logo

иҷтимоиёт

КУМИТАИ МИЛЛИИ ОЛИМПӢ. ЯК НИШАСТИ МУҲИМ

Дар шаҳри Душанбе бо иштироки муовинони президенти Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпӣ Шамсулло Соҳибов, Аҳтам Абдуллозода, аъзои Кумитаи иҷроия ва ҷоизадорони Бозиҳои Осиё - 2018 ҷаласаи навбатӣ баргузор гардид.
Дар он Шамсулло Соҳибов ҷоизадорони Бозиҳои Осиё – 2018-ро, ки аз 18 август то 2 сентябр дар Индонезия баргузор шуда буд, табрик намуда, иброз дошт, ки Бозиҳои Осиё баъд аз Бозиҳои олимпӣ  яке аз бонуфузтарин чорабинии варзишӣ  ба ҳисоб меравад.
 Зикр гардид, ки дар ин мусобиқа варзишгарони тоҷик  Дилшод Назаров (гурзандоз), Шаҳриёр Даминов (қаиқрон), Беҳрӯз Хоҷазода (кураш), Умед Ҳасанбеков (самбо) медалҳои нуқра, Комроншоҳи Устопириён (дзюдо ва самбо), Шакармамад Мирмамадов (дзюдо) медалҳои биринҷиро ба даст оварданд.
Дар иртибот ба ин, ба ҷоизадорони Бозиҳои Осиё сипоснома ва мукофотпулӣ (медали нуқра 5000 сомонӣ, медали биринҷӣ  3000 сомонӣ) дода шуд.  Ҳамчунин, охири сол  ба онҳо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим мешавад.
Барои иштироки фаъолона ва ишғоли мақоми дуюми тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё – 2018, ки аз 20 сентябр то 7 октябр дар Малайзия доир гашт, Федератсияи футболи Тоҷикистон бо «Ифтихорнома» - и кумита сарфароз гардид.
Зимни ҷаласа Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпӣ  рӯйхати нави варзишгаронро ҷиҳати дарёфти дастгирии молиявии ҳамбастагии олимпӣ  барои Бозиҳои олимпии Токио – 2020 тасдиқ намуд. Варзишгарон Дилшод Назаров (варзиши сабук) – 1000 доллари ИМА, Шаҳриёр Даминов (қаиқронӣ) – 800 доллар, Комроншоҳи Устопириён (дзюдо) – 700 доллар, Беҳрӯз Хоҷазода (дзюдо) – 600 доллар, Темур Раҳимов (дзюдо) – 500 доллар, Суҳроб Боқиев (дзюдо) – 300 доллар,  Сомон Маҳмадбеков (дзюдо) – 300 доллар, Шоҳида Қаландарова (дзюдо) – 300 доллар, Моҳру Ҳалимова (таэквон-до) – 300 доллар, Карина Климик (шиноварӣ ) – 200 доллар, Гулсунбӣ  Шарифова (варзиши сабук) – 200 доллар, Мунира Бобоҷонова (қаиқронӣ ) – 200 доллар, Саидҷон Гулов (гӯштии озод) – 200 доллар, Мадина Мадкаримова (таэквон-до) – 200 доллар ва Суҳроб Абдулҳаев (гӯштии юнонӣ - римӣ ) – 200 доллар барои омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио – 2020 дастгирӣ карда мешаванд.
Ин дастгирии молиявӣ ҳармоҳа буда, баъд аз мувофиқа бо Кумитаи байналмилалии олимпӣ аз моҳи январи соли 2019 то сентябри соли 2020 ба варзишгарон ҷудо мегардад.
Маҳмуд ҶӮРАЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.11.2018    №: 213    Мутолиа карданд: 354
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед