logo

иҷтимоиёт

ҚОНУНИ ТАНЗИМ. АЗ САРФАҶӮӢ ТО ҶАРИМАБАНДӢ ДАР ТОҶИКОБОД

Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати андешидани тадбирҳои иловагӣ оид ба таъмини риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияи Тоҷикобод тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Тибқи иттилои Орифҷон Иброҳимзода, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, масъулони бахши танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳия баҳри ҷоннок намудани фаъолияти кори комиссияҳои доимӣ, гурӯҳҳои тарғиботию ташвиқотӣ таъсис дода, бо сокинон суҳбату вохӯриҳо доир намуда истодаанд.
Дар нуҳ моҳи соли равон аз ҳисоби камхарҷ доир намудани  маъракаҳо дар Ҷамоати деҳоти ба номи Мунаввар Шогадоев таъмири канал дар масофаи 8 километр ба маблағи 8000 сомонӣ ва таъмири 2 километр роҳи мошингард ба маблағи 2000 сомонӣ, дар Ҷамоати деҳоти Ширинчашма таъмири роҳ ба масофаи 3 километр дар ҳаҷми 2000 сомонӣ, дар Ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ сохта ба истифода додани ду бунгоҳи тиббӣ ба маблағи 120 000 сомонӣ ва таъмири 1 километр роҳ ба маблағи 30 000 сомонӣ анҷом дода шуд.  
Дар ин давра 639 маърака ба қайд гирифта шуда, 49 сар чорвои калон ва 372 сар чорвои хурд забҳ гардида, хароҷоти умумии маъракаҳо 2 миллиону 476 ҳазору 574 сомониро дар бар мегирад. Тибқи маълумот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 117 сар чорвои калон ва 96 сар чорвои хурд кам забҳ гардида, хароҷоти умумӣ бошад, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 137 ҳазору 773 сомониро ташкил додааст.
Дар натиҷаи гузарондани рейдҳои муштарак 2 ҳолати риоя нагардидани талаботи қонун ошкор шудааст. Аз ҷумла, Тоир Саломов, сокини деҳаи Зарафшони Ҷамоати деҳоти ба номи Мунаввар Шогадоев ва Фирӯза Кабирова, сокини Ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об бар хилофи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал намуданд, ки нисбат ба онҳо бо дастрасии моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол гардид. Аз ҷониби суд ба онҳо ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 5000 сомонӣ дар маҷмӯъ, 10 000 сомонӣ таъйин карда шуд.
Дилшод АМИРОВ,
 “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.11.2018    №: 213    Мутолиа карданд: 309
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед