сиёсат
ХОРУҒ. БАРРАСИИ РАФТИ ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ
Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Ёдгор Файзов оид ба рафти иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба роҳ мондани корҳои бунёдкориву созандагӣ бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ баргузор гардид.
Дар он ҳайати кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вазирони адлия Шоҳмурод Рустам, фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода, нақлиёт Худоёр Худоёрзода, раисони кумитаҳои ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода, рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода, ҳифзи муҳити зист Хайрулло Ибодзода, раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят ширкат варзиданд.
Ёдгор Файзов зикр намуд, ки ба ифтихори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят амалӣ намудани зиёда аз 600 барномаву лоиҳаҳои гуногун, аз ҷумла бунёди иншооти иҷтимоию маишӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, роҳҳову боғот, таъмири манзилҳои истиқоматӣ, биноҳои маъмурӣ ба нақша гирифта шудаанд. Ӯ аз раисони шаҳру ноҳияҳо талаб намуд, ки қабл аз ба нақшаи ҷашнӣ даровардани иншоот шароит ва таъмини маблағгузории онҳоро ҳаматарафа омӯхта, танҳо иншооти бунёдашон имконпазирро ба нақша гиранд.
Раисони шаҳру ноҳияҳо оид ба рафти корҳои созандагӣ ба таври муфассал гузориш доданд. Лоиҳаву барномаҳо мавриди баррасии ҳайати корӣ қарор гирифта, аз рӯи зарурияти воқеӣ ба нақшаҳо тағйироту иловаҳо ворид гардиданд.
Тибқи иттилои сардори шуъбаи сохтмони асосии вилоят Шероз Абдуллоев, биноҳои Донишгоҳи давлатии Хоруғ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 - и маркази вилоят ва варзишгоҳҳои марказии ноҳияҳои Ишкошим ва Рӯшон аз ҷумлаи калонтарин иншооте ба ҳисоб мераванд, ки то Ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешаванд.
Раҳмони ГУЛЗОР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.11.2018 №: 213 Мутолиа карданд: 502