logo

иҷтимоиёт

ОБОДКОРӢ ПАЙРАВИ ПЕШВОЕМ!

Солҳои охир аз ҷониби соҳибкорон ва афроди саховатпеша иҷрои корҳои зиёди ободониву созандагӣ, дастгирии ятимону оилаҳои ниёзманд  бештар ба чашм мерасанд. Ин нафарон ба дармондагон дасти мадад дароз намуданро қарзи инсонии худ меҳисобанд. Яке аз чунин ашхос Шодмон Раҷабов аст, ки дар дастгирии ятимону оилаҳои ниёзманд ҳиссагузор аст.
Вай сарвари ҶДММ «Мавзеи Шодмон» буда, дар як пуштакӯҳи зебову хушманзараи шоҳроҳи Душанбе - Чанак фароғатгоҳе сохта, ба мусофирон, меҳмонон ва сайёҳон хизмати арзону босифат мерасонад. Дар он 8 нафар бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин аст.
Яке аз корҳои наҷиби инсонпарваронаи Шодмон Раҷабов ин аст, ки ӯ ба хонаводаи Фаррух Раҷабов ва Ойбек Нарзуллоев, ки ҳангоми ҳимояи Ватан ҷон додаанд, мунтазам ёрӣ мерасонад.
Дар соли хониши 2017 - 2018 аз ҳисоби даромади коргоҳаш 20 хонандаи фаъоли МТМУ № 12 ёрии моддӣ  гирифт. Ҳамасола дар арафаи Соли нав ва Ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ ба тарбиятгирандагони интернати ноҳия дастархони идона меорояд.
Соли равон дар назди қалъаи таърихии Қаҳқаҳаи Шаҳристон бо ташаббус ва ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо дастгирии соҳибкорону мардони саховатпеша ба тариқи ҳашар боғи фарҳангиву фароғатии «Ҷавонон» бунёд  шуд. Дар хазинаи боғ барои иҷрои корҳои ободонӣ соҳибкор Ш. Раҷабов 20 ҳазор сомонӣ ҳисса гузошт.
Дар ноҳия соли равон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави интернати давлатӣ, ки сохтмони он ба тариқи ҳашар оғоз гашта буд, ба истифода дода шуд. Дар бунёди ин иншоот низ соҳибкор саҳми арзанда дорад. Ҳамчунин, роҳи деҳаи Ҳисори ноҳияи Шаҳристон, ки аз селу ярч хароб гардида буд, бо дастгирии ӯ аз нав обод мешавад.     
Лола РИЗОӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.10.2018    №: 208    Мутолиа карданд: 297
23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БОЗ 82 ШАҲРВАНД БО КОР ТАЪМИН ГАРДИД

ТАЪСИСИ 86 КОРХОНА ДАР ҲАФТ МОҲ

«ЛИДАР». АКНУН ТАРКИБИ МОЛЕКУЛАВИИ ҲАВО САНҶИДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед