logo

порлумон

НИЗОМИ БОНКӢ. ТАДБИРҲОИ НАВ ТАТБИҚ МЕШАВАНД

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда” -  ро  дар таҳрири нав ба тавсиб расонд.
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон,  зимни тавзеҳи лоиҳаи қонун иброз дошт, ки меъёрҳои Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гарави молу мулки манқул” аз 1 марти соли 2005 ҳуқуқу манфиатҳои субъектони алоҳидаро ҳангоми сармоягузорӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин карда натавонист. Алалхусус, вобаста ба масъалаи мавҷудияти гаравгирони як молу мулк, муқаррар намудани навбати қонеъ намудани талаботи онҳо, ба фурӯш баровардани молу мулки манқули ба гаравгузошташуда мушкилиҳо ба вуҷуд омаданд, ки дар қонуни амалкунанда ба онҳо ҷавоби дақиқ набуд. Ҳамзамон, ҳимояи манфиатҳои кредиторон, ки бо пулу мол ба иқтисодиёти кишвар сармоягузорӣ менамоянд, мушкил шуда, ҷараёни рӯёндани маблағҳои қарзӣ, баррасии баҳсҳо тӯлонӣ ва серхароҷот гардиданд.
Тибқи қонуни мазкур тартиби бақайдгирии огоҳиномаҳои гарав ва пешбурди феҳристи ягонаи давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.  
Дар заминаи чунин муқаррароти ҳуқуқӣ, муносибатҳои иқтисодии субъектон, алалхусус муносибатҳои пулию қарзӣ устувор гардида, фазои ҳуқуқӣ ва иқтисодии кишвар барои сармоягузорӣ беҳтар мешавад. Дар натиҷа, дастрасии аҳолӣ ва соҳибкории хурду миёна ба маблағгузории қарзӣ бештар мегардад, ки барои рушди иқтисодӣ хеле муҳим мебошад.
Инчунин, қонуни мазкур, механизмҳои нисбатан содакардашудаи ҳимояи ҳуқуқ ва рӯёнданро аз предмети таъминот тавассути навиштаҷоти иҷроияи нотариуси давлатӣ ва фармони суд пешбинӣ менамояд. Зеро талаботи  гаравгир нисбат ба гаравдеҳ, ки аз муносибатҳои пулию қарзии онҳо бармеояд, бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ тасдиқ шуда, зарурати оғоз намудани мурофиаи даъво ва исботкунии иловагии талаботи тасдиқбуда дар доираи он кори зиёдатӣ менамуд. Чунин механизмҳои пешниҳодшаванда имкон медиҳанд, ки расмиёти рӯёндан аз ҳисоби предмети таъминот нисбатан сода ва дар муҳлати кӯтоҳ амалӣ шуда, хароҷоти зиёдатии кредитор, ки дар натиҷаи оғози мурофиаи даъво ҷой доштанд, коҳиш дода шавад. Тибқи ин тағйирот, ҳатто бидуни иҷозаи ниҳодҳои додгоҳӣ, қарздиҳанда метавонад ин амволро ба фурӯш гузошта, маблағи қарзи додаашро бозпас бигирад.
Қонун мушкилиҳои дар муносибатҳои иқтисодӣ ҷойдоштаро то андозае бартараф намуда, барои рушди муносибатҳои пулию қарзӣ, аз ҷумла устувор гардидани низоми бонкӣ, ки механизми асосии маблағгузории қарзӣ ба шумор меравад, мусоидат хоҳад намуд.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.10.2018    №: 206    Мутолиа карданд: 207

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед