logo

мулоқотҳо

Масъалаи ҳамкории Тоҷикистону Белгия баррасӣ гардид

24 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Белгия дар Тоҷикистон Даниел Бертран эътимоднома қабул намуд.
Дар мулоқоти Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафири нав, ки баъди маросими эътимодномасупорӣ сурат гирифт, масоили ҳамкории Тоҷикистону Белгия баррасӣ шуданд.    
Таваҷҷӯҳи махсус ба татбиқи санадҳои ҳамкории Тоҷикистону Белгия, ки зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин кишвар моҳи феврали соли равон ба имзо расида буданд ва мувофиқаҳои дигари сатҳу зинаҳои гуногун зоҳир карда шуд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ аз форуми якуми соҳибкорони Тоҷикистону Белгия, ки дар шаҳри Брюссел баргузор гашта буд, ёдовар шуда, таъкид дошт, ки барои ба роҳ мондани ҳамкории васеъ ва расидан ба натиҷаҳои мушаххас форуми дуюми онҳо дар ояндаи  наздик бояд дар шаҳри Душанбе гузаронда шавад.  
Гуфтугӯйи судманд оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Шоҳигарии Белгия дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ва ҳамчунин оид ба ҳамгироиҳои сиёсию амниятии Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар минтақаи Осиёи Марказӣ сурат гирифт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 610

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед