logo

иҷтимоиёт

ДУШАНБЕ. СОХТМОНИ ЭСТАКАДАИ ДУЮМ ИДОМА ДОРАД

Тавре иттилоъ дода будем, дар буриши роҳи ҳалқавии маҳаллаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе боз як эстакада (чорсӯи нақлиётии сесатҳа) бунёд меёбад. Эстакадаи сесатҳа марҳилаи дуюми лоиҳаи «Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе – сарҳади  Ӯзбекистон аз ҳайкали Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе» мебошад. Инчунин, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ дар буриши хиёбони Н. Махсум бо кӯчаи Маяковский, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ дар буриши хиёбони Н. Махсум бо кӯчаи Баҳоваддинов ва таҷдиди роҳу гузаргоҳи зеризаминии маҳаллаи Қарияи Боло то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе дар назар аст.
Чорроҳаи нави сохташаванда аз се қабат: роҳ, роҳи давродавр ва пул иборат буда, дар буриши ҳалқавии хиёбонҳои Исмоили  Сомонӣ ва Абуалӣ ибни Сино ҷой мегирад. Дар қисмати шимоливу ҷанубии буриши кӯчаи Абуалӣ ибни Сино гузаргоҳҳои зеризаминӣ сохта мешаванд.
Лоиҳаи сохтмони эстакада дар доираи ҳамкориҳои  Ҳукумати Тоҷикистон, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ амалӣ мешавад.
Фармоишгари иншоот Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои Вазорати нақлиёт ва паймонкори лоиҳа Xinjiang Communications Construction Group Co., LTD.  ширкати синзянии сохтмони роҳҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад.
Тибқи лоиҳа таҷдиду навсозии системаи муҳандисии зеризаминӣ, аз ҷумла лӯлаҳои оби нӯшиданӣ, гармидиҳӣ, хатҳои алоқа, газ, равшанидиҳӣ, хатсайри троллейбус ва сабзкорӣ дар назар дошта шудаанд.
Ба гуфтаи Аброр Музаффаров, менеҷери лоиҳа аз тарафи фармоишгар, марҳилаи дуюми сохтмон бунёди як пули сесатҳа ва ду пули дусатҳаро дар бар мегирад. Феълан, сохтмон тибқи нақша ҷараён дорад. Корҳо дар самти навсозии системаи муҳандисии зеризаминӣ, аз ҷумла лӯлаҳои оби нӯшиданӣ ба итмом расид. Гузарондани хати барқ қариб 90 дарсад иҷро шудааст. Таъминот бо газ аз Қарияи Боло то маҳаллаи 91 ба итмом расид.
Фу Тенгфей, муовини менеҷери лоиҳа иброз дошт, ки айни ҳол 182 сутунпояи эстакада насб гашта, корҳои оҳану бетонии пули дусатҳа дар буриши хиёбони Нусратулло Махсум бо кӯчаи Маяковский 50 дарсад ба охир расиданд. Аз 96 сутунпояи пули буриши хиёбони Нусратулло Махсум бо Баҳоваддинов 16 –тояш васл гардид. Ғайр аз ин, гузарондани барқи 10 киловатта ва васли канализатсия қисман иҷро гаштаанд. Миқдори корҳои бетонӣ зиёда аз 70 метри мукаабро дар бар мегирад ва айни ҳол дар масоҳати зиёда аз 20 метри мукааб корҳо ба анҷом расидаанд. Умуман, дар лоиҳа 5 конструксияи роҳҳои зеризаминӣ вуҷуд дорад. Яке аз онҳо  азнавсозии гузаргоҳи зеризаминии Қарияи Боло буда, боқимондаи гузаргоҳҳо бошад, сохта мешаванд.
Гуфтан ба маврид аст, ки таъмиру навсозии қитъаи хиёбони Исмоили Сомонӣ аз таваллудхонаи № 3 то дарвозаи ғарбии шаҳр охири моҳи сентябр шурӯъ шуд. Дар марҳилаи аввал корҳои таъмиру навсозӣ дар самти чапи хиёбон гузаронда шуда, ҳаракати дуҷонибаи воситаҳои нақлиёт дар тарафи рости хиёбон ба роҳ монда шуд. Пас аз таъмири тарафи чапи роҳ самти рости он низ навсозӣ хоҳад шуд.
Қитъаи хиёбони Исмоили Сомонӣ бо масофаи 4,6 километр – аз маҳаллаи Қарияи Боло то дарвозаҳои ғарбӣ навсозӣ шуда, бари роҳ то 68 метр расонда мешавад.
Ёдрас мешавем, ки аввалин эстакада, воқеъ дар маҳаллаи 82-и пойтахт, 5 сентябр бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ифтитоҳ шуд.
Роҳи сеқабата бо асфалти замонавӣ бо иловаи маводи кимиёвӣ рӯйпӯш гардидааст, ки роҳро устувору қавӣ ва ба лағжиш тобовар менамояд. Ин навъи асфалт бори нахуст дар Тоҷикистон истифода шуд ва муҳлати баҳрабардории он назар ба дигар навъҳо 4 – 5 сол  зиёдтар мебошад.
Тибқи қарордод иншоот моҳҳои апрел – майи соли 2020 бояд мавриди истифода қарор гирад.
Интизор меравад, ки амалисозии сифатноки лоиҳаи мазкур алоқаи нақлиётӣ ва муҳити сайёҳии бехатарро таъмин намуда, ба ҷомеаи васеи алоқамандон манфиатҳои иқтисодӣ меорад. Ғайр аз ин, сохтмони системаи нави рушдёфтаи ҳаракати нақлиёт аҳамияти стратегӣ дошта, барои аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани Тоҷикистон ниҳоят муҳим мебошад.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»

 

 

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.10.2018    №: 212    Мутолиа карданд: 350
29.09.2020


ТОҶИКОН ВА ӮЗБЕКОН: ДӮСТӢ БИМОНАД ҶОВИДОН

РАШТ. ҲАМКОРИҲОИ МАҚОМОТ БО СОҲИБКОРОНИ ВАТАНДӮСТ САМАР МЕДИҲАНД

ХУҶАНД. ВУСЪАТИ БУНЁДКОРИҲО ДАР ТАРАБХОНАИ «ФОРЕЛ»

ТОҶИКИСТОН. 87,4 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед