logo

иқтисод

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Доктори илмҳои тиб, профессор Исроил Холматов 63 сол аст, ки дар таҳқиқ, муолиҷа ва пешгирии бемориҳои гӯшу гулу ва бинӣ саҳм мегузорад. Ӯро ҳамчун табиби донишманд, ҷарроҳи чирадаст, тарбиятгари шогирдони болаёқат ва бунёдгузори мактаби миллии оториноларингология мешиносанд.
Варақгардонии зиндагиномаи ибратбахш ва фаъолияти касбии ин табиби соҳибном касро воқеан ба ҳайрат мегузорад. Исроил Холматов аввал дар омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Ленинобод (Хуҷанд) таҳсил карда, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро ҳам бо муваффақият хатм намудааст. Баробари муолиҷаи беморон ҳамчун ассистенти кафедраи бемориҳои гӯшу гулуву бинии донишгоҳи мазкур ба фаъолияти илмӣ машғул шудааст. Дар синни 28-солагӣ дар мавзӯи «Таъсири бемориҳои шадиди роҳи нафас ба фаъолияти меъда» рисолаи номзадӣ ҳимоя карда, баъд аз 18 соли фаъолияти муолиҷавию таълимӣ ва илмӣ ба дифои рисолаи докторӣ дар мавзӯи «Шинохти аудиологии навъҳои гуногуни ношунавоӣ ва хусусиятҳои онҳо дар байни аҳолии Тоҷикистон» ноил мегардад. Ин буд, ки соли 1968 ҳамчун дотсент ва соли 1972 профессори кафедраи номбурда фаъолият намуда, минбаъд низ дар ин самт ба таълифи зиёда аз 200 номгӯи мақолаву рисолаҳои илмӣ, дастуру раҳнамоҳои соҳавӣ барои донишҷӯёну шифокорон муваффақ шудааст.
Таҳти роҳбарии профессор Исроил Холматов 6 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ карда, ҳамаи онҳо дар марҳалаи докторантӣ қарор доранд. 
Соли 1975, вақте дар назди Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии № 3 маркази беҳтарсозии шунавоӣ таъсис ёфт, табиби ҳозиқро роҳбари он таъйин карданд. Пасон, ба ҳайси мудири кафедраи бемориҳои гӯшу гулуву бинии филиали хуҷандии ДДТТ ва мудири курс, профессори Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони соҳа дар вилояти Суғд  фаъолият бурда, барои баланд бардоштани донишу таҷрибаи табибон мусоидат намуд.
Меҳнати софдилона, фаъолияти густурдаю доманадори муолиҷавӣ ва таълимиашон омили муҳиме барои дар ҷумҳурӣ ба вуҷуд омадани мактаби хосси  оториноларингологон, ки дар самтҳои микроҷарроҳии гӯш, сурдология, аудиология гашт, ки ин ифтихори табибон ва мояи фахри илми тибби миллии мост.
М. МАҲМУДНАЗАРОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.10.2018    №: 207    Мутолиа карданд: 228

22.10.2019


Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҳамкориҳои Чин – Осиёи Марказӣ

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳейти Мяемеэс

Тоҷикистон дар раддабандии «AFAR» ҷойи аввалро гирифт

Дар Исфара машварати омӯзишӣ баргузор мешавад

9 ноябр - бозии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистону Малайзия

Амалиёти Туркия дар Сурия боиси тарки манзил кардани 70 ҳазор кӯдак шуд

Дар Қазоқистон ба собиқ Президент Назарбоев ваколатҳои бештар доданд

ВКХ Туркия: «Мо амалиётро идома медиҳем, агар террористон нараванд»

Омодашавии ИМА барои аз Афғонистон пурра баровардани артиш

Громов: «Имтиёзҳои андозбандиву гумрукӣ метавонанд “Газпром”- ро ба Тоҷикистон ҳавасманд кунанд

Ҷаҳон дар як сатр

21.10.2019


Баррасии рушди ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Россия

Вохӯрии Давлаталӣ Саид бо Шэн Юэюэ

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Ҷонсон аз Иттиҳоди Аврупо то январи соли 2020 мавқуф гузоштани Брекситро хоҳиш намуд

Трамп умед дорад, ки ба қарибӣ бо Чин шартномаи тиҷоратӣ мебандад

Кандашавии сарбанд дар қарибии Красноярск боиси марги 15 нафар гашт

ИМА аз Афғонистон 5 ҳазор низомиашро мебарорад

Володин: «Россия ба кормандон аз Тоҷикистон ниёз дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед