logo

иқтисод

САНГВОР. АВҶИ РӮҲБАХШИ СОЗАНДАГӢ

Дар доираи омодагиҳои ҳамаҷониба барои истиқболи сазовори Ҷашни  30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла  бунёди иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, таъмиру тармими роҳу пулҳо ва ободонию сабзкории кӯчаю гузаргоҳҳо вусъати тоза пайдо кардаанд. Давоми нуҳ моҳи соли равон қисми даромади буҷети ноҳия ба ҷои 3 миллиону 51 ҳазору 749 сомонии нақшавӣ  3 миллиону 268 ҳазору 624 сомонӣ, яъне  107 дарсад иҷро гардид.
Дар ин муддат  2 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ амалӣ шуд, ки маблағи умумии онҳо 328 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷониби филиали № 21 – и Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” ба шаҳрвандон 361,5 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла барои рушди соҳаи картошкапарварӣ 319 ҳазор сомонӣ ва занбӯриасалпарварӣ 42 ҳазору 500 сомонӣ, қарзҳои кӯтоҳмудат дода шуданд. 
Дар натиҷаи пешрафти соҳаҳо маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳия ба 100 миллиону 200 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки аз ин ба соҳаҳои кишоварзӣ 77,1 миллион, савдо 18 миллион,  хизматрасонии пулакӣ 4,7 миллион  ва саноат 394,7 ҳазор сомонӣ  рост меояд.
Бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумат кишоварзони ноҳия дар нуҳ моҳ 5 ҳазору 197 тонна ғалла,  1 ҳазору 537 тонна сабзавот ва 17 ҳазору 692 тонна картошка истеҳсол намуданд. Дар муқоиса ба соли пешӣ истеҳсоли  ғалла 13 тонна, сабзавот 467 тонна ва картошка 3 ҳазору 614 тонна афзуд.
Сохтмон соҳаи муҳими ноҳия ба шумор меравад. Соли ҷорӣ танҳо барои сохтмони бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҳисоби  буҷети маҳаллӣ 500 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардид. Дар назди муассисаҳои таълимии №№ 2, 8, 11, 15, 21, 31, 54 ва 57 синфхонаҳои иловагӣ, дар Ҷамоати деҳоти Вахё бинои хонаи фарҳанг, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва  дар Ҷамоати деҳоти Чилдара маркази савдои боҳашамат сохта ба истифода дода шуданд. Бунёди 5 майдончаи варзишии замонавӣ дар Ҷамоати деҳоти Вахё идома дорад. Сохтмони ҳаммому сартарошхона ва инфрасохтори дигари сайёҳӣ дар маркази ноҳия, пулҳои пиёдагузар дар деҳаҳои Лайрони Болою Дашти Шер, сангфарш намудани роҳҳо дар деҳаҳои Арғанкӯл, Зувай, Миёнаду, Дараи Себак, Убара ва Ҷур ба нақша гирифта шуда, бо дастгирии соҳибкорону аҳолии ноҳия то ҳол 50 дарсади корҳои сохтмонӣ  анҷом ёфтанд.
Дар асоси Нақшаи генералии маркази ноҳия, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, бунёди иншооти дигари муҳими иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию фароғатӣ бо маром идома дорад. Тибқи нақша сохтмони пули мошингузари деҳаи Пағула ва таъмиру таҷдиди роҳи деҳаи Зуғара итмом ёфту бунёди коргоҳи қаннодӣ ва тарабхона дар деҳаи Тавилдара,  бунгоҳи тиббӣ ва ҳаммом дар деҳаи Сариҷангал,  нуқтаи таъмири мошинҳо дар деҳаи Лангар, маркази савдо ва  ошхона дар деҳаи Чилдара, коргоҳи коркард ва банду басти мева дар деҳаи Дашти Ғурк ба анҷом расонда мешаванд.
Ба 35 нафар маъюб, оилаҳои камбизоат ва нафақагирон 17 ҳазору 600 сомонӣ  ҳамчун кумаки яквақтаина дода шуд. Инчунин, ба маъюбони садамаи Чернобил барои табобат 28 ҳазору 174 сомонӣ пардохт гардид.
Бо мақсади таъмини шаҳрвандон бо шуғли муносиб  ва ҷалб намудани онҳо ба соҳибкорӣ аз ҳисоби маблағҳои бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии кишвар дар ноҳия ба 63 нафар барои фаъолияти соҳибкорӣ  210 ҳазору 360 сомонӣ қарзи бефоиз дода шуд. Ҳамчунин, дар маркази таълими калонсолони ноҳия 125 сокини маҳаллӣ ба омӯзиши касбу ҳунар, аз ҷумла бофандагию дӯзандагӣ фаро гирифта шуданд. Дар доираи курсҳои кӯтоҳмуддати “Агроаксияи Олмон” барои 15 бону тариқи грант таҷҳизот дастрас гардид.
Мардуми меҳнатдӯсти ноҳия ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош меварзанд. Ва бовар дорем, ки сокинони сарбаланди ноҳия чорабинии муҳими сиёсӣ -  Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳуриро дар сатҳи баланд ва бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ истиқбол мегиранд.
Зарифхӯҷа ШОҲИЁН,
раиси ноҳияи Сангвор

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.10.2018    №: 203    Мутолиа карданд: 175

22.10.2019


Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҳамкориҳои Чин – Осиёи Марказӣ

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳейти Мяемеэс

Тоҷикистон дар раддабандии «AFAR» ҷойи аввалро гирифт

Дар Исфара машварати омӯзишӣ баргузор мешавад

9 ноябр - бозии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистону Малайзия

Амалиёти Туркия дар Сурия боиси тарки манзил кардани 70 ҳазор кӯдак шуд

Дар Қазоқистон ба собиқ Президент Назарбоев ваколатҳои бештар доданд

ВКХ Туркия: «Мо амалиётро идома медиҳем, агар террористон нараванд»

Омодашавии ИМА барои аз Афғонистон пурра баровардани артиш

Громов: «Имтиёзҳои андозбандиву гумрукӣ метавонанд “Газпром”- ро ба Тоҷикистон ҳавасманд кунанд

Ҷаҳон дар як сатр

21.10.2019


Баррасии рушди ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Россия

Вохӯрии Давлаталӣ Саид бо Шэн Юэюэ

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Ҷонсон аз Иттиҳоди Аврупо то январи соли 2020 мавқуф гузоштани Брекситро хоҳиш намуд

Трамп умед дорад, ки ба қарибӣ бо Чин шартномаи тиҷоратӣ мебандад

Кандашавии сарбанд дар қарибии Красноярск боиси марги 15 нафар гашт

ИМА аз Афғонистон 5 ҳазор низомиашро мебарорад

Володин: «Россия ба кормандон аз Тоҷикистон ниёз дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед