logo

иҷтимоиёт

ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ МИНТАҚАИ РАШТ. ИЛҲОМИ ТОЗАИ НАСЛИ НАВ

Рӯзномаи «Ҷумҳурият» чанде пеш дар бораи баргузории конфронси ҳисоботӣ - интихобии Федератсияи футболи минтақаи Рашт дар ноҳияи Тоҷикобод иттилоъ дода буд, ки дар он раисони шаҳру ноҳияҳои Роғун, Нуробод, Тоҷикобод, Сангвор, Рашт ва Лахш иштирок доштанд. Бо ҳамовозии аъзои федератсия Ҳасан Дӯстзода раиси нави ин ниҳод интихоб гардид. Дар иртибот ба ин, мо тасмим гирифтем, ки доир ба натиҷаҳои фаъолияти федератсия  ба хонандагон маълумот диҳем.

АЗ СИНФҲОИ МАХСУС ТО МУСОБИҚОТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
- Футбол яке аз намудҳои сермухлистарини варзиш буда, рушди он на танҳо барои солимии  ҷомеа, балки барои муаррифии шоистаи кишвар дар ҷаҳон мусоидат мекунад. Барои дарёфти чеҳраҳои нав ва дар ин росто таъсис додани синфи махсуси футбол дар доираи барномаи вижаи ҷумҳуриявии «Орзу – 2026» дар марҳилаи аввал 14 футболбози навраси ноҳияҳо аз ҷониби мутахассисони соҳа интихоб шуданд. Дар марҳилаи дувум боз 11 футболбози навраси болаёқат ҷалб карда мешавад, - гуфт зимни суҳбат Ҳасан Дӯстзода.
Ӯ афзуд, ки тайи ин моҳҳо ду фестивали футбол баргузор гардид, ки дар доираи онҳо аз ҷониби ФФР ба дастаҳои иштирокчӣ тӯб ва дигар лавозимоти зарурӣ тақдим шуд.
Бо пешниҳоди ФФР ва дастгириҳои президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Роғун ва ноҳияҳои Рашту Нуробод майдончаҳои варзишии замонавӣ сохта мешаванд, ки ба рушди футбол дар ноҳияҳои дурдаст мусоидат хоҳанд кард.
- Мавриди тазаккур аст, ки дар Рашт Маркази минтақавии омодасозии футболбозон таъсис дода мешавад, ки садҳо кӯдакону наврасони ноҳия имкони иштирок дар мусобиқоти гуногуни сатҳи ҷумҳуриявӣ ва, ҳатто, байналмилалӣ пайдо мекунанд, - мегӯяд Ҳ. Дӯстзода.
Ин иқдомҳо барои минбаъд ташкил кардани дастаҳои футбол дар ин минтақа заминаи мусоид фароҳам меоварад. Ва умедворем, ки солҳои наздик аз минтақаи Рашт низ дастаҳоро дар чемпионати лигаҳои якум ва олӣ хоҳем дид.

МУСОБИҚАИ ЛИГАИ ДУЮМИ ФУТБОЛИ МИНТАҚАИ РАШТ
Бояд гуфт, ки дар се мавсими сипаригардидаи Лигаи дуюми Тоҷикистон дар минтақаи Рашт аз панҷ то шаш дастаи футбол ширкат варзида, ду маротиба тими «Меҳргон» - и Нуробод ва як дафъа дастаи «Рашт» - и Рашт ғолиб омада буданд.
Ин мавсим бошад, шаш даста – «Меҳргон» - и Нуробод, «Ҷавонон»-и Роғун,  «Чашма» - и Тоҷикобод, «Хингоб» - и Сангвор ва «Сурхоб» - и Лахш байни ҳам рақобат карданд ва дар ин қувваозмоиҳо тими «Чашма» - и Тоҷикобод пирӯз гашта, соҳиби унвони чемпионӣ гардид.
Дар робита ба ғалабаи дастаи «Чашма», раиси ноҳияи Тоҷикобод Нодираи Маҳмадисо, ҳамзамон муовини раиси ФФР, зимни суҳбат иброз дошт, ки басо сарфарозем, ки дастаамон бори аввал дар мусобиқаи Лигаи дуюм миёни дастаҳои минтақаи Рашт унвони чемпиониро ба даст овард. Солҳои аввали таъсиси даста мушкилиҳо кам набуданд. Мо онҳоро бо дастгирии соҳибкорон тадриҷан бартараф кардем. Имсол бошад, барои ба бозиҳои сафарӣ рафтани даста онро бо нақлиёт таъмин намудем.

МАРКАЗИ НАВИ ФУТБОЛ ТАШАККУЛ МЕЁБАД
Дар ҳамаи ноҳияҳои минтақа мактабҳои варзишӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо кӯдакону наврасон ба машқу тамрин фаро гирифта шудаанд. Барои дарёфти чеҳраҳои нав айни замон мусобиқаи минтақавии «Тӯби чармин» ҷараён дорад, ки охири моҳ ҷамъбаст хоҳад гашт.
Чуноне Усмоналӣ Сафаров афзуд, барои ҷалби шумораи бештари кӯдакону наврасон ба ин риштаи варзиш қариб дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳот майдончаҳои футбол бунёд шуда истодааст.
- Фаъолияти босамари имсолаи футболи тоҷик, бавижа бо натиҷаи камназир баргаштани наврасони тоҷик аз Чемпионати Осиё - 2018 ва пеш аз ҳама аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадрдонӣ гаштани онҳо футболбозони ҷавони моро боз ҳам рӯҳу илҳоми тоза бахшид, - афзуд Ҳасан Дӯстзода.
Оғози фаъолияти федератсияи нав моро бар он умедвор мекунад, ки Рашт ба маркази рушди футбол табдил хоҳад ёфт ва истеъдодҳои тозакашф дар рушди минбаъдаи ин намуди варзиш ҳиссаи шоиста мегузоранд.
Маҳмуд ҶӮРАЕВ,
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.10.2018    №: 206    Мутолиа карданд: 345
25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед