logo

иқтисод

МОИ: 10 соли ташаккул ва пешрафт

Дар кохи фарҳанги шаҳри Хуҷанд, ба муносибати даҳсолагии таъсиси нахустин минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, ҳамоиши байналмилалии иқтисодии “Суғд - 2018” баргузор гашт. Дар он намояндагони МОИ Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон низ иштирок доштанд.
 
ТОҶИКИСТОН СОДИРКУНАНДАИ БАРҚ ДАР МИНТАҚА
Дар маросими ифтитоҳи ҳамоиш, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Тоҷиддин Ҷӯразода аз нақши калидии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арзи ҳастӣ кардани шакли барои иқтисоди миллӣ комилан нав - ташкили  минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва рушди онҳо, пиёдасозии сиёсати истеҳсолоти воридотивазкунанда, тақвияти неруи содиротии кишвар, ташкили ҷойҳои нави кор сухан карданд. Барои ҳозирон тоҷикӣ ҳарф задани сафири Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк гуворо буд, ки дар манзари мавзӯи ҳамоиш ба ҳамкориҳои судманди ду кишвар, хосса дар соҳаи энергетика, дахл намуд. Ӯ зикр кард, ки қариб 70 дарсади таҷҳизоти энергетикии дар неругоҳҳои барқи обии Тоҷикистон истифодашаванда дар Украина истеҳсол шудаанд ва ин ҳамкорӣ зимни бунёди НБО Роғун бомуваффақият идома дорад. НБО Роғун на танҳо нишони истиқлолияти  энергетикии Тоҷикистонро дорад, ин иншооти нодир кишварро, ҳамчунин, ба содиркунандаи тавонои неруи барқ табдил медиҳад.
Роҳбари бахши иқтисодии дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Эдвард Сафарян, намояндаи барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд Мақсуд Орипов аз саҳми ин ниҳодҳои байналмилалӣ дар пешрафти МОИ дар мамлакат ёдовар шуданд.
 
“ДАНҒАРА” ВА “СУҒД” ПЕШ РАФТААНД
Коршиносон зимни ҳамоиш дар баромади хеш фаъолияти минтақаҳоро ба таҳлил кашиданд. Ба гуфтаи онҳо, ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ иқдоми саривақтӣ ва судманди  Роҳбарияти олии кишвар ҷиҳати рӯи кор овардани шаклҳои муосири роҳандозии истеҳсолоти саноатӣ, дастгирии давлатии соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Даҳ соли фаъолияти минтақаҳо бо натиҷаҳои баланд дурустии сиёсати нави иқтисодиро, ки бо ташкили МОИ “Суғд” ва “Панҷ” шурӯъ шуд, собит намуд. Соли 2011 ду минтақаи дигар “Данғара” ва “Ишкошим” арзи ҳастӣ кард. Худи ҳамон сол Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи нахустин субъекти МОИ “Суғд” корхонаи муштараки Тоҷикистону Туркия “Силкоат Бойя” иштирок карданд. Зимнан, солҳои минбаъда низ калонтарин корхонаҳо бо иштироки Сарвари давлат мавриди истифода қарор гирифтанд. Чунин анъанаи фотеҳаи неки Пешвои муаззами миллатро гирифтан дар МОИ “Данғара” низ идома ёфт. Ин амал аз он шаҳодат медиҳад, ки Сарвари давлат бевосита ба фаъолияти минтақаҳо чун омили муҳими рушди иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи хосса доранд ва супоришу маслиҳатҳояшон боиси пешрафти пайвастаи онҳо ва ҳалли мушкилоти мавҷуда  мегардад.
Дар ин  давра аз буҷети давлатӣ барои бунёди инфрасохтор ва нигоҳдории маъмурияти минтақаҳо қариб 30 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Бо ташаббуси Ҳукумат субъектҳои МОИ аз кулли андозҳо ва боҷи гумрукӣ озод карда шуда, воридоту содироти мол бидуни боҷ сурат мегирад. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият айни замон теъдоди ширкатҳо, аз ҷумла корхонаҳои муштарак, дар чор минтақа аз 60 адад гузаштааст. Дар ин муддат беш аз 1000 нафар бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин гашт. Аксари ҷойҳои кор дар ду минтақа - “Данғара” (беш аз 500 ҷои кор) ва “Суғд” (416) ташкил карда шудаанд.
Агар соли 2011 дар МОИ “Суғд” ҳамагӣ 11,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда бошад, соли гузашта он ба беш аз 80 миллион сомонӣ расонда шуд. Дар маҷмӯъ, маъмурияти “Данғара” қариб 1,5 миллиард сомонӣ, “Суғд” 51,4 миллион сомонӣ ва “Панҷ” 9,4 миллион сомонӣ сармоя ҷалб кардаанд. Афзалияти яқини МОИ “Данғара” аз он бармеояд, ки дар ин ҷо корхонаи азими коркарди нафт “ТК Ойл” бунёд меёбад. Ду минтақаи пешсаф “Суғд” ва “Данғара” ба буҷети давлат мутаносибан 7,9 миллион ва 10,2 миллион сомонӣ андоз, инчунин, 44,9 миллион ва 2,1 миллион сомонӣ боҷи гумрукӣ ворид намудаанд. Яъне хароҷоте, ки давлат барояшон кардааст, барзиёд ҷуброн шудааст.
Дар ҳамоиш зикр шуд, ки минтақаҳои озоди иқтисодии “Панҷ” ва “Ишкошим” низ ояндаи нек доранд.
Хуршеди ҶОВИД,       
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият” 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.10.2018    №: 204    Мутолиа карданд: 274
01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.06.2020


ХУШХАБАР. 72,4 ДАРСАДИ СИРОЯТШУДАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

ҚУБОДИЁН. БОЗДИДИ ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА АЗ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ЯХМОС

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. АВВАЛИН БОХТҲОИ "ФАЙЗКАНД" ВА "ХАТЛОН"

СУТ: «МО ШОҲИДИ ҚАҲРАМОНӢ ВА ФИДОКОРИИ ПИЗИШКОНИ ТОҶИК БУДЕМ»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТОҶИКИСТОН. 71,2 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС СИҲАТ ШУДАНД

НУРОБОД. МАЙДОНИ КИШТИ КАРТОШКА ТАВСЕА МЕЁБАД

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. ДАСТАҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН (U-16) ВА (U-19) БА КАДОМ ГУРӮҲ ШОМИЛ ШУДАНД?

18.06.2020


ХАТЛОН. ҶАЛАСАИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР КАРДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед