logo

ҳуқуқ

АДОЛАТИ ИҶТИМОӢ АЗ ТАЪМИНИ АДОЛАТИ ИҚТИСОДӢ САРЧАШМА МЕГИРАД!

Дастрасии адлу адолат ба халқ аз роҳу равиши мухталиф ва ба василаи фаъолияти мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ сурат мегирад. Дар миёни ин ҳама, мақомоти давлатӣ, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ба сифати аслу ҷавҳари адлу адолат таъмин менамояд, нақш ва мавқеи мақомоти  судӣ муҳиму назаррас аст.
Бо амри тақдир ва бар асари таҳаввулоти фарогири сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90 - уми асри гузашта халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллии худ ноил гардид.
Давраи Истиқлолияти давлатӣ марҳилаи нави таърихии ҳокимияти судии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, он аз ислоҳоти конститутсионӣ маншаъ мегирад.
Аввалин маротиба дар таърихи давлатдории тоҷикон Конститутсияи  давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки тибқи он ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.
Суд тавре маълум аст, институти муҳими давлатӣ мебошад, ки тақдири ҳазорон корафтодагонро ҳал менамояд. Дар ин асно, танҳо дар доираи талаботи қонун, одилона ва беғаразона ҳал намудани қазияҳои судӣ, роҳ надодан ба иштибоҳу саҳланкорӣ дар фаъолият бисёр муҳим буда, дар баробари ин, судҳо дар масъулияти риояи адлу инсоф, баробарии инсонҳо одобу рафтор дар маънавиёти иҷтимоии ҷомеа уҳдадоранд.
Мавриди зикр аст, ки  қабули  Конститутсия ба ислоҳоти судӣ дар кишвар замина гузошт. Ҳокимияти судӣ рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид. Дар ин замина, нахустин бор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ таъсис ёфтанд.
Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  доир ба мақоми суд чунин изҳор намудаанд: “Раванди ташаккули ягон давлати муосирро бе фаъолияти самараноки мақомоти судӣ, ки асоси таъминкунандаи адолати иҷтимоӣ мебошад, тасаввур кардан ғайриимкон аст”.
Самаранокии фаъолияти ҳокимияти судӣ, эҳтирому боварии ҷомеа нисбат ба мақомоти судӣ ҳамчун рукни холису мустақили ҳокимияти давлатӣ ва танҳо дар асоси қонун барқарорсозии адолати иҷтимоӣ аз таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ бастагии ногусастанӣ дорад.
Мустақилияти мақомоти судиро, пеш аз ҳама, давлат ва Конститутсияи он кафолат медиҳад. Ҳама гуна шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ уҳдадоранд мустақилияти мақомоти судиро эҳтиром ва риоя намоянд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  мустақил будани ҳокимияти судӣ, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ гардидани ваколат, дар фаъолияти худ мустақил будани судяҳо, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат намудани онҳо, манъ  карда шудани дахолат ба фаъолияти судяҳо бо таҳдиди ҷавобгарӣ муқаррар менамояд.
Аз ин рӯ, мустақилияти судяҳо яке аз талаботи асосии давлати ҳуқуқбунёд буда, барои таъмини фаъолияти суди босалоҳият ва беғараз равона гардида, ба барқарорсозии адолати судӣ ва иҷтимоӣ асос меёбад.
Дар даврони истиқлолияти миллӣ таваҷҷуҳи Роҳбари давлат баҳри таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ ва баланд бардоштани нақши мақомоти судӣ дар ҷомеа назаррас мебошад.
Бобати амалӣ намудани муқаррароти конститутсионии мустақилияти судӣ то инҷониб се Барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ амалӣ гардида, баҳри таъмини мустақилияти мақомоти судӣ корҳои зиёде анҷом ёфт. Аз ҷумла, аз ҳайати ҳокимияти иҷроия баровардани масъалаҳои судӣ, таъсиси сохторҳои нав марбут ба ҳуқуқи инсон, сохтори мустақил доир ба иҷрои санадҳои судӣ, такмил дода шудани қонунгузорӣ, бахусус мутобиқ бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар таҳрири нав қабул гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти соҳаро танзим менамоянд, зиёд намудани воҳидҳои вазифаи судя ва кормандони дастгоҳи судҳо, ҳамасола пешбинӣ намудани афзоиши маблағгузории мақомоти судӣ дар Буҷети давлатӣ ва чораҷӯӣ баҳри беҳтар кардани вазъи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо, таъмини судҳо бо биною таҷҳизоти муосир, пайвастшавӣ ба интернету кушодани сомонаи судҳо, мунтазам дар маркази таълимии судяҳо бо барномаҳои гуногуни омӯзишӣ фаро гирифтани судяҳо амалӣ гардиданд, ки омилҳои мазкур барои таъмини мустақилияти суд равона карда шудаанд.
Бояд иқрор шуд, ки қатъи назар аз тадбирандешиҳо доир ба таъмини воқеии мустақилияти судҳо, ҳанӯз норасоиҳо дар самти қабули қарорҳои қонуниву асоснок, дар муҳлатҳои бо қонун муайянгардида баррасӣ кардани парвандаҳои судӣ мушкиливу масъалаҳои ҳалталаб ҷой доранд.
Бинобар ин, бо дастури Президенти мамлакат идома додани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ таъкид карда шуда,  соли равон сохторҳои дахлдор доир ба ин масъала фаъолият доранд.
Тақозои замон аст, ки баробари пешрафти босуръати технологияи муосир фаъолияти судҳо ҳам ба ин гуна талабот ҷавобгӯй бошанд.
Бо мақсади таъмини дастрасии мардум ба адолати судӣ, риояи баррасии саривақтии парвандаҳо ва аз байн бурдани амалҳои мурофиавии формалӣ зимни даъвати тарафҳои муҳокимаи судӣ ва иштироки бевоситаи онҳо дар муҳокимаи судӣ ҷараёни дастрасӣ ба адолати судӣ содатар карда шуда, бояд аз тартиби расмиятпарастии зиёдатӣ озод бошад.
Албатта, ҳолатҳои зикршуда омӯзишу таҳлил ва омода намудани заминаи ҳуқуқӣ, яъне боздиди меъёрҳои қонунгузории мурофиавиро дар  самти ҷорӣ намудани коргузории электронӣ тақозо менамоянд.
Таъмини адолати иҷтимоӣ аз таъмини адолати иқтисодӣ сарчашма мегирад. Яъне, оромию субот ва фараҳмандии рӯзгор дар ҳама давр  ба сатҳи риояи меъёрҳои адолат, натиҷаи баррасию хулосабарорӣ дар атрофи  баҳсҳои  иқтисодӣ робитаи бевосита доранд.
Дар ин ҷода таъмини риояи волоияти қонун дар фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимият, иҷрои бечунучарои талаботи қонун аз тарафи ҳамаи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ сарфи назар аз шакли моликияташон кафолати адолати иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.
26 октябр тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” Рӯзи кормандони мақомоти судӣ сабт гардидааст. Сарчашмаҳои таърихӣ собит менамоянд, ки дар Тоҷикистон суд мавқеи мустақили худро танҳо баъди соҳибистиқлолии давлатамон касб намудааст.
Таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат бобати таҳкими ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақш ва обрӯи суд дар ҷомеа, такмили сохтори судӣ ба самаранокии фаъолияти судҳо мусоидат намуда,  он дар ҷомеа ҳамчун таъминкунандаи роҳи самарабахши ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ  шинохта шудааст.
Бо ҷашни мубораки касбӣ, кулли судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои ҷумҳуриро бо орзуҳои тоза табрик гуфта, барояшон сиҳатмандиву саодати рӯзгор, бахту иқболи нек ва дар амалигардонии адолати судиву иҷтимоӣ пешравиҳои бузургро таманно менамоям. Орзу дорам, ки ҳамеша хуршеди адлу хирад ба хонадони ҳар яки мо нуру зиё бахшад.
Мавлуда  ҚАЛАНДАРЗОДА,
раиси Суди Олии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.10.2018    №: 208    Мутолиа карданд: 420
26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО

НОБОЛИҒОН. ҚОНУНШИКАНӢ ҲАНӮЗ АЗ БАЙН НАРАФТААСТ

ОЗАРБОЙҶОН ВА АРМАНИСТОН ОТАШБАС ЭЪЛОН НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” АСРОРИ ДУШМАНИВУ ХОИНИРО ИФШО КАРД

12.10.2020


ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ - 2020. ФУТЗАЛБОЗОНИ ТОҶИК БАРОИ ИШТИРОК ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

ХАЙКО МААС: "ИТТИҲОДИ АВРУПО МУКОЛАМА БО РОССИЯРО НАБОЯД ҚАТЪ КУНАД"

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.10.2020


БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ШУДАНД

ҲАВЗАИ ИШКОШИМ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

ВОХӮРӢ БО НОМЗАДҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед