logo

иҷтимоиёт

СИЛ. МУБОРИЗА БО ОН ТАҚВИЯТ МЕЁБАД

Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина, воқеъ дар шаҳраки Шифои (Мачитон) шаҳри Ваҳдат, яке аз муассисаҳои пойгоҳӣ дар соҳаи хадамоти зиддисилӣ буда, фаъолияти асосии он ба расондани ёрии тиббӣ оид ба пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемориҳои сил равона шудааст.
Бино ба гуфтаи  директори  марказ Фаррух Шарифов, баъди таъмиру тармим шароити табобатӣ хеле беҳтар гардид. Ҳамаи шуъбаҳо бо таҷҳизоти замонавӣ таъминанд. Ба беморон се вақт хӯроки гарм дода мешавад, зеро беморони сил ниёз ба  хӯроки серғизо доранд. Сол ба сол ғизонокии хӯрокҳо низ меафзояд.
Мавсуф, ҳамчунин, таъкид бар он дошт, ки бистарикунонӣ ва табобати беморону доруҳои зиддисилӣ ройгон аст. Вале, як нуктаро бояд гуфт, ки дар баъзе ҳолатҳо беморон ба ғайр аз сил ба дигар бемориҳо гирифторанд ва ё дигар касалиҳои ҷигар ва ягон намуди гепатит доранд. Дар он сурат духтурон барои табобати чунин бемориҳо ва бартараф кардани таъсири манфии доруҳои зиддисилӣ дигар доруҳоро тавсия медиҳанд, ки дарёфташон ба зиммаи бемор ва пайвандони ӯ меафтад. Марказ аз ҳисоби ёрии хайриявӣ низ баъзе аз чунин доруҳоро дастрас менамояд.
Дар мавриди бозомӯзии мутахассисони соҳа Ф. Шарифов иброз дошт, ки дар муассиса маркази омӯзишӣ фаъолият дорад. Ҳамчунин, бо дастгирии шарикони рушд олимону мутахассисони соҳа аз хориҷи кишвар даъват мешаванд, ки аз навгониҳо ва тарзу усули пешқадами табобати беморони сил  ба кормандони марказ дарс гӯянд. Ба курсҳои омӯзишӣ мутахассисони соҳа аз тамоми шаҳру ноҳияҳои  кишвар ҷалб мегарданд.  Ғайр аз ин, кормандони марказ ба семинару курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ба чанде аз мамлакатҳо, аз ҷумла Чин, Федератсияи Россия, Гурҷистон ва Латвия фиристода шуданд.
Бояд ёдрас шуд, ки сил бемории сироятӣ буда, аз он  шуш ва баъзан дигар узвҳои бадан осеб мебинанд. Сарчашмаи сироятӣ шахси бемор ва микробҳои сил аст, ки ҳангоми гап задан, сулфидан, атса задан ба атроф паҳн мешаванд ва ба одами солим тавассути роҳҳои нафас мегузаранд. Бинобар ин, бештар шушҳо ба бемории сил гирифтор мешаванд. Сулфаи беш аз ду - се ҳафта бо хориҷкунии балғам, баъзан бо хун ва дард дар қафаси сина аломатҳои хосси бемории сили шуш мебошанд.
Фаррух Шарифов зикр кард, ки муҳлати табобати  бемории сил аз 6 то 8 моҳ дар ду давра идома меёбад. Дар давраи аввал шахси гирифтори сил дар беморхонаи зиддисилӣ бистарӣ гардида, аз 2 то 4 моҳ ба табобат   фаро гирифта мешавад.  Баъди табобати давраи аввал раванди хориҷшавии бактерияҳо қатъ мегардад ва хавфи сироят ба атрофиён барҳам мехӯрад.
Давраи дуюмро бемор дар ҷойи истиқомат ва зери назорати корманди тиб гузаронда, ҳар рӯз доруҳоро истеъмол менамояд.
Мавриди зикр аст, ки аввалин муассисаи тиббии зидди бемории сил соли 1929 дар шаҳри Хуҷанд таъсис шуда буд. Соли 1934  дар шаҳри Душанбе  беморхонаи ҷумҳуривии клиникии сил ифтитоҳ ёфт.  Онро соли 1947 ба маҳаллаи Роҳатии Ваҳдат кӯчонданд. Соли 1963 сохтмони  беморхонаи сил дар маҳаллаи  Мачитон оғоз шуда, баъди ду сол ба фаъолият оғоз намуд, ки дорои 1200  кат буд.
Соли 2006 дар доираи Барномаи назорати бемории сил дар Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Бонки рушди олмонӣ таҷдиди Беморхонаи клиникии зиддисилии ҷумҳуриявии Мачитон оғоз ёфта, моҳи августи соли 2011 ба ифтихори 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд. Соли 2013 беморхона ба Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина табдил ёфт, ки алҳол дорои 420 кат мебошад.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият
»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.10.2018    №: 205    Мутолиа карданд: 418
29.09.2020


ТОҶИКОН ВА ӮЗБЕКОН: ДӮСТӢ БИМОНАД ҶОВИДОН

РАШТ. ҲАМКОРИҲОИ МАҚОМОТ БО СОҲИБКОРОНИ ВАТАНДӮСТ САМАР МЕДИҲАНД

ХУҶНД. ВУСЪАТИ БУНЁДКОРИҲО ДАР ТАРАБХОНАИ «ФОРЕЛ»

ТОҶИКИСТОН. 87,4 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед