logo

сиёсат

БОЗДИДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ БОҒИ МИЛЛИИ “ВАҲДАТ”

23 октябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Муассисаи давлатии Боғи миллии “Ваҳдат”- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал оварда, баъди шиносоӣ бо дастовардҳои коргарон ду гармхонаи навро ифтитоҳ карданд.
Боғи миллии «Ваҳдат» 20 марти соли 2008 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта, ҳамон сол дар майдони 100 гектар ниҳоли зардолу шинонда шуд.
Майдони умумии боғ 631 гектарро ташкил медиҳад ва дар 364 гектар зардолу, 48 гектар шафтолу, 35 гектар себ, 5 гектар гелос, 12 гектар олу ва 10 гектар ангур парвариш карда мешавад. Дар ҳудуди боғ аз ҷониби Сарвари давлат дар масоҳати 0,9 гектар ду гармхона барои парвариши помидору бодиринг ифтитоҳ шуд.
Дар муассисаи давлатии мазкур бо ғунҷоиши то 300 тонна маҳсулот сардхона бунёд шудааст. Ин имкон медиҳад, ки ҳосили боғот талаф наёфта, маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ба харидорон пешниҳод гардад. Дар муассиса 80 нафар ба таври доимӣ ва 60 нафар ба таври мавсимӣ ба кор ҷалб шудаанд.
Рӯзҳои охир боғдорон даҳ тонна анорро ҷамъоварӣ ва дар сардхона захира карданд. 20 тонна ангури навъи “тоифӣ” низ захира шуда, ҷамъоварии ҳосили боқимонда идома дорад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар ҳудуди Муассисаи давлатии Боғи миллии «Ваҳдат” дар масоҳати 0,35 гектар се кӯли навро ба истифода доданд. Дар он барои парвариши моҳиҳои гуногун, рушди соҳаи моҳипарварӣ ва мусоидат кардан ба тозагии муҳити атроф 15 ҳазор моҳии навъи пешонағафси сиёҳ ва ало, карп ва амури сафед сар дода шуд.
Табиати Тоҷикистон барои кишти дилхоҳ зироат ва парвариши ҳайвоноту парандаҳои гуногун дар ҳама фаслҳои сол мувофиқ аст. Ҳамин аст, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи рушди соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дар 53 хоҷагии моҳипарварии вилояти Суғд парвариши навъҳои гуногуни моҳиҳо ба роҳ монда шудааст.
Моҳипарварӣ низ дар кишвар яке аз соҳаҳои манфиатовар ва камхарҷ ба шумор рафта, моҳипарварон аз ҳисоби даромади он сатҳи зиндагии худ ва шароити хоҷагиҳоро беҳтар менамоянд.
Баъди сар додани моҳиҳо ва шиносоӣ бо вазъи боғот,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарон барои истифодаи самараноки имкониятҳои мусоид дастуру супоришҳои муфид доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.10.2018    №: 207    Мутолиа карданд: 336
29.09.2020


ТОҶИКОН ВА ӮЗБЕКОН: ДӮСТӢ БИМОНАД ҶОВИДОН

РАШТ. ҲАМКОРИҲОИ МАҚОМОТ БО СОҲИБКОРОНИ ВАТАНДӮСТ САМАР МЕДИҲАНД

ХУҶАНД. ВУСЪАТИ БУНЁДКОРИҲО ДАР ТАРАБХОНАИ «ФОРЕЛ»

ТОҶИКИСТОН. 87,4 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед