logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Абдусалом Фаттоҳов соли 1968 бахши иқтисодиёт ва савдои Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиаш дар оғоз аз ноҳияи Файзобод ба сифати молшинос ибтидо гирифт. Чанде дар ҷамъияти матлуботи ноҳияи Ғарм низ адои вазифа кард. Раёсати «Тоҷикматлубот» моҳи декабри соли 1976 ӯро ба вазифаи муовини раис доир ба кори савдои ҷамъияти матлуботи Тоҷикобод  фиристод, ки дар ин вазифа то моҳи марти соли 1977 кор кард.
Дар маҷлиси пайчиёни ҷамъият моҳи марти соли 1977 Абдусалом Фаттоҳов раиси раёсати ҷамъияти матлубот интихоб гардид ва то лаҳзаҳои охири умр дар ин вазифа монд. Дар 17 соли роҳбарии  ҷамъият ба қатори пешқадамтарин муассисаҳои соҳа дар ҷумҳурӣ шомил буд. Борҳо ҷамъият ғолиби мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва умумииттифоқӣ гардид. Хидматҳои ӯ бо ифтихорномаҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвони «Аълочии кооператсияи матлуботи СССР» қадр гардиданд. Соли 2005 Абдусалом Фаттоҳов пас аз вафот бо унвони «Корманди шоистаи кооператсияи ҷамъияти матлубот» сазовор дониста шуд.
Агар китоби зиндагии кӯтоҳи ӯро варақ занем, мебинем, ки ҳамеша дар талоши ободӣ ва бунёдкорӣ будааст. Солҳои 1970 - 1990 давраи тараққиёти босуръати кооператсияи матлубот ба ҳисоб меравад. Дар ин давра базаи моддӣ-техникии соҳа мустаҳкам шуда, нуфузи он дар байни ҷомеа баланд гардид. Таъминоти мардум ба зиммаи ин соҳа вогузор буд. «Райпо» - ро «карсони нон» - и халқ мегуфтанд, ба ин маънӣ, ки аз нон то гӯгирд тавассути мағозаҳои ҷамъият дастрас мешуд.
Ёдовар мешаванд, ки аз рӯзҳои нахустини сарварияш А.Фаттоҳов даст ба ободкорӣ ва бунёдкорӣ зад. Идораи замонавии раёсатро сохт, анборҳои молнигоҳдорӣ ва сабзавот мавриди истифода қарор гирифтанд. Қаҳвахонаи «Сурхоб», мағозаҳо дар марказ ва ошхонаҳо дар фурудгоҳу Сари Пули мавзеи Лангари Шоҳ бо ташаббуси ӯ бунёд ёфтанд.
Таъминоти мардуми минтақаи Ҳоит низ ба зиммаи ҷамъияти матлуботи Тоҷикобод вогузор буд. Тайи солҳои роҳбарии вай дар деҳаҳои Ҳисорак ва Шулдур мағозаҳои нав сохта, дар Сари Пули Оби Кабуд мағозаи фурӯши масолеҳи бинокорӣ кушода шуд, ки он замон мардум бо қаноатмандӣ ин иқдомро пазируфтанд.
Абдусалом Фаттоҳов ҳам аз фитнаҳои ибтидои солҳои навадуми асри ХХ рӯзҳои сахтро аз сар гузаронд. Талошҳои ӯ  ба иддае аз шахсони мағруру худкома писанд наафтод ва шаби зулмонии 31 октябри соли 1994 ӯро дар манзилаш ба қатл расонданд.
Агарчи аз дидаҳо рафта, аммо аз дилҳо нарафтааст. Рӯзгору кораш намунаи ибрат буд  ва мардум ба ин хотир, аз ӯ ёд меоранд.
Дилшод АМИРОВ,
Баҳодур АБДУСАТТОРОВ, ноҳияи Тоҷикобод

 

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.11.2018    №: 213    Мутолиа карданд: 291
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед