logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

МИЛЛИАРДЕРОН ЧӢ МЕХӮРАНД?
Вақте дар бораи шахсони сарватманд сухан меронем, пеши назарамон парки автомобилҳои нодир, вилла, яхта ва тайёраҳои шахсӣ ҷилвагар мешавад. Аммо бо ин чизҳо дигар мардумро наметавон ба ҳайрат овард. Миёни онҳо шахсоне кам нестанд, ки новобаста аз мавқеи молиявиашон хислатҳои аҷибу ғариби замони наврасиашонро нигоҳ доштаанд.
Марк Сукерберг ҳамеша як хел либос мепӯшад. Гардероби ӯ аз шимҳои ҷинсу футболкаҳои якхела иборат аст. Ба гуфтаи худаш ин амал миллиардерро аз мушкилоти интихоб озод намуда, ҳамзамон, вақти зиёдеро сарфа менамояд.
Муассиси интернет – портали «Алибобо» Ҷек Ма имкон дорад дар гароннархтарин тарабхонаҳо хӯрок бихӯрад, аммо суҳбҳона, хӯроки нисфирӯзӣ ва шомашро «Ролтон» ташкил медиҳад. Сергей Брин  (Google) ҳамеша аз фурӯшгоҳҳои арзон харид мекунад. Ӯ мегӯяд, ки бе ашёҳои гаронарзиш низ хушбахт аст.
Нахустин зани сиёҳпӯсти миллиардер Опра Уинфри чиҳил сол боз «гирифтори» чипс аст. Барои он ки аз вобастагӣ раҳоӣ ёбад, одати аҷиберо пеша кардааст. Ӯ акнун бастаи снэкро боз намуда, даҳ дона чипсашро мехӯраду боқимондаро мепартояд. Билл Гейтс бошад, ошиқи нӯшокии «Кола» - и парҳезӣ аст. Ӯ дар як рӯз то 4 – 6 бонкаи алюминии онро мехарад.
Таҳияи М. ТАБАРӢ


КӮДАКОНЕ, КИ ҶАҲОНРО БА ҲАЙРАТ ОВАРДААНД
КЛЕОПАТРА СТРАТАН
Ин духтарак бо истеъдоди нодираш ҳанӯз аз синни се - солагӣ  ҷаҳониёнро ба ҳайрат оварда буд. Ӯ дар оилаи  сарояндаи  молдовагӣ  Павла Стратана ба дунё омада, аз хурдӣ ба падараш пайравӣ мекунад. Аз сесолагӣ ӯ хурдтарин нафаре ба шумор мерафт, ки дар соҳаи тиҷорат муваффақ гардидааст. Маҳз дар ҳамин  син аввалин албоми сурудҳояшро бо номи «La virsta de trei ani» сабт намуда,  шомили «Китоби рекордҳои Гиннес»  шуд.
Аҷиб он аст, ки ӯ дар  мактаби махсуси мусиқӣ нахондаву устоди махсус ҳам надоштааст. Клеопатра суруд хонданро худ аз худ оғоз намудааст. Сурудҳояш бо забонҳои англисиву испанӣ тарҷума шудаанд. Ӯро дар Ҷопон низ хуб мешиносанд. Дар соҳаи мусиқӣ аллакай се маротиба мукофоти MTV – ро соҳиб шудааст. 
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


НОМАҲОИ ҒАЙРИОДӢ
Номаи машҳур ин ҳисоботи Колумб ба маликаи Испания дар бораи кашфиёти ӯ ба ҳисоб меравад. Соли 1992 ба муносибати 500 - солагии кашфи Амрико ин мактуб ба 500 забон тарҷума шуд.
Аз ҳама номаи дарозро соли 1954 сокини Бруклин Луиза Гордон ба ефрейтор Рейссу навиштааст, ки дарозии он 975 метру 36 сантиметр мебошад.
Номаи дарози дигар аз Ҳусайн Муҳаммад Деҳқонӣ аст, ки ҷавоб ба мактуби гилаомези рафиқаш мебошад. Деҳқонӣ ин номаро дар 13 моҳу 4 соат навиштааст. Мактуби ӯ шакли баёнотро дошта, 150 метр дарозӣ ва 2 килограмм вазн дошт.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


ҲОЛДЕЙН ВА ОЗМОИШҲОИ ҒАЙРИОДИИ Ӯ
Чуноне маълум аст, баъзе  аз ашхоси  шинохтаву машҳур хулқу атвори ба худ хосу аҷиб доранд. Қаҳрамони мо биологи маъруфи ҷаҳон Ҷон Бёрдон Сандерсон Ҳолдейн низ аз ин зумра аст.  Ӯ,  махсусан, ба гузарондани ҳар гуна озмоишҳо майлу рағбати зиёд дошт. Масалан, вай боре барои фаҳмидани таъсири кислотаи хлорид ба организм, як шишаи онро менӯшад. Аммо чун мебинад, ки ягон чизи фавқулодае рух намедиҳад, пас аз чанд рӯз як  миқдор хлориди калсийро, ки метавонист боиси маргаш шавад, истеъмол мекунад. Ҳолдейн  танҳо ба дарунравии сахт гирифтор гашта, хушбахтона, ҷон ба саломат мебарад.
Аҷибаш он аст, ки ӯ озмоишҳоро на танҳо дар худ, балки дар дигарон низ мегузаронд. Боре, дар донишгоҳ, ҳангоми гузаштани дарс оид ба хатарнокии газҳо, ба лампаи карасинии фурӯзон як қошуқ қаланфури суда мерезад. Дар натиҷа, синфхонаро дуди ғализе фаро мегирад ва донишҷӯён сулфазанону осемасар ба берун мешитобанд. Аз ин рафтори онҳо Ҳолдейн ба шӯр омада, нидо мебарорад: «Агар шумо тоқати озмоиш надошта бошед, пас дар ҳолати воқеан сар задани чунин ҳодисаҳо чӣ хоҳед кард?». 
Таҳияи Ш. ШОКИР


ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.

МОҲИГИРӢ
Ду бародар, ду писар ва ду ҷиян ба шикори моҳӣ баромаданд. Бародари калонӣ: «Ман ба шумо моҳӣ доштанро нишон медиҳам», - гуфта, 18 - то моҳӣ дошт.
Ба шасти дигарон ба миқдори баробар моҳӣ афтид. Дар маҷмӯъ, шумораи моҳиҳо 78 - то бошад, чанд нафар ба моҳигирӣ рафта, чандтоӣ моҳӣ доштанд?
Масъули гӯша Зулола БОБОРАҶАБОВА


РОҲҲОИ ХАТАРНОКТАРИНИ ҶАҲОН
Роҳҳои хатарноктарини ҷаҳон манзараи ҳайратангезро мемонанд. Вақте ки канори ҷарӣ бо мошин ҳаракат мекунед шахсро, чунин ҳиссиёте фаро мегирад, ки метавон онро ба ҷаҳиш аз парашют монанд кард.

1. Роҳи атлантик дар Норвегия
Роҳи нодире мебошад, ки барои сайёҳон дар Норвегия сохта шудааст. Роҳи атлантик ҷазираҳои хурдро дар уқёнуси Атлантика пайваст мекунад. 
Манзараҳои муъҷизаноке, ки ба чашм намудор мешаванд, набояд диққатро аз ҳифзи бехатарии шахсӣ дур кунанд. Гап сари он аст, ки дар ин ҷо хавфи автомобилро шуста ба уқёнус бурдани мавҷи азим ҳамеша таҳдид менамояд.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН


«ИН ҲАМ МЕГУЗАРАД»
Мардеро дидам, ки либосҳои гаронқимат бар тан дошт ва ҳам аз он далолат мекарданд, ки   давлату сарвати боарзише дорад. Вале аҷиб, ӯ ба девори рӯ ба рӯ будааш менигаристу мегирист. Чун таваҷҷуҳ кардам, дар он девор чунин навиштаеро хондам: «Ин ҳам мегузарад». Сабаби гиряашро пурсидам ва низ ҳикмати навиштаро. Гуфт: «Ман чанд сол пеш дар ин макон чизҳои камарзишу нокораеро мефурӯхтам. Барои тасаллои рӯзгори бади худ чунин ҷумларо дар он вақт навишта будам. Ва ҳоло, ки соҳиби моли дунёиям, онро боз, аз нав навиштам. Оре: «Ин ҳам мегузарад».
Таҳияи Зебунисо ҲАМИДЗОДА,
донишҷӯи Донишкадаи давлатии
забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода


КУЛОҲИ ҲАНС
Таври маълум, нависандаи маъруфи даниягӣ Ҳанс Кристиан Андерсон ба зоҳири худ хеле кам аҳамият медод. Ҳар вақте ки ӯро дар кӯчаҳои Копенгаген медиданд, кулоҳи куҳнаву боронии рангпаридае дошт. Боре, марди олуфтае, ки аз афташ Ҳансро намешинохт, ба ӯ наздик шуда, писханд мезанад:
- Лутфан, мегуфтед, ки латтапораи куҳнаеро, ки дар сар доред, оё метавон кулоҳ ном бурд?
Нависандаи маъруф бе он ки дар хиҷолат монданашро ошкор намояд, бадеҳатан мегӯяд:
- Магар гунбази курашаклу пӯсидаеро, ки шумо зери кулоҳи гаронбаҳо пинҳон медоред, калла номидан мумкин аст?
Аз русӣ тарҷумаи М. ОДИНАЕВА


ЗАХИРАИ НАФТ ДАР ҶАҲОН
Баъзан моро аз кам мондани захираҳои нафт метарсонанд. Аммо тавре аз маълумотҳои муътамад маълум мешавад, захираи он чандон кам ҳам набудааст. Коршиносон иттилоъ медиҳанд, ки захираҳои он дар чунин ҳаҷм боқӣ мондааст (миллиард баррел).
Венесуэла – 300,9
Арабистони Саудӣ – 266,4
Канада – 169,7
Эрон – 158,4
Ироқ – 142,5
Кувайт – 101,5
Амороти Муттаҳидаи Араб – 97,8
Россия – 80
Либия – 48
Нигерия – 37,1
ИМА – 35
Қазоқистон – 30
Чин – 25,6
Қатар – 25,2
Бразилия – 13
Алҷазоир – 12,2
Таҳияи Умар АЛӢ


5 иншооти бузурги ғайриодӣ
Кӯҳҳои сунъӣ
Журналисти нидерландӣ Тейс Зонневелд боре бо шӯхӣ гуфта буд, ки заминҳои Ҳолланд ҳамвор асту моро зарур меояд, ки  кӯҳҳои бузургро худамон бунёд созем. Ин идеяи ғайриинтизор ба бисёриҳо писанд афтод. Акнун ҳолландиҳо кӯҳеро бо баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр сохтан мехоҳанд, ки ҳамчун мавзеи истироҳатӣ ва тамрини варзишгарон истифода шавад.
Таҳияи Комрон САФАР


ГАНҶИ ШОЙГОНИ КИШТИҲОИ ҒАРҚШУДА
Садамаи киштии S.S. Central America
Сафинаи мазкур, ки 15 тонна тилло мекашонд, моҳи сентябри соли 1857 ҳангоми тӯфон ғарқ гашт. Онро соли 1988 ошкор карда, дертар берун оварданд. Баъди ин 39 ширкати суғуртавӣ даъво намуд, ки бинобар дар асри XIX зарар диданаш ба ин тиллои беруноварда ҳақ дорад. Муборизаи шадиди судӣ то дер давом ёфт. Ниҳоят 92 дарсади тилло ба дастаи кашшофон расид. Яке аз сабиқаҳои тиллои пайдокарда $8 миллион ба фурӯш рафт, ки он замон ин нархи рекордӣ буд. Дар маҷмӯъ, тиллои аз киштӣ дарёфтшуда $150 миллион арзиш дорад.
Тарҷумаи Хуршеди ҶОВИД


10 КИШВАРИ  сертамошобини  дунё
10. РОССИЯ
Солҳои охир давлати бузурги Россия ба рӯйхати даҳгонаи давлатҳои тамошобоби олам шомил гардида, ҳамасола 29,8 миллион сайёҳ аз он  дидан мекунад. Айни замон, дар ҳайати Россия 26 объекте мавҷуд аст, ки ба мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардидаанд. Соҳилҳои баҳри Сиёҳ, кӯли Байкал, вулқонҳои Камчатка ва кӯҳҳои барфпӯши Олтой ҳамагӣ қисмате аз ҳазорон ҷойҳои машҳуру диданибоби он ба шумор мераванд.
 Бузургшаҳрҳои Россия - Москва, Санкт – Петербург ва ғайраҳо мебошанд, ки ҳар кадоме бо таъриху маданияти хеш аз ҳам фарқ мекунанд. Майдони Сурх ва Қасри Кремл бо манораи Спаская – соати асосии Россия, ки дар шаҳри Москва бунёд ёфтааст, чун рамзи асосии давлати рус эътироф гардидаанд.
Шаҳри Новгородро осорхонашаҳр дар зери осмони соф меноманд. Аввалин чизе, ки диққати бинандаро ин ҷо ба худ ҷалб мекунад калисои қадимаи шаҳр мебошад, ки бо санъати баланд сохта шудааст. Россияро давлати қадима эътироф кардаанд. 
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


БОНУВОНИ САРВАТМАНДИ ДУНЁ
ЭЛИС УОЛТОН
Ин бонуи амрикоӣ 67 - сола дар ҳисоби худ, 38, 7  миллиард доллар маблағ дорад. Дороӣ падараш ӯро 2 - юмин зани сарватманди ҷаҳон гардонд.
Падараш – Сэм  Уолтон  ширкати  «Wal – Mart» - ро таъсис дода буд. Баъди падар Элис роҳбари ширкат шуд. Аммо ӯ ба шуғлҳои тиҷоратию иқтисодӣ чандон рағбат надошт, баръакс, бештар санъатро дӯст медошт. Маблағҳои гаронро барои харидани ашёи нодири бостонӣ сарф кард. Соли 2011 осорхонаи шахсии хешро дар иёлати Арканзаси ИМА бунёд намуд. Ҳоло аз зумраи бонуҳоест, ки дар тамоми чорабиниҳои сатҳи баланд иштирок мекунад ва чун шахси фарҳангию фарҳехта шинохта шудааст.
Таҳияи  Иронбӣ МӮСОЗОДА


МАҲРУМИЯТИ АБАДӢ АЗ БОЗИИ ФУТБОЛ КӢ ВА БАРОИ ЧӢ ЧУНИН МУҶОЗОТ ШУД?
3. Рикардо Феррейра
Ҷазои тӯлонитарини маҳрумият аз футбол (50 сол) насиби футболбози португалитабори Швейтсария гардид. Феррейра дар майдони футбол ҳеҷ гоҳ худро дошта наметавонист, сабру таҳаммул надошт. Ҳангоми дар дивизиони чоруми футболи Швейтсария бозӣ кардан ҳамеша аз майдон хориҷаш менамуданд ва ҷазои интизомиаш медоданд. Вале, ҳолате, ки бо бутилка ба довари майдон дарафтод ва моеи онро ба сару рӯйи ӯ рехт тоқатовару бахшиданӣ набуд. Пас аз ин ҳодиса, Федератсияи футболи Швейтсария Феррейраро аз бозии футбол ва фаъолияти тамринӣ ба муддати 50 сол маҳрум кард.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
Мусофири бе чипта
Воқеан ҳам, сарнишини тайёра, ки аз Хараре (Зимбабве) ба Лондон мепарид, сахт тарсид, вақте ки ногаҳон ба сари зонуяш гурбае ҷаҳида баромад. «Бе чипта» ноаён аз сарҳади гумрукии африқоӣ убур намуда, дар кабинаи тайёраи Зимбабве пинҳон шудааст.  Проблема бошад, дар Лондон сар зад: аз рӯи қонунгузории Англия гурба танҳо баъд аз гузаштани карантини 15 - рӯза метавонист ба ин мамлакат «қадам ранҷа намояд». Сарнишин наметавонист дар Лондон зиёд таваққуф намояд ва ҳам намехост гурбаро бе нигаҳбон монад. Аз ин рӯ, сарнишин мошонро то Хараре бо худ гирифта, дар ин ҷо онро ба «хонаи ҳайвоноти бесарпаноҳ» супурд. Баъди 3 рӯз, вақте ки вай ба Лондон мепарид, спектакл аз нав ба саҳна гузошта шуд. Баъди 20 дақиқаи парвоз ҳамон гурба боз дар рӯи зонуи сарнишин ҷой гирифт. Вай ин дафъа низ аз хати гумрукӣ ноаён гузашта «бе чипта» ба тайёра нишастааст. Мошон то Лондон парид ва боз ба Зимбабве баргашт.
Қурбон МАДАЛИЕВ,  тарҷума аз русӣ


БОСУРЪАТТАРИН АВТОМОБИЛҲОИ ДУНЁ
Мошинҳоро аз бисёр ҷиҳат метавон қиёс кард. Масалан, аз рӯи сарфи сӯзишворӣ ё худ нарх. Аммо, қадру қимати “аспи оҳанин” низ, пеш аз ҳама, ба суръаташ вобаста аст. Аз ин рӯ, “Шоми шанбе” бо назардошти миёни ҳаводоронаш зиёд будани дӯстдорони “саманди бодпо” қарор дод, ки боз як ТОП - 10: “БОСУРЪАТТАРИН АВТОМОБИЛҲОИ ДУНЁ” - ро манзур созад. “Даҳгона” ғайричашмдошт баромад: дар он автомобилҳое кам нестанд, ки оммаи васеъ хуб намешиносад. Бо вуҷуди шуҳрати ҷаҳонӣ доштан, мошинҳои ҷопонӣ ба рейтинги мазкур роҳ ёфта натавонистанд. Дар сархат ҷой гирифтани мошини шведҳоро бошад, касе чашмдошт набуд. Дар маҷмӯъ, рейтинг пештозии амрикоиҳо, итолиёиҳо ва британиҳоро нишон медиҳад.

10. Lamborghini Aventador (350 км/с)
Lamborghini Aventador воқеан ҳам,  аз босуръаттарин автомобилҳои замони муосир аст. Дар ин мошини итолиёӣ муҳаррики 6,5 - литраи 12 силиндра насб шудааст. Иқтидори муҳаррики “Авентадор” 700 қувваи асп мебошад.
Баландтарин суръати расман қайдшудаи суперкар – 350 километр дар як соат аст. Аммо, соли 2011 нашрияи «Sport Auto» суръати онро ба 370 км/с расонда тавониста буд.
Ҳамагӣ 4000 адад Lamborghini Aventador бароварда мешавад, ки нархи ҳар кадом тақрибан 350 ҳазор доллари амрикоӣ аст.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.11.2018    №: 214    Мутолиа карданд: 468
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед