logo

иҷтимоиёт

НАҚШИ РОҲБАР АЗ НИГОҲИ МУТАФАККИРОНИ ШАРҚ

Одамон, ки офарандаи таъриханд, дар робитаҳои байниҳамдигарӣ ва муносибат бо падидаҳои дигари ҷамъиятию табиӣ мақсади муайянро асоси фаъолияти худ қарор медиҳанд. Роҳбарӣ яке аз падидаҳои муҳими ҷомеаи инсонӣ буда, тӯли таърихи башар мутафаккирони зиёд ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуда, паҳлуҳои гуногуни онро муайян ва баррасӣ кардаанд.
Абуалӣ ибни Сино атрофи масъалаи роҳбарӣ дар асарҳои худ «Зафарнома» ва «Тадбири манзил» андешаҳои ҷолиб баён кардааст. Сино доир ба ҷамъият ва паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, хусусан сиёсат, нақши роҳбар дар рушди кишвар ва устувории адлу инсоф суханҳои арзишманд гуфта, ҷомеаро ба се қисмат тақсим кардааст: ҳокимон, заҳматкашон ва ҷанговарон. Ба ақидаи вай, агар подшоҳ донишманд бошад, сиёсат низ одилона хоҳад шуд. Дар ин маврид ӯ ба воситаи сиёсати хеш ба инкишофи саноату зироат ва савдою маданият таъсири мусбат мерасонад.
Яке аз мутафаккирони тоҷику форс Унсурулмаолии Кайковус, ки муаллифи «Қобуснома» аст, сиёсатмадору давлатдорро ба офтоб монанд мекунад: «Чашми хуррамии олам подшоҳи одил аст ва чашмаи вайрониву харобии олам подшоҳи золим аст». Адлу адолатро пояи давлатдорӣ медонад. Шоҳу шоҳигариро ба масъалаи ахлоқ мепайвандад. Ба ақидаи ӯ, шоҳ бояд ҳамеша ақлу хирадро машваратчии худ интихоб кунад, ба эҳсосот дода нашавад, тафаккур дар қабули қарор бояд ҷойи асосӣ дошта бошад ва яке аз аркони давлатдориро дар равонии фармон ва супоришоти шоҳ мебинад.
Симои барҷастаи Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар афкори сиёсиву иҷтимоии асримиёнагии тоҷику форс арзишманд буда, вай дар асарҳои худ «Ахлоқи Муҳсинӣ», «Футувватномаи султонӣ» ва «Рисолаи Ҳотамия» оид ба тарзи давлату давлатдорӣ, ягонагии ҳокимияти динию дунявӣ, саҳми шахсони соҳибмансабу соҳибмақом ва ашхоси тавонгар андешаҳои арзишманд баён намудааст, ки ҳоло ҳам пур-арзишанд.
Кошифӣ бар он ақидааст, ки адлу инсоф, усули солимии давлатдорӣ, халқпарастии воқеии роҳбар, пояи давлатро устувор ва ҳаёти ҷамъиятро хуш месозад.
Дар қатори дигар мутафаккирон таълимоти Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҷойи махсусро ишғол менамояд. Вай ҳамчун олим ҷамъиятро бе сарвар тасаввур намекунад ва нақши ӯро дар ҳаёти ҷамъиятӣ хеле боло мегузорад.
Ба ақидаи Форобӣ, мутафаккири барҷаста, устувории давлат ва беҳбудиву пешрафти иқтисодию сиёсии кишвар аз бисёр ҷиҳат ба сарвар вобаста аст. Сарвар ва ё пешво, аз назари вай, бояд дорои чунин хислати фитрӣ бошад: фаросат, хотираи хуб, зеҳни тез ва дурандеш будан, фикри худро аниқ гуфта тавонистан, ҳақиқат ва тарафдорони онро дӯст доштан, дурӯғ ва дурӯғгӯйҳоро бад дидан, касби пурифтихор ва ҳурмати худро нигоҳ доштан, душмани беадолатӣ ва зулму истибдод ва мустабид будан.
Форобӣ менависад, ки ҷомеа он вақт метавонад ба хушбахтӣ даст ёбад, агар ба таври ихтиёрӣ роҳбарии ҳокими хирадмандро интихоб намояд. Гарчанде ки интихоби низоми ҳокимият ҳуқуқи истисноии инсоният мебошад, интихобро ҳеҷ гоҳ ба таври иҷборӣ ба ҷомеа талқин кардан дуруст нест. Ба ақидаи Форобӣ «Роҳбари арзанда ин шахсест, ки танҳо ба шарофати дониш, хирадмандӣ ва тарзи хидмат ба халқ соҳиби дилҳои одамон шуда, онҳоро умедвор месозад. Ӯ бояд ба андозае мардумро ба ваҷд биёрад, ки онҳо барои расидан ба хушбахтӣ ба таври ихтиёрӣ ва аз дилу ҷон роҳбарии ӯро қабул намоянд, чунки ин тобеият ба хирад ва бартарият аст».
Низомулмулк дар асари машҳури худ «Сиёсатнома» ба омӯзиши паҳлуҳои гуногуни роҳбарӣ диққат дода, ин ниҳоди иҷтимоиро ҳамаҷониба баррасӣ намудааст. Аз ҷумла, ӯ тавонистааст ҳам ба ҷанбаи субъективию шахсӣ ва ҳам ба ҷанбаи сохторию вазифавии сарварӣ диққати ҳамаҷониба диҳад.
Мутафаккир зикр менамояд: «Эзиди субҳонаҳу ва таоло дар ҳар асрею рӯзгоре якеро аз миёни халқ баргузинад ва ӯро ба ҳунарҳои подшоҳона ва сиратҳои сутуда ороста гардонад ва масолеҳи ҷаҳону оромии бандагонро бад-ӯ бозбандад ва дари фасоду ошӯбу фитнаро бар ӯ баста гардонад ва ҳайбату ҳашамати ӯ андар дилҳо ва чашми халоиқ бигустаронад, то мардумон дар сояи адли ӯ рӯзгор мегузаронанд ва эмин ҳамебошанд ва бақои давлати ӯ ҳамехоҳанд». Аз ин ҷо хулоса баровардан мумкин аст, ки роҳбарон – подшоҳон дар ҳақиқат ҳам шахсиятҳои дорои хислатҳои хос буда, мавҷудияти онон дар ҷомеа баҳри таъмини низому тартиб зарур мебошад. Воқеан ҳам, адолат то ба имрӯз яке аз пояҳои пойдории дилхоҳ ҷомеа ва давлат ба шумор меравад. Бинобар ин, Низомулмулк чунин мешуморад, ки роҳбарон бояд дорои хислатҳои адолатпешагӣ, додрасӣ, ҳаё, ҳусни хулқ, авф, тавозеъ, саховат, сидқ, сабр, шукр, раҳмат, ақл, хирадмандӣ, ҳушёрӣ, раиятпарварӣ, худотарсӣ ва донишмандӣ бошанд. Ба ақидаи мутафаккир, «дониши сарварон бояд ҳамчу шамъ бошад, ки бисёр рӯшноӣ диҳад ва мардумон бад - он рӯшноӣ роҳ ёбанд ва аз торикӣ берун оянд».
Абуҳомид Муҳаммад Ғазолӣ дар китоби худ «Насиҳат ул - мулук» сиёсатро яке аз қисматҳои илми фалсафа медонад ва бузургтарин хислати подшоҳонро дар одилӣ мебинад.
Таҳлили афкори мутафаккирони тоҷику форс нишон медиҳад, ки масъалаҳои роҳбару роҳбарӣ, давлату давлатдорӣ, яке аз масъалаҳои асосии эҷодиёти онҳо буда, бори дигар собит месозанд, ки ақидаҳои иҷтимоии онҳо ифодакунандаи ормонҳои онҳост. Аз ин ҷост, ки хислатҳои роҳбариро муаррифӣ намуда, онҳо кӯшиш менамоянд, то дар ҳамин рӯҳия роҳбаронро тарбия намоянд. Зеро яқин дарк мекарданд, ки адли шоҳ қодир аст боиси суботи ҷомеа, осудагии мардум, пешрафти кишвар ва тантанаи саодат гардад.
Фазлиддин МАҲМАДРАҲИМЗОДА, магистранти Донишкадаи
идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.10.2018    №: 209    Мутолиа карданд: 530
29.09.2020


ТОҶИКОН ВА ӮЗБЕКОН: ДӮСТӢ БИМОНАД ҶОВИДОН

РАШТ. ҲАМКОРИҲОИ МАҚОМОТ БО СОҲИБКОРОНИ ВАТАНДӮСТ САМАР МЕДИҲАНД

ХУҶАНД. ВУСЪАТИ БУНЁДКОРИҲО ДАР ТАРАБХОНАИ «ФОРЕЛ»

ТОҶИКИСТОН. 87,4 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед