logo

фарҳанг

ГУЛИ БАҲОРНАДИДА

Ман он гулам, ки зи ошӯби бесуботии даҳр
Накарда тоза димоғи касе, хазон шудаам.
Аз сарчашмаҳои куҳан ва мушоҳидаи пирони хирадманди рӯзгор ин суханҳоро бисёр хондаему шунидаем: Офаридгор тани сиҳат, ҳусну қомати расо, ҳунару заковат, донишу фаросат, бахту сарват, ҳиммату ҷавонмардӣ, зани вафодору фарзандони хизматгор, умри дарози ширин, дили поку бекинаро ба инсон баробар надодааст ё кам андар кам бахшидааст. Чун ба сарнавишти печида, бахти сиёҳ ва умри кӯтоҳу ҳаёти талхи шахсиятҳои волоҳунари мисли ситора дурахшони замонашон ошно мешавем, ба асрори ҳақиқати гуфтаҳои боло бовар мекунем ва ангушти ҳайрату афсӯс газида, аз дил мегузаронем:
Ба пирӣ мерасад хори биёбон,
Вале гул чун ҷавон гардад, бимирад.
Аммо чӣ метавон кард, ки сарнавишти ҳар ҷонзод, аз ҷумла инсон дар ҳукми Худованд асту рӯзу соати умр, шодиву нишот, талхиву шӯрии ҳаёт ва соату лаҳзаи баркандани риштаи умрро низ маҳз “Он ҷонбахшу чорасози ҳама корҳо” дар хати азал ё пешонӣ менависад. Хати азал. Мӯшикофи маъниҳо – Бедили бузург ҳамин асрорро дар байте ба таври зайл (мазмунан) ёдрас карда: “Ҳама хати олам ғалат дорад, ҷуз хати азал”. Ва басо фошу фаҳмо боз гӯшрас менамояд:
Зиндагӣ нақди ҳазор озор аст,
Ҳар қадар кам шумарӣ, бисёр аст.
Бешак, перомуни ин мавзӯъ баҳсу андеша поён надорад. Лекин банда ҳамеша чун ин байти ҷигарсӯзи Шамсиддин Махдуми Шоҳинро мехонам ва ё бо савти афсункори “Шашмақом” онро мешунавам, ба пайкарам ларза медаваду ба чашмонам об:
Бар сари кӯи ту, бигзор, қароре гирам,
Умрҳо шуд, ки малулам зи ғами беватанӣ.
Ва аз худ мепурсам: “ Чаро шоире дар ҳунар, фазлу дониш ягона ё гули сари сабади давр, зодаи Бухорои Шариф дар авҷи шириниву шодобии умр, 35 ё 36 - сола, надими дарбори амир Абдулаҳади манғит ба ҷойи комгорӣ аз рӯзгор, тараннуми шодиву нишот талху парешонҳол нолидааст:
Ҷое равам, ки гардун болои сар набошад,
Аммо чӣ метавон кард, ҷои дигар набошад?
Ва ё:
Пас аз вафоти ту, Шоҳин, суханварон сӯзанд
Ба ҷои шамъ туро бар сари мазор ангушт.
Ба савол дар “Намунаи адабиёти тоҷик” - и устод Садриддин Айнӣ, бахши “Шамсиддин - Махдум Шоҳини Бухороӣ” ҷавоби равшан меёбам... Аллома Айнӣ таъкид карда: “Шоҳин... ба балои надимии амир Абдулаҳад гирифтор омада, дар ин пеша бисёр азиятҳо кашидаву ҷафоҳо дидааст.
Усули ҳукуматдории амир, низому насақи (тарзи корбарӣ) дарбори ӯ ба монанди Шоҳин - як шаҳбози марғзори фазлу камол ва озодӣ ҳеҷ мувофиқ наафтодааст”.
Ростии ин гуфтаи устод Айниро тасвири ҳолати бағоят сангини ноумедӣ, маҳзунӣ ва шикастадилии Шоҳини бигирем, 30 - 35 - сола дар авҷи ғурури умраш дар ин ғазали баланду пуршиква собит месозад:
Шикастахотиру ранҷуру нотавон шудаам,
Биё, бубин, ки дилат ҳар чӣ хост, он шудаам.
Ба ғайри хору хасу меҳнатам наёмад пеш,
Ба ҳар тараф, ки чу оби равон равон шудаам.
Маро чу шохи суман кард тарбият айём,
Вале чӣ суд, ки маҳруми бӯстон шудаам?
Ба ҳар кӣ майл кунам, мекунад канора маро,
Ба хотири ҳама чу бори ғам гарон шудаам.
Дудаста нуқли ғаму ғуссаам ба пеш гузошт,
Ба хони ишрати ҳар кас, ки меҳмон шудаам.
Зи хоки тира ба сад поя камтарам, аммо
Гумон кунанд халоиқ, ки осмон шудаам...
Ман он гулам, ки зи ошӯби бесуботии даҳр
Накарда тоза димоғи касе, хазон шудаам.
Аҷал тафаққуди ҳолам намекунад в-арна
Ҳазор бор аз ин зиндагӣ ба ҷон шудаам.
Ба ҳеҷ боб маро нест рӯи хурсандӣ,
Ҷуз ин қадар, ки ғуломи шаҳи шаҳон шудаам.
Ба фазлу дониши худ ҳайф оядам, Шоҳин,
Ки ман ба ин ҳама ганҷ чӣ ройгон шудаам.
Устод Айнӣ дар “Намунаи адабиёти тоҷик” таъкид кардаанд, ки “Шоҳин дар Бухоро таваллуд ёфтаву касби камол намудааст”. Вале падари ӯ “Муллоамон ном кӯлобист”. Яъне, Шоҳин кӯлобиасл аст, решаи насабаш ба Кӯлоб мерасад, лекин парвардаи шаҳр ва муҳити адабии Бухорост. Табиист, ки Бухорову Самарқанд, Балху дигар шаҳрҳои қадима чун марказҳои илму тамаддун асрҳои аср на танҳо зодагонашон, балки барои фарзандони боҳунару доништалаби кӯҳистони тоҷик ва халқиятҳои гирду атроф дари умед, фазои ба муроди дил ба таҳсил камар бастану аз уламову фозилони давр таълим гирифтан ё аз хони маърифати эшон баҳраҳо бардоштан буд. Ин хосияти марказҳои илму фарҳангӣ мебошад. Аммо мусаллам аст, ки ҳар ҳунарманд то ҷое боз парвардаи фарҳанги “ватани хурд” - и хонадон мешавад. Ва ин сарчашма то нафаси охирин ба хулқу атвор, андеша, хазинаи гуфтору осори ӯ файзе мебахшад. Шоҳин ҳамеша ифтихору ғурури хатлонӣ доштааст ва бори сангини ин “доғ” - ро умрбод мекашидааст. Ӯ вобаста ба шӯриши озодихоҳонаи мардум дар Хатлонзамин бо роҳбарии Восеъ ва бераҳмона пахш гардидани он аз ҷониби амир Музаффар ишораҳои равшане дорад.
Гашт ҳосили Шоҳин шавкати фалотунӣ,
Баъд аз ин ба Хатлон ҳам гирудори Юнон шуд.
Ва ё:
Ба Хатлонзамин хуни мардум бирехт,
К-аз он мотам аз чарх анҷум бирехт.
Аҳли назар хуб медонад, ки дар осораш Шоҳин таъбиру вожаҳои “ватани хонаводагияш” Хатлонро басо зебову фаровон истифода бурдааст.
Зимнан, ин падидаи ҳайратангез дар адабиёти классикии мо ба шарофати неруи зеҳну хотира, хазинаи бузурги вожаву таъбирҳои хушобуранги бумӣ ва ҳунари волои дар осори худ истифода бурдани абармардони шеъру сухан собиқаи дерина дорад. Низомии шаҳдгуфтор дирафши ин ганҷ дар Ганҷа афрохт, Шайх Камол лутфу зарофатҳои ширини Хуҷандро ба Табрез бурд. Мавлоно Ҷалолиддин “қанди фаровон” - и забони Балхиёнро шаҳр ба шаҳр то Рум расонд ва ба воситаи “Маснавии маънавӣ” ва “Девони кабир” машҳури олам гардонд. Забони шакарину афсункори ашъори Амир Хусраву Бедили Деҳлавӣ мисли чаманистон ва гулзори бехазони маънӣ дар олами адаби мо бо рангорангии афсонавӣ бо номи “сабки ҳиндӣ” ҷойгоҳу маснади баланд ёфт. Аслан, зару зевари ашъори шоирони номвари қораи Ҳинд, хоса Бедили нобиға, реша дар хазинаи вожаҳои дарӣ - тоҷикӣ ё забони меҳани бобоии онҳо – Мовароуннаҳр дорад. Яъне, забону вожаҳои “ватани хонаводагӣ” сарвати гаронбаҳост, ки дар дарозои таърих аз насл ба насл чун мерос монда, ҳам шукӯҳи осори падарсолори шеъри дарӣ, форсӣ, тоҷикӣ устод Рӯдакӣ ва ҳам меросбарони сазовори ӯро оламгир карданд. Тиллокориву заргарӣ дар шеър бунёди боғи ҳамешасабзу гулафшони сухан. Ин бахти бузургу худодод то ҷое насиби Шоҳини нагунбахт ҳам шуд. Ҳарчанд ки ӯ дар авҷи ғурури ҷавонмардиву шуҳрат талх нолид:
Аҷал тафаққуди ҳолам намекунад, варна
Ҳазор бор аз ин зиндагӣ ба ҷон шудаам.
Аз нигоштаҳои фозилони давр Аҳмади Дониш, Ҳайрат, Садриддин Айнӣ, Садри Зиё, Возеҳ, Савдо, Туғрал, Сомӣ, пасон профессорон Холиқ Мирзозода, Расул Ҳодизода маълум мегардад, ки Шоҳин аз даврони наврасӣ аз меҳри падару модар бенасиб мемонад, вале дасти шафқати Муҳаммад Тоҳирхоҷаи Бухороӣ (Зарир) бар сараш мерасад.
Ин олиҳимматии падархонд имкон медиҳад, ки ӯ аз таҳсили густурда ва сарчашмаи дониш ба муроди дил шодоб шавад. Лекин, чуноне мегӯянд: “Касеро бахт баргардад, шикаст андар шикаст афтад”. Ба болои сиёҳкории ҳасудону бахилон, - дар шафати фариштаи шуҳрат ҳамеша девҳои ҳасад пайдо мешаванд, - тангназариву фишори амирон аввал ҳамсари ҷавон, сипас писари думоҳаи ӯ вафот мекунанд. Ин зарбаи мудҳиши сарнавишт, ин фоҷиаи миёншиканро Шоҳин дар достони “Лайлӣ ва Маҷнун” бо сӯзу гудоз тасвир карда, ба навзодаш мегӯяд:
Донӣ, падарат чӣ гуна кас буд?
Мурғеву нуҳуфта дар қафас буд.
Аммо кинавариву айбҷӯии пайвастаи амир Абдулаҳаду хушомадгӯёни дарбораш Шоҳинро билохира силмарг кард. Ин андешаро ишораи устод Айнӣ дар “Намуна...” тасдиқ мекунад: “Боре дар соли 1307 (Шоҳин - А.С.) бистарӣ шуда, ба сафар иштирок карда наметавониста, аз заъфи мизоҷ қодир ба арзи аҳвол ҳам нашуда. Дар он вақт амир ба қозӣ Бадруддин дастхат карда, надими дигар ёфта доданашро амр мефармояд ва дар илова мегӯяд, ки (айнан): “Шумо арз кунед, мо биёрем, мисли ҷавонмарги Шоҳин - кунад, хуб не, бадбахти ҷавонмарг баромада узод (гусел  - А.С.) ҳам накард, ё ман бетоб гуфта, арз ҳам накард. Аслан мо аз кӯлобиву ҳисорӣ толеъ надоштем...” (ин дастхати амир баъд аз Инқилоби кабири Бухоро аз хонаи қозикалон ба даст афтод!) ... Оқибат дар соли 1311 ҳиҷрӣ (1894) (Шоҳин - А.С.) дар Шаҳрисабз ба рикоби амир аз пой мемонад... аз ин меҳнаткада абадӣ раҳоӣ меёбад, яъне мемурад. (Синнаш тақрибан 35-36 буд, мегӯянд).” “... ва бо ҳамон ҳол ҳамроҳи амир аз Шаҳрисабз ба Қаршӣ омад... ва дар ҳамон сафар дар шаҳри Қаршӣ чашм аз оламе, ки барои ӯ бадтар аз зиндон буд, пӯшид. Ҷасади ӯро дар Поччохалил ном ҷой... дафн карданд” (Холиқ Мирзозода).
Ана ин аст сарнавишти талхи охирин классик ё ситораи шеъри тоҷик дар асри XIX Шамсиддин Шоҳин.
Садри Зиё дар сӯги Шоҳин он замон гуфта:
Аз ин раҳ басе ранҷу меҳнат кашид,
Ба олам даме рӯи роҳат надид.
Ҳолату аҳволи Шамсиддин Шоҳин дар рикоби амир ин масали машҳурро ба ёд меорад: “Дур нарав, ки гургам мехӯрад, наздик набиё, ки бадат мебинам” .
Забони сурху ҳунари воло ба сари Шоҳин кулфату балоҳо овард. Шоир ин ҳолати ногувору сангинашро ин тавр ба қалам дода:
Маро ҳунар ҳама сармояи сияҳбахтист.
Ва ё:
Зи рӯи забон меҳрубонӣ кунанд,
Вале кинаҳои ниҳонӣ кунанд.
Табиист, ки дар он синну сол (35) Шоҳин ҳаргиз фурсати мураттаб сохтани китоби ашъорашро надоштааст. Ҳарчанд ки эҷодиёти ӯ аз анвои ғазалу қасида, рубоиёту қитъаҳо, мусаддасу мухаммас, тарҷеъбанду таркиббанд ва достони “Лайлӣ ва Маҷнун”, маснавии нотамоми “Туҳфаи дӯстон”, асари насрии “Бадоеъ – ус - саноеъ” ғанӣ, рангин ва пурарзиш мебошад. Ин “бепарвоӣ ё беэътиноӣ” ба гирд овардани осори эҷодии худ дар адабиёти классикиамон анъанаи дерин аст. Пас аз вафоти Шоҳин аз рӯи тадқиқоти профессор Холиқ Мирзозода ба гирд овардану мураттаб сохтани осори ӯ аз тазкираву баёзҳо, дастнавису ёддоштҳо ва хотираи ошиқони назм мухлиси вафодораш Мирзомуҳаммад Қобили Ғиждувонӣ (Савдоӣ) камар баста, барои иҷрои ин ният пас аз инқилоб ба Душанбе меояд. Вай дар ин роҳ чил соли ҳаёташро сарф карда, ниҳоят соли 1937 бо супориши шуъбаи дастнависҳои шарқии Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Фирдавсӣ девони аввалини Шоҳинро тартиб медиҳад. Ин заҳмати шодравон Савдоӣ осори Шоҳинро аз парокандагӣ ва нобудшавӣ то ҷое мераҳонад. Сипас муҳаққиқи пуркору заҳматкаш зиндаёд Холиқ Мирзозода бо нашри рисолаи мукаммалаш “Шамсиддин Шоҳин” (Сталинобод, 1956), дар Шоҳиншиносӣ иқдоми устувор гузошт.
Соли 1960 бори нахуст бо кӯшиш ва эҳтимоми устод М.Раҳимӣ “Ашъори мунтахаб” - и Шоҳин бо ҳуруфи кирилӣ аз тариқи Нашриёти давлатии Тоҷикистон ба дасти хонанда расид. Ва шеъри дилангези Шоҳин бо савту навои ҳофизон садо доду мавриди таҳқиқи олимони суханшинос қарор гирифт. Баъдтар зиндаёд Расул Ҳодизода дар Шоҳиншиносӣ заҳматҳои судманд кашид ва нақши дурахшон гузошт. Бо ин ҳама беш аз чил сол дигар осори Шоҳин рӯйи чопро надид, гӯё фаромӯш шуд. Ин муносибати сард боз ҳамон мисраи пурдарди Шоҳинро ба ёд меовард:
Умрҳо шуд, ки малулам зи ғами беватанӣ...
Чӣ метавон кард, ки сарнавишти фардҳои соҳибҳунару нодирагуфтор дар зиндагӣ ва пас аз марг ҳам баъзан азиятовару бебарор мешавад. Яке аз онҳо Шамсиддин Шоҳин аст, ки баъди хору зор ва бо “дидаи пуроб” ғарибмарг шудани ӯ аллома Аҳмади Дониш бо сӯзу гудоз гуфт:
Шамсиддин Махдум бирафту шеър афтод
аз паяш.
Донишманди замон Садри Зиё бо меҳру эҳтиром ҳунари нотакрори Шоҳинро дар марсияаш ин тавр сароид:
Назираш набошад ба рӯи замин,
Зи пайғамбари шоирон чорумин.
Зи ашъори ӯ нагзарӣ сарсарӣ,
Ки дар шеър бартар бувад з-Анварӣ.
Устод Лоиқ борҳо гӯшзад ва таъкид мекарданд, ки Шоҳин Лермонтови тоҷикон аст, аммо то ҳанӯз ӯро нашинохтаему ба қадраш нарасидаем. Зимнан, баъзе нигоштаҳои Шоҳин, аз ҷумла асари мансури ӯ “Бадоеъ - ус - саноеъ” ва бисёр қасоидаш ба дасти хонанда нарасида буд.
“Бадоеъ – ус - саноеъ” – охирон асари Шоҳинро аҳли илму адаби Бухоро чун рӯйдоди тозаи адабиёт пазируфтанд. Вале хонандаи мо солҳои сол ба ном ва ҷумла - ҷумла пораҳои ин асар, ки саршор аз унсурҳои ҳаҷву истеҳзо, ифодаҳои пурнеш, рамзу истиора, таъбирҳои халқӣ, эътирозу нафрат, оҳу нола, дарду алам, ҳатто ҷо - ҷо ҳақорат ба риши замону ҳокимони замон аст, ошно мешуду бас. Ин асари пургунҷоиши хурд, ки ба қавли фузало: “Пас аз мутолиаи он ҷое механдеду ҷое ашк мерезед, дар “зиндон” - и дастхатҳо мехобид. Ҳайф буд, ки ҳаводорони каломи бадеӣ аз чунин сарчашма бебаҳра монданд. Банда аввал пора-пора ҷумлаҳои ин асарро  аз тадқиқоти муҳаққиқони арҷманд Х. Мирзозода ва Р. Ҳодизода гирд овардам. Лекин дил мехост, ки матни комили он рӯи чопро бинад. Нусхаи комилро аз куҷо биёбам? Ба Пажӯҳишгоҳи дастхатҳо муроҷиат кардам. Онро аз говсандуқ бароварда нишон доданду бас. Яъне, мурод ҳосил нашуд, балки гап напухт. Бахти баргаштаи Шоҳин. Лекин донишмандони арҷманд Р. Ҳодизода ва К. Айнӣ бо олиҳимматӣ аз бойгонии хеш нусхаҳои “Бадоеъ - ус - саноеъ” - ро ройгон ба ман бахшиданд. Рӯҳашон гиромӣ бод! Вале беғалат аз ҳуруфи арабии форсӣ ба кирилӣ баргардондани матни дандоншикани "Бадоеъ – ус - саноеъ” кори осон набуд. Аз шоири донишманду хушсавод Абдулқодири Раҳим мадад пурсидам. Сипосгузорам, ки хоҳишро рад накард ва ин заҳматро бар дӯш гирифт. Бори аввал матни пурраи “Бадоеъ – ус - саноеъ” бо кӯшиши ӯ дар фаслномаи маҷаллаи “Садои шарқ” (7-12, 1998) ба табъ расид... Нияти нек барои ба чоп омода кардани осори пурраи Шамсиддин Шоҳин роҳ кушод.
Ин идеяро олими хатшинос Музаффар Муҳаммадӣ бо камоли шавқ пазируфт ва бо назари тоза ба гирд овардани осори Шоҳин камар баст. Чун қариб пас аз ним аср имкони чопи китоби шоир ба миён омада буд, бояд асарҳои парешону номатбӯи ӯ гирд овардаву ба кирилӣ баргардонда мешуд. Аз куҷо, бо кадом роҳ? Ин андеша ва ёфтани роҳи ҳалли он ба зиммаи Музаффар Муҳаммадӣ афтод. Ба гумонам, пешаи таҳқиқ ва ҳусни шогирдияш бо профессор Расул Ҳодизода нӯги гиреҳи мушкилотро кушод. Устод ҳангоми таҳқиқи зиндагӣ ва осори Шоҳин дар Захираи дастхатҳои Академияи илмҳои Ӯзбекистон маводҳои фаровонро нусхабардорӣ карда будааст. Офарин! Аммо онҳоро медода бошад? Пас аз гуфтугӯҳо дар ҳузури вазири маорифи ҳамонвақтаи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо ширкати Музаффар Муҳаммадӣ, Абдулқодири Раҳим, Фаридун Ҳодизода ва банда бо устод Расул Ҳодизода машварати ошкоро баргузор кардем. Устод аз иқдоми нашри тозаи осори Шоҳин изҳори шодӣ карданд, лекин дар масъалаи додани маводҳои номатбӯъ пас аз каме андеша шӯхиомез гуфтанд:
- Дар ин замони мушкилу дами пирӣ пул бештар лозиму сарф мешудааст...
- Пардохти маблағи маводҳоро аз ман талаб кунед, домулло, - бо чеҳраи кушода гуфт Абдуҷаббор Раҳмонзода ва афзуд: - Ман ҳолати Шуморо мефаҳмам ва бо арзи сипос Шуморо розӣ мекунем... Дар он замон ҳам нусхабардорӣ бе пул намешуд... Дигар ин, ки ин ҳиммату хизмати Шумо рӯҳи Шоҳинро шод мекунаду як гӯшаи адабиётро обод...
Росташ, ки ба қавли маъмул: “Ҳам лаъл ба даст омаду ҳам ёр наранҷид”. Зиндаёд Расул Ҳодизода ба аҳди худ вафо карданд ва Музаффар Муҳаммадӣ низ бо ғайрату муҳаббат “Куллиёт” - и Шоҳинро олимона таҳия намуд. Ин китоби зебо соли 2006 бо пешгуфтори Абдуҷаббор Раҳмонзода, мақолаҳои арзишманди Расул Ҳодизода ва мураттиб Музаффар Муҳаммадӣ ба ифтихори 2700 - солагии шаҳри Кӯлоб аз тариқи нашриёти “Адиб” ба нашр расид ва барои ошиқони осори шоир ва Шоҳиншиносони оянда армуғони арзандае шуд. Дар як ҷилд бо шарҳу тавзеҳ ба зевари чоп расидани осори комили Шоҳин. Дубора раҳидани дастхатҳо аз парокандагиву нобудшавӣ. Дар як гӯшаи шаҳри Кӯлоб ба муносибати 140 - солагияш пайкараи Шамсиддин Шоҳин қомат афрохт. Чи хубе! Муқими ватани бобоӣ шуд. Мақтаи шеъри Ҳабибулло Файзулло “Шоҳин”, - ӯ низ дар синни 35 ғӯрамарг шуда буд, - ба ёд омад:
Чу ба даврони гулу лола нишинем ҳама,
Ёди он Шоҳини маънӣ ба забон меояд.
Аз Бухорои шариф ҷониби Хатлони куҳан
Пирамарде ба суроғи писарон меояд.
Баъд академик Абдуҷаббор Раҳмонзода бо номи “Шамсиддин Шоҳин ва суннати ғазалсароӣ дар адабиёти тоҷик” рисолаи хуби тадқиқотӣ ба нашр расонд. Пасон, ноҳияи хушманзари Шӯроободро Ҳукумати ҷумҳурӣ ба номи Шамсиддин Шоҳин гузошт. Зимнан ба поси хотираи шахсиятҳои некном, фарзандони фарзонаи миллат, ки дар илму адабиёт ва давлатдорӣ саҳми дурахшон доранд, номгузорӣ кардан падидаи хоссаи замони Истиқлолияти давлатӣ ва иқдоми шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин арҷгузорӣ, бешак, ҳам рӯҳи фарзонагонро шод мекунад, ҳам ба худогоҳии насли имрӯзу фардо мусоидат менамояд. Ба номи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, аллома Аҳмади Дониш ва Алишер Навоӣ гузоштани боғҳо дар пойтахтамон – Душанбе шоистаи таҳсин аст.
Дар рӯзҳое, ки таҷлили 160 - солагии шоири ҷавонмарг Шамсиддин Шоҳин сурат мегирад, банда боз “Куллиёт” - и зебои ӯро мутолиа кардам. Шоири тавоно, рангинхаёл ва камназиру аз беқадрӣ шикастахотир. Дар ин “Куллиёт” низ баъзе пораҳо аз осори ӯ ба таъбири мураттиб “бо сабаби кӯтоҳии вақт...” ворид нашуда. Аз ҷумла, қасидаи Шоҳин ба Садри Зиё барои “Наводири зиёия”. Мурод аз ин гуфта он аст, ки имрӯз, хушбахтона, муносибатҳои фарҳангиву илмии байни давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳусни тоза гирифт. Ин имкон медиҳад, ки пажӯҳишгарони мо рафта, бо истифода аз Захираи дастхатҳои Академияи илмҳои Ӯзбекистони бародар осори Шоҳин ва дигар классиконро комилтар ба чоп омода созанду сарвати адабиямонро ғанитар гардонанд.
Шоҳин дар шеъре орзуи ниҳоияшро ин тавр баён карда:
Баъди марг аз ҳасрати дил ин қадар
умедворам,
К – аз шарори оҳ афрӯзад чароғе дар мазорам.
Вале шеъри равону баланд ва осору шахсияти дилписандаш шамъи ҳамешафурӯзони ёди ӯ хоҳад буд.
Абдулҳамид САМАД,
Нависандаи халқии Тоҷикистон

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.10.2018    №: 211    Мутолиа карданд: 511
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед