logo

сиёсат

САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Идомаи сафари корӣ
Рушди боғдорию моҳипарварӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
22 октябр дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди соҳаҳои боғдорӣ ва моҳипарварӣ бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуданд.
Дар деҳоти Гулхона Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба хоҷагии деҳқонии “Фазлиддин” ташриф оварданд. Аъзои хоҷагӣ дар ихтиёри худ 7 гектар замин дошта, дар он парвариши пахта, боғот ва зироатҳои ғалладонагиро ба роҳ мондаанд. Аз майдони умумии боғоти хоҷагӣ дар 2 гектараш дарахтони хурмо парвариш меёбанд.
Президенти мамлакат бо деҳқонони хоҷагӣ оид ба парвариши ин навъи мева суҳбати самимӣ доир карда, онҳоро ба тарзи дурусти корбарӣ, захира ва содироти маҳсулоти боғ ба бозорҳои дохил ва хориҷ ҳидоят карда, маслиҳат доданд, ки барои захира, нигоҳубин ва содироти меваҳо аз сардхонаҳои замонавӣ васеъ истифода баранд.  Ҳам ҳосил талаф намеёбад ва ҳам хоҷагӣ аз ҳосили рӯёндаи худ даромади зиёд мегирад.
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар майдони садҳо гектар замини серҳосил мардум ба парвариши боғҳои хурмо, анор, зардолу, шафтолу ва олуи сиёҳ машғуланд, ки аксари ҳосил ба содирот нигаронда шудааст.
Худи ҳамин рӯз дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди соҳаи даромадноки моҳипарварӣ ва афзоиши навъҳои беҳтарини моҳӣ дар як кӯли махсус беш аз 10 ҳазор моҳии навъҳои карп, пешонапаҳни сафеду ало ва амури сафедро сар доданд.
Моҳиҳо аз Ҷамъияти саҳомии “Моҳии тоҷик”- и вилояти Суғд дастрас гардиданд. Дар кӯлҳои моҳипарварии вилоят асосан моҳиҳои карп, пешонағафси сафеду ало ва амури сафед афзоиш дода мешаванд. Даромад аз фурӯши моҳиҳо як роҳи ғанӣ гардондани буҷети хоҷагиҳо ва беҳтар кардани шароити иқтисодию иҷтимоии кормандони соҳа мебошад. Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ дар амал татбиқ карда мешавад.
Баъди сар додани моҳиҳо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мутахассисон барои боз ҳам рушд бахшидани ин соҳаи сердаромад дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Корхонаи истеҳсоли асфалт ва регу шағал дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
22 октябр дар рӯзи аввали сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи нави истеҳсоли асфалт ва регу шағалро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхона дар деҳоти Ғозиён дар масоҳати 6 гектар замин бунёд ёфта, бо хати муосири истеҳсолӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2016 оғоз ёфта, дар зарфи 2 сол бо дарназардошти талаботи стандартҳои ҷорӣ сохта ба истифода дода шуд. Хатҳои истеҳсолии асфалт ва регу шағал аз ширкатҳои пешқадами Англия харид гардида, имконият медиҳанд, ки маҳсулот бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи сохтмониву роҳсозӣ истеҳсол гардад.
Тибқи нишондиҳандаҳои техникӣ коргоҳи асфалтбарорӣ дар як соат иқтидори истеҳсоли 60 тонна асфалти гармро дорад. Бо истифода аз ин имконот минбаъд хароҷоти таъмири роҳҳои ҳудуди вилоят коҳиш ёфта, маҳсулоти аълосифати худӣ дар сохтмону таъмири роҳҳо истифода мегардад. Хати истеҳсолии сангмайдакунӣ бошад, имконият дорад, ки дар як соат то 30 метри мукааб маҳсулотро коркарду барои истифодабарӣ омода намояд.
Корхонаи нави истеҳсоли асфалт ва регу шағал дар баробари хати истеҳсолӣ, ҳамчунин, бо техникаи муосири роҳсозӣ ва дигар таҷҳизоти зарурии соҳавӣ таъмин гардида, қудрати гузарондани корҳои роҳсозиро дорад. Аз ҷумла, барои фаъолияти босамари коргоҳ 13 адад автогрейдер, 12 мумпошак, 12 мошини борбардор, 1 адад техникаи асфалтхобонӣ, компрессор, роҳкӯбаки дастӣ ва дигар техникаву таҷҳизоти зарурӣ дастрас шудаанд.
Сарвари давлат аснои шиносоӣ ба корҳои анҷомёфтаи сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот баҳои баланд дода, барои истифодаи самараноки коргоҳ ва истеҳсоли маҳсулоти босифату рақобатпазир ба масъулон дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.

Гулгашти Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон
23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон гулгашти Парчами давлатии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз бардоштани парда аз болои лавҳаи гулгашти мазкур дар ҳамин ҷо Парчами давлатиро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карданд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бо баландии 48 метр қомат афрохта, 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.
Гулгашти “Парчами давлатии Тоҷикистон” дар шаҳри Бӯстон дар масоҳати 2 гектар замин бунёд гардида, дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон 30 адад нишастгоҳ насб гардида, 3 фаввора ва 4 гузаргоҳи ороишӣ ҷой дода шудаанд. Гулгашт дар масоҳати 4800 метри мураббаъ сабзазор ва гулкорӣ гардидааст. Барои нигоҳдории мошинҳо таваққуфгоҳ бо сад ҷой сохта шудааст. Он дар муддати бештар аз ду моҳ бо ҷалби 60 нафар коргари маҳаллӣ қомат афрохт.
Дар ин мавзеи истироҳатӣ 50 адад чароғи гуногун бо баландии аз 3 то 20 метр насб гардидааст ва шабонгоҳ гулгашт хеле зебою назаррабо ба назар мерасад.
Сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон ва гулгашт дар шаҳри Бӯстон дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади гиромидошти арзишҳои миллӣ ва вусъати тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи бузургтарин Ҷашни миллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сохта шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар гулгашти “Парчами давлатии Тоҷикистон” дар шаҳри Бӯстон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои арзанда дода, барои баргузор кардани чорабиниҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ дар ин мавзеи зебо ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Нозирони андоз соҳиби бинои нав шуданд
23 октябр дар шаҳри Бӯстон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави нозироти андозро, ки бо тарҳи хеле зебову замонавӣ дар масоҳати 16 500 метри мураббаъ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.
Бинои наву замонавии нозироти андоз аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои шаш ҳуҷраи барҳавои корӣ, толорҳои хизматрасонӣ ба шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва бахши баҳисобгирии андозҳо ва хазинаи “Амонатбонк” мебошад.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи декабри соли 2017 бо истифода аз масолеҳи сохтмонии ватанӣ ва ҷалби бинокорони маҳаллӣ оғоз гардида, моҳи октябри соли 2018 бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои миллию ҷаҳонӣ сохта ба истифода дода шуд.
Дар бино як терминали электронӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ васл гардидааст, ки барои хизматрасонии босифат ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон мусоид аст.
Дар ошёнаи дуюми бино ҳуҷраҳои маъмурӣ, толори маҷлисгоҳ, дар ошёнаи сеюм толорҳои конфронс, такмили ихтисос ва варзиш мавҷуданд. Дар таҳхонаи бино ошхона ва бойгонӣ ҷойгир шудаанд.
Бинои нави нозироти андози шаҳри Бӯстон бо таҷҳизоти низоми пешгирӣ ва огоҳкунандаи зидди сӯхтор муҷаҳҳаз аст.
Сарвари давлат ифтитоҳи бинои навро дар рӯзҳои омодагии сазовор ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони соҳа табрик намуданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити корӣ дар иншооти нав ба кормандони нозироти андоз барои дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон хизмат расондан ва ғанӣ гардондани буҷети кишвар дастуру ҳидоятҳо доданд.

Боғи фарҳангу фароғатӣ симои тоза гирифт
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Бӯстон, баъди азнавсозии куллӣ Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айниро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ифтитоҳи расмии ин иншоот бо бардоштани парда аз рӯи муҷассамаи Сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ оғоз ёфт.
Муҷассамаи наву барқади Садриддин Айнӣ бо баландии 5 метр қомат афрохта, пояи он 3 метр мебошад. Муаллифи муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ҳайкалтарош Рустам Маҷидов буда, мақсад аз гузоштани он арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи ин шахсияти таърихӣ дар назди халқу миллат мебошад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо ниҳоли дарахти шоҳбулут шинонданд.
Боғи фарҳангу фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ дар масоҳати зиёда аз 7 гектар доман густурда, яке аз ҷойҳои аслии сайругашти сокинони шаҳр ба ҳисоб меравад. Корҳои сохтмонӣ аз моҳи августи соли ҷорӣ оғоз ёфта, бештар аз 200 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд.
Барои анҷоми босифати тадбирҳои барқарорсозиву сохтмонӣ ва гузоштани муҷассамаи устод Садриддин Айнӣ бештар аз 6 миллион сомонӣ сарф шуд. Барои ободу зебо гардондани ин гӯшаи шаҳри Бӯстон дарвозаҳои асосии боғ бо санъати зебои гаҷкорӣ бунёд гардида, ба манзараи дилфиребе мубаддал гашта, дар ин ҷо 3 фаввора, амфитеатр бо 300 ҷойи нишаст, ду қаҳвахона, катҳои истироҳатӣ, шаршара, 80 адад курсӣ, чархофалаку атраксионҳои замонавӣ барои сокинон, алалхусус кӯдакон бунёд ва васлу насб гардидаанд.
Сафолакпӯш кардани роҳравҳо дар масоҳати 8,5 ҳазор метри мураббаъ, кабудизоркунӣ ва гулпӯшкунии зиёда аз 30 ҳазор метри мураббаъ, панҷарабандии атрофи боғ, ороиши ҷӯйборҳо бо сангҳои табиӣ ва чароғонкунии роҳравҳову гирду атрофи боғ, аз тадбирҳои ободоние буданд, ки дар доираи лоиҳаи сохтмону барқарорсозии Боғи фарҳангу фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ дар шаҳри Бӯстон бо сифати баланд ба анҷом расонда шуданд.
Дар дохили боғ китобхона ва намоишгоҳи ҳунарҳои дастии сокинони шаҳри Бӯстон бунёд шуд. Дар ин мавзеи истироҳатӣ кӯдакону наврасон метавонанд дар баробари гузарондани фароғати хуб ба омӯзиш низ ҷалб гарданд.
Сарвари давлат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ҷиҳати боз ҳам ободу зебо сохтани ин макони фароғатӣ маслиҳатҳои судманд доданд.
Чунин тадбирҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Бӯстон ба монанди дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ вусъати тоза касб карда, сокинон барои истиқболи сазовор аз 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.10.2018    №: 206    Мутолиа карданд: 277

27.01.2020


«ҶОМИ РУШД - 2020». Наврасони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра гаштанд

Заминларзаи сахт дар Туркия ва ҳалокати 38 нафар

Зеленский аҳамияти музокироти бевосита бо Путинро таъкид дошт

Гуфтушуниди Лукашенко дар бораи хариди нафт бо ИМА, АМА ва Арабистони Саудӣ

Дар ИМА музокироти тиҷоратӣ бо Британияро дар як сол анҷом доданианд

Ҷаҳон дар як сатр

26.01.2020


Тасдиқи рамзи "30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Тасдиқи рамзи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019 - 2021

Ноҳияи Дӯстӣ. Қонуншиканиҳо коҳиш меёбанд

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ

Файзобод. Рӯ ба рушд

ОЗМУНИ ЧИНИИ "ОВОЗИ ТИЛЛОӢ". Ғолибон муайян шуданд

"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон дар финал

Дар Чин усули табобати коронавирусро пайдо намуданд

Путин вохӯрии панҷ аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ - ро пешниҳод намуд

Макрон пешниҳоди Путинро дар бораи вохӯрии кишварҳои аъзои доимии Шӯрои амният хуш пазируфт

Эътилоф амалиёти низомиро дар Ироқ боздошт

Меркел дар Давос бо сарони Ироқ ва Афғонистон вохӯрд

Ҷаҳон дар як сатр

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед