбе, 20 ноябри соли 2009

Мӯҳтарам омӯзгорон
ва донишҷӯёни азиз!
Меҳмонон ва ҳозирини гиромӣ!

Шумо хуб дар ёд доред, ки соли гузашта дар ҳамин рӯзҳо мо ба муносибати ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббӣ баъди азнавсозӣ ҷамъ омада, дар баробари нақш ва аҳамияти донишгоҳ дар тарбияи кадрҳо ва рушди тибби Тоҷикистон, инчунин як қатор масъалаҳои умдаи соҳаро низ мавриди баррасӣ қарор дода будем. Дар ҳамон вохӯрӣ аҳд карда будем, ки дар ҷашни 70-солагии донишгоҳ боз бо ҳам мулоқот хоҳем кард. Ва имрӯз, ки мо ба ифтихори ин санаи фараҳбахш гирди ҳам омадаем, ҳамаи шумо – омӯзгорону толибилмон ва тамоми кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистонро, ки асосан хатмкардагони ҳамин боргоҳи маърифат мебошанд, ба ифтихори ҷашни мубораки 70-солагии он самимона табрик мегӯям.           
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, ки номи мутафаккири барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абӯалӣ ибни Синоро дорад, яке аз аввалин муассисаҳои таълимии кишварамон буда, фаъолияти худро ҳанӯз соли 1939 оғоз карда буд.
Бояд гуфт, ки ҳарчанд рушди тибби муосири Тоҷикистон бо фаъолияти ҳафтодсолаи донишгоҳ пайванди мустақим дорад, вале ин муддат дар муқоиса бо таърихи хеле қадимаи тибби аҷдодии тоҷикон, ки хазинаи илми башарро бо асарҳои олимону табибони шӯҳратёри худ ғанӣ гардонидаанд, муддати чандон тӯлонӣ нест. Чунки таърихи тибби ниёгони мо ҳанӯз аз Авасто - яке аз қадимтарин ёдгориҳои хаттии тамаддуни башар оғоз гардида, аллакай дар асрҳои сеюм – ҳафтуми мелодӣ хеле рушд ёфта буд, ки дар он замон мактаби тиббии Гундишопур ташаккул ёфта, заминаи усулии илми тибби ниёгони моро гузошта буд. Номи бисёр устодони ин мактаби тиббӣ, аз ҷумла Сардори Академияи Гундишопур - Бахтишои I, Ҷурҷис, Бахтишои II, Абдулло ибни Муқаффаъ ва дигарон дар асарҳои олимони барҷастаи баъдӣ Абӯбакри Розӣ ва Абӯалӣ ибни Сино зикр шудааст.
Шӯҳрати илми тибби тоҷикон дар садсолаҳои минбаъда низ дар манотиқи гуногуни олам идома пайдо карда буд. Масалан, аҳди Сомониён ба тамаддуни башарӣ яке аз саромадони илми тиб Абӯбакри Розиро эҳдо намуд. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ ӯ муаллифи қариб 300 таълифоти илмист, ки беш аз 60 адади он ба соҳаи тиб бахшида шудааст.
Аз асарҳои Абӯбакри Розӣ бисёр уламои маъруфи тиб ва шахсиятҳои бузург, аз ҷумла Абӯалӣ ибни Сино баҳраи фаровон бардоштаанд.
Фарзанди фарзонаи тоҷикон Абӯалӣ ибни Сино, ки ҳамчунин дар ҳамон давраҳо ба камол расидааст, аз барҷастатарин мутафаккирони халқи мо буда, ба инкишофи илми замони худ ва асрҳои минбаъда таъсири бузург расонидааст. Китоби машҳури Шайхурраис «Қонуни тиб» тайи садсолаҳо яке аз китобҳои рӯимизии кулли табибон ва дастури таълимии бузургтарин муассисаҳои тиббии ҷаҳон ба шумор мерафт. Дар таърихи тамаддуни башар камтар китоберо пайдо кардан мумкин аст, ки мисли ин шоҳасар дар муддати ҳазор сол ба ҷумлаи табибони олам, сарфи назар аз тавофути забониву миллӣ, расму оин ва дину мазҳаби онҳо холисона ва яксон хизмат карда бошад. Гузашта аз ин, «Қонуни тиб» дар пайдоиш ва ташаккули мактаби тиббии аврупоиён нақши бағоят муҳим бозидааст. Нақшу мақоми табибону олимони мардуми мо дар инкишофи илми тиб дар асрҳои минбаъда низ кам нашудааст.
Дар давраҳои минбаъда осори Ибни Сино, Абӯбакри Розӣ, Исмоили Ҷурҷонӣ, ки шоҳасари ӯ «Захираи Хоразмшоҳӣ» дар такомули илму амалияи тибби ҷаҳонӣ хизмати бузург кардааст, аз ҷониби садҳо табибону донишмандони халқҳои гуногун нусхабардорӣ ва истифода шудаанд, ки ин, албатта, боиси ифтихори мо – тоҷикон мебошад.
Мо ҳамчун ворисони воқеии ин абармардони илми тиб, аз ҷумла Абӯалӣ ибни Сино имрӯз дар навбати худ вазифадорем, ки ҳамеша барои сазовори номи неки онҳо шудан кӯшиш намоем, кадрҳои баландихтисос тарбия кунем, то ин ки дар рушди илми тибби муосир низ мавқеи худро нигоҳ дошта тавонем.
Давлат ва Ҳукумати мамлакат солҳои охир аз ҷониби худ ба таълиму тарбияи кадрҳои соҳаи тиб, ҳалли масъалаҳои соҳаи тандурустӣ ва умуман рушди тиб таваҷҷӯҳ ва афзалияти махсус медиҳад. Зеро ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии мо мебошад.
Дар ин замина соли 2006-ум Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро барои солҳои 2006–2015 қабул намуд, ки тарбияи кадрҳои баландихтисос ҳадафи асосии он мебошад.
Бо мақсади таҳкими заминаҳои моддиву техникии донишгоҳ, агар солҳои 2002-2005 ҳамагӣ чоруним миллион сомонӣ маблағгузорӣ шуда бошад, пас ин рақам дар чор соли охир зиёда аз 41 миллион сомониро ташкил додааст.
Дар ин давра теъдоди донишҷӯён низ қариб ду баробар афзудааст, яъне аз 3870 нафари соли 2003 ба қариб 6 ҳазор нафар дар соли таҳсили 2009 – 2010 расидааст.
Ҳоло дар донишгоҳ, аз ҷумла дар шӯъбаи тайёрии он аз 15 мамлакати дунё зиёда аз 500 нафар донишҷӯ таҳсил мекунад. Умуман, ин боргоҳи илму маърифати тиббӣ дар тӯли таърихи 70-солаи худ 32500 нафар мутахассиси дорои маълумоти олиро аз рӯи чандин ихтисос тарбия кардааст.
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон қариб 650 компютер дар хизмати донишҷӯёну устодон қарор дорад, ки аз ин ҷумла 180 компютер ба шабакаи ҷаҳонии Интернет пайваст мебошад. Ҳоло дар маҷмӯъ ба 9 нафар донишҷӯ як компютер рост меояд, ки ин яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин ба шумор меравад.
Донишгоҳ имрӯз дорои 27 озмоишгоҳ мебошад, ки 14 адади он танҳо дар давоми се соли охир барқарор ва ташкил карда шудааст. Ҳамчунин, аз мулоқоти охирини мо то имрӯз дар донишгоҳ шаш маркази нав, аз ҷумла «Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзӣ», «Маркази тарҷумаи адабиёт ва истилоҳоти соҳавӣ» ва монанди инҳо ташкил шудаанд. 
Ғайр аз ин, дар панҷ соли охир барои зарурати донишҷӯён ба маблағи умумии 2 миллион сомонӣ зиёда аз 70 ҳазор ҷилд китоб харидорӣ шудааст, ки ин рақам нисбат ба панҷ соли гузашта (солҳои 2000 – 2004) қариб 5 баробар зиёд аст.
Таъминоти донишҷӯён бо китобҳои дарсии ба забони давлатӣ таҳия ё тарҷумашуда аз 32 фоизи соли гузашта имрӯз ба 86 фоиз расидааст.
Дигар ин, ки дар давоми солҳои 2005-2009 ҷиҳати анҷом додани корҳои таъмиру сохтмони донишгоҳ 24 миллион сомонӣ ва харидории таҷҳизот ва дигар асбобу маводи таълимӣ 9 миллион сомонӣ сарф шудааст.
Ҳангоми мулоқоти соли гузашта супориш дода будам, ки ду хобгоҳи ба донишгоҳ тааллуқдошта баргардонида шавад. Ду рӯз пеш яке аз ин хобгоҳҳо пурра таъмир ва таҷҳизонида шуд ва мавриди истифода қарор гирифт. Ба иловаи як хобгоҳе, ки таҳти таъмир қарор дорад, ба мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки то оғози соли 2010 ду хобгоҳи дигарро низ ба ихтиёри донишгоҳ супоранд.
Дар масъалаи таъминоти моддии ҳайати профессорону устодони донишгоҳ низ беҳбудиҳои назаррас мавҷуданд. Масалан, профессор соли 2004-ум 80 сомонӣ маош мегирифт, лекин имрӯз маоши ӯ қариб ҳабдаҳ баробар афзуда, зиёда аз 1400 сомониро ташкил медиҳад. 
Мо хуб медонем, ки дар гузашта Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар таълиму тарбияи кадрҳои баландпояи тиббӣ шӯҳрати зиёд дошт. Боиси ифтихор аст, ки дастпарварони он имрӯзҳо дар зиёда аз 40 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Федератсияи Русия, Англия, Олмон, Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, Эрон, Афғонистон, Чин, Туркия, Ҳиндустон, Яман ва як қатор давлатҳои Африқо кор мекунанд.
Соли гузашта дар ҷараёни сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Яман ман бо як гурӯҳи калони ҳамватанонамон, ки дар ин ҷумҳурии арабӣ кору зиндагӣ мекунанд, мулоқот доштам.
Ҳангоми сӯҳбат онҳо изҳор доштанд, ки ҳоло зиёда аз 700 нафар табиби тоҷик, ки ҳама хатмкардагони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон мебошад, дар он кишвар фаъолият дорад.
Дар айни ҳол як қатор давлатҳои дигари ҷаҳон, аз ҷумла Федератсияи Русия ва Арабистони Саудӣ низ табибони моро барои кор ба кишвари худ даъват карда истодаанд. Албатта, ин падидаи нек аст, ки мутахассисони мо барои худ дар кишварҳои дигар ҷою мақом пайдо карда истодаанд. Лекин раванди мазкур имрӯз дар назди кормандони вазорату донишгоҳ ва ҳар як устоду омӯзгори он дар самти тарбияи кадрҳои миллӣ ва дорои донишу малакаи баланд омода намудани онҳо вазифаҳои беш аз пеш масъулиятнок ва муҳимро низ мегузорад. Яъне роҳбарони вазорат, донишгоҳ, ҳайати профессорону устодон ва кормандони донишгоҳ масъул ва ӯҳдадоранд, ки бо истифода аз шароит ва имкониятҳое, ки имрӯз дар донишгоҳ фароҳам оварда шудаанд, дар ҷараёни фаъолияти ҳаррӯзаашон ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ҳамчун масъалаи муҳимтарини рӯз муносибат карда, шогирдонро ба амиқу ҳамаҷониба омӯхтани назария ва дастовардҳои амалии тибби муосир, ҳамчунин маърифату маданияти баланди пешаи табибӣ ташвиқ ва водор намоянд.
Ба шумо – омӯзгорони мӯҳтарам муроҷиат карда, таъкид месозам, ки бо дарназардошти талаботи дохиливу хориҷии кишвар дар баробари тарбияи кадрҳо аз рӯи ихтисосҳои мавҷуда, инчунин кадрҳои баландихтисос ва лаёқатманди соҳаи генетикаи тиббӣ, трансплантология, микрохирургия ва дигар соҳаҳои навтарини илми тибро ба камол расонида, шогирдони навовару ҷӯянда, дорои тафаккури нави тиббӣ, огоҳ аз дастоварду кашфиёти илми тибби ҷаҳонӣ, технология ва таҷҳизоти навтарин, хулоса, табибони муосир, соҳибмаърифату ватандӯст ва дорои дасту дили покро тарбия намоед.   
Ҳозирини мӯҳтарам!
Тавре ки зикр гардид, масъалаи ҳифзи саломатии аҳолии мамлакат яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлати Тоҷикистон мебошад. Бо ин мақсад барои соҳаи тандурустӣ ҳамасола аз буҷети давлатӣ маблағҳои зиёд ҷудо карда мешаванд. Натиҷаи ҳамин аст, ки дар давоми солҳои истиқлолият дар саросари кишвар беш аз 700 муассисаи соҳаи тандурустӣ бунёд ва таъмиру таҷдид гардида, ба маблағи умумии беш аз 400 миллион сомонӣ таҷҳизоти замонавии тиббӣ харидорӣ гардидааст.
Ҷиҳати таъмини рушди соҳаи тандурустӣ, беҳтар намудани шароити беморхонаву дармонгоҳҳо ва таҳкими заминаи моддиву техникии онҳо, ҳамчунин ҷорӣ кардани усулҳои муосири хизматрасонии тиббӣ ҳоло дар мамлакат даҳҳо лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ шуда истодаанд, ки маблағи умумии онҳо беш аз 500 миллион сомониро ташкил медиҳад. 
Бо истифода аз он, ки дар толор роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ аз вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳузур доранд, мехоҳам зикр намоям, ки бо мақсади такмили сохтори идоракунии соҳаи тандурустӣ имрӯзҳо лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шӯъба ва бахшҳои тандурустӣ дар сохтори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» мавриди баррасӣ қарор дорад. Ҳамчунин, бо мақсади рушди устувори соҳаи тиб Консепсияи ислоҳоти тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи тандурустии аҳолӣ дар давраи то соли 2010-ум қабул карда шудааст. Илова бар ин, бо мақсади ташаккул ва инкишофи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва татбиқи Стратегияи маблағгузории соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2005-2015 дар муассисаҳои табобатии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд маблағгузории сарикасӣ ҷорӣ карда шудааст.
Татбиқи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар 8 ноҳияи таҷрибавии мамлакат идома дорад. Ин тадбир имконият медиҳад, ки табақаҳои ҷудогонаи аҳолии кишвар аз кӯмаки ройгони аввалияи тиббиву санитарӣ баҳравар шаванд.
Яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ, ки барои дар сатҳи зарурӣ таъмин гардидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ мусоидат карда метавонад, дар баробари тавсеаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ густариш додани тибби оилавӣ мебошад. Ҳоло бо ин мақсад лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тибби оилавӣ” мавриди баррасӣ қарор дорад.
Дар доираи татбиқи Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемориҳои дил дар давраи солҳои 2007-2015 дар ноҳияи Рашт маркази байниноҳиявӣ ва дар шаҳри Хуҷанд Маркази солимгардонии беморони дилу рагҳо ба истифода дода шуд.
Таъмири пурраи Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии бемориҳои сил давом дошта, таъмири 8 маркази бемориҳои сил дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба итмом расидааст. Гузашта аз ин, дар доираи Барномаи мубориза бар зидди бемории сил ҳаҷми маблағгузории давлатӣ то имрӯз 3 баробар афзуда, 12 адад дастгоҳи рентгенӣ, 53 адад нақлиёти санитарӣ, сад ҳуҷраи ташхиси микроскопӣ бунёд ва дигар таҷҳизоти зарурӣ харидорӣ карда шуд. Дар Маркази ҷумҳуриявии клиникии ортопедӣ ва шӯъбаи осебшиносии шаҳри Хуҷанд бори аввал амалиёти ҷарроҳии мураккаб ба роҳ монда шуд. 
Аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии Президенти мамлакат барои Маркази ташхиси вилояти Суғд ба маблағи умумии якуним миллион сомонӣ дастгоҳи муосири томографи компютерӣ харидорӣ карда шуд, ки дар натиҷа мушкилоти мардуми корафтода дар вилоят хеле осон гардид.
Имрӯз дар муассисаҳои тандурустии мамлакат барои ташхис ва табобати бемориҳои гуногун 7 адад таҷҳизоти томографӣ насб гардида, имконияти ташхиси дақиқи бемориҳо фароҳам оварда шудааст. Ҷиҳати рушди соҳаи гиёҳдармонӣ дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат 36 нуқтаи гиёҳдармонӣ ташкил карда, 38 нафар мутахассиси ин бахш аз бозомӯзӣ гузаронида шуд. Ҳоло зарур аст, ки бо мақсади дуруст ба роҳ мондани ин кор низоми муайяни коркард ва таъминоти гиёҳҳои шифобахш, ки захираи он дар кишвари мо хеле зиёд аст, таҳия карда шавад.
Дар баробари ин, барои дар амал ҷорӣ намудани шаклҳои нави муолиҷа ва ҷарроҳии мураккаби бемориҳо, аз ҷумла пайванди гурда, қадамҳои нахустин гузошта шуданд, ки ин иқдоми нек, албатта, боиси дастгирист, зеро солҳои пеш ниёзмандон барои рафъи онҳо бо хароҷоти зиёд ба кишварҳои дигар мерафтанд.
Вобаста ба ин, ба Вазорати тандурустӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки дар масъалаи ҷорӣ кардани намудҳои нави муолиҷа, аз ҷумла ба роҳ мондани навъҳои муосири ҷарроҳӣ чораҳои зарурӣ андешанд. 
Мо имсол дар арафаи Рӯзи истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе Маркази тиббии хусусии Ибни Синоро кушодем, ки бо таҷҳизоту технологияи замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз буда, дар қатори муассисаҳои давлатии тиббӣ дар ташхису муоинаи дақиқи бемориҳо ва амалиёти ҷарроҳии мураккаб саҳмгузор мебошад.
Бо мақсади рушди тибби хусусӣ то имрӯз ба зиёда аз 300 нафар шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои фаъолияти хусусии тиббӣ иҷозатнома дода шудааст. Вале дар ин самт зарур аст, ки Вазорати тандурустӣ барои фароҳам овардани имконияти баробари табобат рақобати солимро дар миёни бахшҳои давлатӣ ва хусусии тандурустӣ ташкил карда, назоратро аз болои сатҳи хизматрасонии тиббӣ беҳтар созад ва иҷрои супоришҳои ҳангоми ифтитоҳи маркази мазкур додашударо таъмин намояд. Ҳамчунин, Вазорати тандурустӣ илова ба кӯмаки ройгони тиббӣ бояд доир ба масъалаи тадриҷан васеъ намудани номгӯи хизматрасониҳои тиббии пулакӣ низ чораҷӯӣ намояд.
Дӯстони азиз!
Ҳифз ва беҳдошти саломатии модарону кӯдакон ва ба талаботи замон мувофиқ гардонидани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба онҳо яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Бинобар ин, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ду санади муҳим - Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рушди саломатии кӯдакон ва наврасон барои давраи то соли 2015 ва Нақшаи миллии чорабиниҳо оид ба таъмини ҳифзи саломатии модарон дар давраи то соли 2014 қабул карда шудааст.  
Бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба модарон ва тифлони навзод дар назди Институти илмиву тадқиқотии Вазорати тандурустӣ ва як қатор беморхонаҳои вилоятиву шаҳрӣ шӯъбаҳои махсуси кӯмаки фаврии акушерӣ таъсис дода, онҳо бо таҷҳизоти зарурӣ ва  кадрҳои баландихтисос таъмин карда шудаанд.
Гузашта аз ин, дар заминаи институти мазкур ду сохтори мустақил - Маркази ҷумҳуриявии илмиву клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона ва Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии саломатии кӯдакон ба фаъолият шурӯъ намуд.
Ҷиҳати беҳтар намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои табобатии кӯдакона ва таваллудхонаҳои кишвар дар ду соли охир ба маблағи беш аз бист миллион сомонӣ таҷҳизоти тиббӣ ва лавозимоту доруворӣ харидорӣ карда шуданд.
Дар натиҷаи тадбирҳои то ба имрӯз андешидашуда ҳоло нишондиҳандаҳои фавти модару кӯдак то андозае беҳтар шуда истодаанд. Вале дар баробари ин, ҳодисаҳои фавти беморон дар натиҷаи беэҳтиётӣ ё хатои дар ҷараёни табобат рӯйдода ҳанӯз ҳам ба чашм мерасанд, ки ин андешидани чораҳои иловагӣ ва ҷиддиро аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва муассисаҳои табобатӣ тақозо мекунад.  Ҳамчунин, дар самти пешгирии бемориҳои сироятӣ, ки сатҳи гирифтории аҳолӣ ба онҳо дар баъзе ноҳияҳо баланд аст, тадбирҳои муассир бояд андешида шаванд.
Ҳамзамон бо ин, бояд гуфт, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи мутахассисон ва тибқи талабот тайёр кардани кадрҳо, махсусан дар самти кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббию фармасевтӣ қабул гардида, меъёрҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва нақшаҳои таълимӣ аз рӯи як қатор ихтисосҳо аз нав баррасӣ ва тасдиқ карда шуданд.
Соли гузашта дар раванди таҳсилоти баъдидипломии тиббӣ зинаи интернатура ворид карда шуд, ки ин ба баландшавии савияи дониш ва малакаи касбии  табибони оянда мусоидат менамояд. Дар айни ҳол қисми зиёди мутахассисони ҷавон зинаи мазкурро дар беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо гузашта истодаанд.
Вобаста ба ин, бояд қайд кард, ки ҳарчанд шумораи хатмкардагони тибқи роҳхат ба кор фиристодашуда дар соли 2008-ум беш аз 62 фоизро ташкил кардааст, вале аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ андешидани чораҳо барои дастгирӣ ва ҳавасмандкунии мутахассисони ҷавон то ҳанӯз қонеъкунанда нест.
Аз ин лиҳоз, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки ҳамкориро бо Вазорати тандурустӣ дар масъалаи ба ҷои кори фиристодашуда ҳозир шудани хатмкардагони донишгоҳ ба таври ҷиддӣ ба роҳ монанд. Зеро ҳоло як қатор ноҳияҳои дурдасти мамлакат аз нарасидани мутахассисони соҳаи тиб танқисӣ мекашанд.
Аз ин рӯ, ба масъулони соҳа, пеш аз ҳама раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бори дигар хотиррасон месозам, ки доир ба фароҳам овардани шароити мусоиди зист ва дастгириву ҳавасмандгардонии мутахассисони ҷавон, аз ҷумла хатмкардагони Донишгоҳи давлатии тиббӣ тадбирҳои муассир андешанд ва ин корро зери назорати доимӣ қарор диҳанд.   
Масъалаи дигари муҳим - тайёр кардани мутахассисони тибби оилавӣ мебошад, ки тибқи Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ самти афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди ин, ки масъалаи мазкур борҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, вале то ба имрӯз  чандон пешравӣ ба назар намерасад. Ҳарчанд талабот ба табибони оилавӣ беш аз чоруним ҳазор нафар ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ даҳ ҳазор нафарро ташкил медиҳад, вале то имрӯз дар мамлакат ҳамагӣ 1800 нафар табиб ва зиёда аз 2200 ҳамшираи тибби оилавӣ тайёр карда шудааст.
Бо мақсади беҳтар намудани сатҳи тарбияи мутахассисони миёнаи тиббӣ дар асоси супориши Ҳукумати кишвар аз тариқи коллеҷҳо ва омӯзишгоҳҳои тиббӣ дар назди зиёда аз 36 беморхонаи шаҳру ноҳияҳо гурӯҳҳои мақсаднок ташкил карда шудаанд. Кушодани чунин гурӯҳҳо имкон дод, ки теъдоди зиёди ҷавондухтарон аз ноҳияҳои дурдаст ба таҳсил ва кор фаро гирифта шаванд ва ин дар навбати худ барои ҳарчи бештар таъмин гардидани муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бо мутахассисони миёнаи тиббӣ мусоидат менамояд.
Дар давоми ду соли охир ҷиҳати танзими фаъолияти фармасевтӣ ва таъминоти аҳолии мамлакат бо дорувории хушсифат корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд.
Дар ин давра Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ», инчунин қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи қоидаи воридоту содироти маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, инчунин воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар тиб истифодашаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ” қабул гардиданд. Ҳамчунин, бо қарори Ҳукумати мамлакат сохторҳои ҷудогонаи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ, Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ва Хадамоти назорати санитариву эпидемиологӣ таъсис ёфтанд, ки бо санҷишу назорати фаъолияти тиббиву фармасевтӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ машғуланд. 
Дар солҳои 2008-2009 ба мамлакат ба маблағи умумии қариб 700 миллион сомонӣ маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ворид карда шудааст, ки ин нисбат ба солҳои 2006-2007-ум 30 фоиз зиёд мебошад.
Бо вуҷуди он, ки миқдори доруҳои аз қайди давлатӣ гузаронидашуда дар ин муддат нисбат ба ду соли пешин хеле зиёд гардида, ҳамчунин даҳҳо тонна маводи доруворию молҳои тиббӣ, маводи атторию ороишии ғайристандартӣ аз муомилот гирифта, нобуд карда шудаанд, вале сохторҳои дахлдор вазифадоранд, ки назоратро дар ин самт боз ҳам пурзӯр намоянд. Дар хотир бояд дошт, ки ин масъала бо саломатии мардум, генофонди миллат, яъне амнияти ҷомеа ва давлат вобаста мебошад.   
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз дар соҳаи тандурустии Тоҷикистон 115 доктор ва зиёда аз 500 нафар номзади илм, аз ҷумла 82 доктор ва 198 номзади илмҳои тиб дар Донишгоҳи давлатии тиб кору фаъолият менамоянд, ки ин қувваи бузург аст.
Дар асоси супориши Роҳбари давлат ва бо мақсади боз ҳам васеътар ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои илмии соҳа 31-уми августи соли ҷорӣ дар масъалаи таъсиси Академияи илмҳои тиб қарори дахлдори Ҳукумати Тоҷикистон қабул гардид. Яъне мо соҳиби боз як академияи соҳавӣ шудем. Акнун зарур аст, ки ин қувваи бузург ва имкониятҳое, ки олимону мутахассисони мо доранд, боз ҳам бештар ба манфиати мардуми кишвар, рушди соҳаи тандурустӣ ва ба талаботи замонаи пешрафт мутобиқ намудани он, васеъ ҷорӣ кардани дастовардҳои илму техника ва технологияи муосир ва муҳимтар аз ҳама, тарбияи кадрҳои баландихтисоси миллӣ равона карда шавад, ки ояндаи соҳаро ба даст гирифта, давлати соҳибистиқлоли хеш ва халқи худро ҳамчун вориси мероси бузурги гузаштагон, аз ҷумла пири ҳакимони Машриқзамин – Ибни Сино муаррифӣ карда тавонанд.  
Бо истифода аз фурсат, ман ба ҳамаи устодону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти тиббӣ муроҷиат карда, бори дигар як масъаларо таъкид месозам: шумо бо шахсоне сару кор доред, ки оянда ба онҳо одамон ҳаёти худро бовар мекунанд, яъне шогирдони имрӯзаи шумо фардо бо қиматтарин сарвати инсон – саломатӣ ва ҳаёти ӯ сару кор хоҳанд дошт. Ин масъаларо ҳамаи устодону омӯзгорон ва умуман, кулли кормандони соҳаи тандурустӣ бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд. 
Чун суханро аз “Авасто” ҳамчун нахустин сарчашмаи донишҳои тиббии ниёгонамон оғоз кардам, мехоҳам онро бо ҳикмати ҷовидонии авастоӣ, яъне “Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек” ба анҷом расонам, зеро ин ҳикмат ба иловаи донишу таҷриба ва малакаву маҳорат бояд муайянкунандаи фаъолияти касбии ҳаррӯзаи шумо – табибон бошад.
Бори дигар ҳамаи шумо - олимону устодони гиромӣ ва донишҷӯёни азизро ба муносибати 70-солагии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистони соҳибистиқлол табрику таҳният гуфта, ба шумо пеш аз ҳама тандурустӣ ва дар фаъолияти муқаддасу башардӯстонаатон барору кушоиш мехоҳам.
Хонаободу пирӯз бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 776

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед