logo

Хабарҳо

 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

Дар озмуни байналмилалии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» нозирони навраси тоҷик зери роҳбарии Зафар Саидов дар ҳайати шаш нафар сазовори мақоми аввал гардиданд.
Озмуни мазкур дар ҳайати 51 даста миёни 7 кишвари ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон, Россия, Беларус, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон дар маркази кӯдаконаи умумирусиягии шаҳри Анапаи Краснодари Федератсияи Россия доир гардид. «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» аз рӯйи 8 шарт, аз ҷумла оид ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, риояи аломатҳои роҳ, вазифаи хонагӣ –  навори видеоӣ дар мавзӯи «Нозирони наврас волидонро меомӯзонанд!» маҳорати худро санҷиданд.
Миёни иштирокчиёни озмуни байналмилалии «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» ҷойи аввал насиби дастаҳои Тоҷикистон ва Беларус шуда, зинаи дуюмро дастаҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон соҳиб гардиданд. Дар ҷойи сеюм бошад, дастаҳои ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Озарбойҷон қарор гирифтанд.
Боиси тазаккур аст, ки бо ташаббусу дастгириҳои роҳбарияти ВКД ва РБДА дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин озмунҳо дар кишвар пайваста доир мегарданд ва аз миёни наврасон беҳтаринҳо барои ширкат дар озмунҳои байналмилалӣ сафарбар мешаванд.
Маҳмуд ҶӮРАЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 91

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед