logo

иқтисод

ТОҶИКОБОД. ҶАРАЁНИ ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ САРМО

Тавре Зулфиқор Рамазонзода, муовини аввали раиси ноҳия, иброз дошт, ҷиҳати амалисозии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019” алҳол дар ноҳия корҳои захира намудани ангишт, гази моеъ, маҳсулоти нафтӣ, ҳезум, омодасозии таҷҳизоти таъмини  неруи барқ, таъмиру навсозии иншооти маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, беҳтар кардани хизматрасонии хоҷагии манзилию коммуналӣ ва алоқа, таъмини идораҳо бо хати алоқа ва барқ бомаром ҷараён доранд.
Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ, барои хуб гузарондани мавсими тирамоҳу зимистон, бароварда намудани эҳтиёҷоти аҳолӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва фарҳангӣ 2320 тонна ангишт, 10 тонна гази моеъ, 800 метри мукааб ҳезум ва 12 тонна сӯзишвории дизелӣ захира кардан зарур аст. То 24 сентябри соли ҷорӣ ба миқдори 742 метри мукааб ҳезум ва 500 тонна ангишт захира гардидааст. Дар муассисаҳои соҳаи маориф 400 тонна ангишт захира шудааст, ки 85 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Мутаассифона, вазъи захира намудани ангишт дар идораю муассисаҳои дигар дигаргуниро тақозо дорад.
Дар идораи шабакаҳои барқи ноҳия дар давоми сол ба маблағи  86000 сомонӣ корҳои таъмиру барқарорсозӣ ба анҷом расиданд. Истифодаи неруи барқ то имрӯз беш аз 20 миллион киловатт - соатро дар бар гирифта, пардохти  умумии маблағи истифодашуда наздики 2,5 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 дарсад зиёд аст.
Дар ҳудуди ноҳия 115 километр роҳҳои автомобилгард, аз ҷумла 25 километр роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 90 километр роҳҳои маҳаллӣ мавҷуданд. Ҷиҳати дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳо барои муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилии ноҳия аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 156000 сомонӣ ва аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 112000 сомонӣ маблағ ҷудо шудааст, ки барои таъмиру нигоҳдории роҳҳо дар фасли зимистон, захира намудани  қум, сӯзишворӣ, қисмҳои эҳтиётӣ ва хароҷоти дигари истеҳсолӣ истифода бурда мешаванд.
Дар сохторҳои соҳаи кишоварзӣ ба миқдори 9320 тонна хӯроки чорво, 3 тонна ангишт ва ба миқдори зарурӣ ҳезум захира гардидааст. Бо мақсади таъмини бозори дохилии кишвар бо маҳсулоти ниёзи аввалия дар давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли картошка ба 43,8 ва ғалладона ба 1792 тонна расонда шуд.  То 1 сентябр истеҳсоли гӯшт 1360 тонна, шир 9827 литр, мева 207 тонна (аз ҷумла зардолу 2 тонна, гелос 52 тонна, тут 32,8 тонна) ва сабзавот 458,8 тоннаро ташкил дод. Дар анборҳои бозори “Сомониён” - и ҷамъияти матлуботи ноҳия барои дар мавсими зимистон бо маҳсулоти босифат таъмин намудани аҳолӣ захира кардани 10 тонна орд, 2 тонна равған, 2 тонна шакар, 2 тонна биринҷ, 5 тонна пиёз, 20 тонна картошка ва 100 тонна ангишт ба нақша гирифта шудааст.
Дар натиҷаи гузарондани корҳои таъмирию барқарорсозӣ дар иншооти обтаъминкунӣ 65 дарсади аҳолӣ бо оби тозаи безараршуда таъмин гардид. Барои сарфакорона ва мақсаднок истифода бурдани об ва маблағҳои буҷетӣ дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳо насб кардани ҳисобкунакҳои обӣ дар назар аст.
Аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузор барои таъмиру навсозӣ ва сохтмон 1292440 сомонӣ харҷ гардид. Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ бошад, то имрӯз барои харидани сӯзишворӣ 314467, барқ 41413 ва таъмири ҷорӣ 1043440 сомонӣ сарф шудааст. Танҳо дар соҳаи маориф то имрӯз ба маблағи  629277 сомонӣ корҳои таъмирӣ ба анҷом расидаанд ва  дар ин самт корҳо идома доранд.                      
Дилшод  АМИРОВ, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.10.2018    №: 206    Мутолиа карданд: 273
09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед