logo

иқтисод

ФАРХОР. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

Меҳнати бардавому муваффақона ва ташкили дурусти кору масъулиятшинос будани ҳар фарди баномуси Ватан дар иҷрои вазифаҳои худ кишварро ободу зиндагии сокинонро рӯ ба беҳбудиву осоиш меорад. Заҳматкашони ноҳияи Фархор низ дар радифи дигар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон баҳри он саъю талош меварзанд, ки бо меҳнати садоқатмандона ба натиҷаҳои баланд ноил гардида, рӯзгорашонро обод созанд.
Тавре Сулаймон Вализода, раиси ноҳияи Фархор, ҳангоми суҳбат ба хабарнигори рӯзнома иброз намуд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар самти рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ корҳои муайянро анҷом додааст. Аз ҷумла, нақшаи андоз пурра иҷро гардида, ба буҷети маҳаллӣ 19 миллиону 894 ҳазор сомонӣ маблағ ворид шуд. Гардиши савдои чакана дар соҳаи савдо 89 миллиону 251,8 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 миллиону 102,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.   
Барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин кардани аҳолии ноҳияи Фархор шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар маркази ноҳия 10 маротиба ярмаркаи ҷойҳои нави корӣ ва вазифаҳои озод баргузор намуда, 94 шаҳрванд соҳиби ҷойи кор шуд. Инчунин, бо корбарии масъулони соҳа 270 нафар ба курсҳои бозомӯзии касбҳои гуногун фаро гирифта шуда, ба 1730 нафар ҷойи кор муҳайё гардид.
Дар ин давра бо дастгирии аҳолӣ ва шахсони саховатпеша дар 25 деҳа 22,22 километр роҳ ба маблағи 666600 сомонӣ таъмиру азнавсозӣ шуда, бо ташаббуси соҳибкор Ҷамолиддин Сафаров дар деҳаи Себи Сурхи Ҷамоати деҳоти Ватан чароғон ва мумфаршкунии 2 километр роҳи деҳа ба маблағи 1280 ҳазор сомонӣ ба анҷом расид. Иншооти дорои аҳамияти иҷтимоиву иқтисодӣ низ, аз ҷумла муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 100 хонанда дар мавзеи Ӯртабузи Ҷамоати деҳоти Фархор, 2 синфхонаи иловагӣ барои 40 хонанда бо маблағи 50 ҳазор сомонӣ дар деҳаи Золи Зар, хати оби ошомиданӣ дар деҳаҳои Гулистон ва Арча бо арзиши умумии 230 ҳазор сомонӣ, трансформатори 250/6 кВт ва 160/6 кВт дар деҳаҳои Гулшан ва Саховат ба истифода дода шуданд. Дар доираи татбиқи лоиҳа бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ 4 маркази саломатӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Ватан, Дарқад, Ғайрат ва Деҳқонариқ мавриди истифода қарор гирифта, то охири сол сохтмони маркази саломатӣ дар деҳаи Тоҷикистони Ҷамоати деҳоти Ғайрат ба анҷом мерасад. Сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2 дар маркази шаҳраки Фархор, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4 дар деҳаи Аловуддини Ҷамоати деҳоти Фархор, инчунин, дорухона, бунгоҳи тиббӣ ва марказҳои савдо мувофиқи лоиҳа идома доранд.
Соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ ба ҳисоб меравад. Кишоварзони ноҳия дар майдони 12572 гектар замин ғалладона ва дар 10880 гектар зироатҳо киштанд. Истеҳсоли полизиҳо дар ноҳия ба 25432 тонна расида, нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 1019 тонна зиёд мебошад. Барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ кишоварзон ба корхонаҳои коркард то ба имрӯз 7500 тонна пахта супурданд. Истеҳсоли пилла низ 10 ҳазору 100 килоро ташкил дода, ба 101 дарсади нақша баробар аст.
Чорводорони ноҳия бошанд, дар давоми нуҳ моҳ 3359 тонна гӯшт, 18406 тонна шир, 169 тонна пашм, парандапарварон 1774,4 ҳазор дона тухм ва дигар заҳматкашон 21,5 тонна моҳӣ ва 34,3 тонна асали хушсифат истеҳсол карданд. Барои аз фасли сармо солим баровардани чорво то 1 октябри соли ҷорӣ беш аз 55565 тонна хошоки дурушт ва дигар ғизоҳои ширадор захира карда шуд. Аз ҷониби идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия тоза кардани шабакаи заҳкашҳо аз тагшин ба дарозии 48,6 километр ва шабакаи обрасонӣ ба дарозии 84 километр ба анҷом расид. 
Чунин муваффақиятҳо, албатта, натиҷаи заҳмату талошҳои давлату Ҳукумат, бевосита Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири пешрафти соҳаҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ мебошад. Саҳми ҷавонону наврасони ояндасози миллат низ, ин ҷо кам нест. Барои ин     бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фархор дар байни наврасону ҷавонон 68 суҳбату вохӯриҳо, 70 чорабинии варзишӣ ва фарҳангию омӯзишӣ баргузор намуд. Варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ фаъолона иштирок намуда, 74 медали тилло, 49 медали нуқра ва 46 медали биринҷӣ, дар маҷмӯъ 169 медал ба даст оварданд ва ин ҳанӯз натиҷаҳои аввали кор аст.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор барои вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, ноил шудан ба беҳтарин нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва орому муътадил нигоҳ доштани вазъи сиёсию иҷтимоии аҳолӣ аз тамоми шароит ва имконияти мавҷуда самаранок истифода бурда, чораҳои зарурӣ роҳандозӣ менамояд.
Муҳаммадзоиршоҳ ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.10.2018    №: 204    Мутолиа карданд: 288
02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.06.2020


ХУШХАБАР. 72,4 ДАРСАДИ СИРОЯТШУДАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

ҚУБОДИЁН. БОЗДИДИ ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА АЗ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ЯХМОС

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. АВВАЛИН БОХТҲОИ "ФАЙЗКАНД" ВА "ХАТЛОН"

СУТ: «МО ШОҲИДИ ҚАҲРАМОНӢ ВА ФИДОКОРИИ ПИЗИШКОНИ ТОҶИК БУДЕМ»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТОҶИКИСТОН. 71,2 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС СИҲАТ ШУДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед