logo

ҳуқуқ

КОНСТИТУТСИЯ КАФОЛАТНОМАИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

«Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад».
Ин талабот дар қисми дуюми моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардида, хусусияти иҷтимоӣ доштани давлат дар он зоҳир мегардад, ки сиёсати дохилии он барои фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва инкишофи озодонаи шахсият нигаронда шудааст.
Ҷиҳати татбиқи ин муқаррароти Конститутсия як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқие қабул гардиданд, ки марҳила ба марҳила дар такмили низоми иҷтимоӣ ва рушди қонунгузорӣ мусоидат кардаанд. Албатта, ҳифзи иҷтимоӣ ва таъмини зиндагии шоиста ба ҳар шаҳрванди мамлакат дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати ҷумҳурӣ афзалияти хос дорад ва дар ин замина пайваста барномаҳои давлатӣ таҳия гардида, тадбирҳои зарурӣ анҷом дода мешаванд. Таҳия ва мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ» аз ҷумлаи ҳамин ибтикоротест, ки стандартҳои иҷтимоии давлатиро дар шакли санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намудааст.
Таъмини осудаҳолии ҷамъият ҳадафи асосии давлати иҷтимоӣ буда, он дар муҳайё кардани шароит ба меҳнат ва гирифтани музди сазовор барои меҳнат, вазъи хуби манзил ва ғизо, ба ҳама дастрас будани ёрии тиббӣ, маориф, шаклҳои гуногуни иттилоот ва ғайра ифода меёбад. Дар ҳамин замина, роҳ надодан ба пастшавии сатҳи зиндагии шаҳрвандон, таъмини ҳифзи манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоии ҷомеа, инчунин, истифодаи таҷрибаи ҷаҳонӣ дар низоми стандартҳои иҷтимоии давлатӣ мақсади асосии давлат ба шумор меравад.
Ҳоло фазои ҳуқуқиву иҷтимоии ҷомеаи тоҷик нишон медиҳад, ки ин муқаррароти Конститутсия дар амал татбиқ гардида, дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол сатҳи зиндагии мардум беҳтару хубтар мегардад. Қонунсолорӣ дар ҷомеа устувор гардида, кишвари соҳибистиқлоли мо дар роҳи рушди бонизоми иқтисодию иҷтимоӣ қарор гирифтааст, ки идомаи ин раванд масъулияти ҳар фарди худогоҳу ватандӯст аст.
Воқеан, дар ҷомеаи суннатӣ, ки асрҳо бо анъаноти вижа шакл гирифтааст, таъмини низоми одилона ва устувор дар пояи меъёрҳои ҳуқуқӣ татбиқ мешавад. Чунин низомро маҳз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми як санади олии ҳуқуқӣ бо шинохт ва риояи меъёрҳои байналмилалӣ рисолати воқеии худ қарор додааст. Конститутсия тамоми самтҳои фаъолияти давлату давлатдориро танзим намуда, ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои шаҳрвандонро зери ҳимоя гирифтааст. Аз ин рӯ, эҳтиром ва риояи минбаъдаи муқаррароти ин ҳуҷҷати тақдирсозу раҳнамо кафолати зиндагии имрӯзи босаодат ва фардои рӯшантари ҷомеаи мо хоҳад буд.
Меҳрангез ҒОИБЗОДА,
мутахассиси пешбари раёсати таъмини ташкили фаъолияти  судҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.01.2018    №: 213    Мутолиа карданд: 842
22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО

НОБОЛИҒОН. ҚОНУНШИКАНӢ ҲАНӮЗ АЗ БАЙН НАРАФТААСТ

ОЗАРБОЙҶОН ВА АРМАНИСТОН ОТАШБАС ЭЪЛОН НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” АСРОРИ ДУШМАНИВУ ХОИНИРО ИФШО КАРД

12.10.2020


ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ - 2020. ФУТЗАЛБОЗОНИ ТОҶИК БАРОИ ИШТИРОК ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

ХАЙКО МААС: "ИТТИҲОДИ АВРУПО МУКОЛАМА БО РОССИЯРО НАБОЯД ҚАТЪ КУНАД"

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.10.2020


БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ШУДАНД

ҲАВЗАИ ИШКОШИМ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

ВОХӮРӢ БО НОМЗАДҲО

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ 56 654 ТОННА ПАХТА

ЗАРКОРОНИ ЛЕВАКАНТ АВВАЛИН ШУДА НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

ММВЗО «СОЛОР» – ЧЕМПИОНИ ТОҶИКИСТОН БАЙНИ НАВРАСОНИ ТО 14 - СОЛА

07.10.2020


МОИ “СУҒД”. КОРХОНАИ КОРКАРДИ МЕВАИ ХУШК БУНЁД МЕГАРДАД

ҶАМЪОВАРИИ 2660 ТОННА ПАХТА ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

ДАНҒАРА. ОМОДАГИҲО МУТАШАККИЛОНА ИДОМА ДОРАНД

06.10.2020


ЛИГАИ ОЛӢ. КМВА ҶОИ СЕЮМРО ГИРИФТ ВА «ЛОКОМОТИВ – ПОМИР» БА ЛИГАИ АВВАЛ РАФТ

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИИ ТОҶИКИСТОН: 122 НОЗИР ВА 258 РӮЗНОМАНИГОР АККРЕДИТАТСИЯ ГИРИФТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед