logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

АСЪОРИ ХОРИҶӢ
Аз муомилоти ғайриқонунӣ
то ҷаримаи ҳангуфт
Суди шаҳри Ҳисор шаҳрванд Дилшод Шароповро дар  риоя накардани талаботи моддаи 286 қисми 2 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ муҷрим шинохта, ӯро ба андозаи 730 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки баробар ба 36500 сомонӣ аст, ҷарима баст.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, ҳангоми санҷиш муайян шудааст, ки Дилшод Шаропов, бар хилофи талаботи қонун амал карда, бе иҷозатномаи махсуси Бонки миллии Тоҷикистон 10100 (даҳ ҳазору сад) доллари амрикоиро ба маблағи умумии 93728 сомонӣ фурӯхта, амалиёти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷиро анҷом додааст.

"АДВОКАТИ МУРОФИАВӢ"
бо 45000 сомонӣ ба даст афтод
Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нафареро боздошт намуданд, ки барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани шаҳрванд Раҳматулло Ширинов аз пайвандони ӯ 45000 сомонӣ гирифтааст.
Бино ба иттилои сомонаи агентӣ, ин нафар Мавлутҷон Самихов буда, худро ҳамчун адвокати мурофиавӣ муаррифӣ намуда, бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Чуҳригул Ширинова даромада, бо баҳонаи тариқи мақомоти тафтишотӣ ва судӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани шавҳараш Раҳматулло Ширинов аз писараш Маҳмараҷаб Ширинов 45000 сомонӣ рӯёнд.
Номбурда дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои фаврӣ - тафтишотӣ ҳангоми баргардондани маблағи гирифтааш боздошт шуд. Ҳоло нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.10.2018    №: 203    Мутолиа карданд: 342
26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО

НОБОЛИҒОН. ҚОНУНШИКАНӢ ҲАНӮЗ АЗ БАЙН НАРАФТААСТ

ОЗАРБОЙҶОН ВА АРМАНИСТОН ОТАШБАС ЭЪЛОН НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” АСРОРИ ДУШМАНИВУ ХОИНИРО ИФШО КАРД

12.10.2020


ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ - 2020. ФУТЗАЛБОЗОНИ ТОҶИК БАРОИ ИШТИРОК ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

ХАЙКО МААС: "ИТТИҲОДИ АВРУПО МУКОЛАМА БО РОССИЯРО НАБОЯД ҚАТЪ КУНАД"

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.10.2020


БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ШУДАНД

ҲАВЗАИ ИШКОШИМ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

ВОХӮРӢ БО НОМЗАДҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед